Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо тарзу воситаҳои техникӣ ба роҳ монда шуда, омӯзгорону устодон вобаста ба тақозои замон мекӯшанд, то шогирдонашон ин забонҳоро ба таври мукаммал ва ҳамаҷониба аз худ намоянд. Тавре ки маълум аст, Ҳукумати Ҷумхурӣ низ дар иртибот ба беҳтар роҳандозӣ намудани таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар чанд марҳилаи барномаҳои махсуси давлатиро қабул ва тасдиқ кардааст. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ ба таври ҳамешагӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта ,Сарвари давлат дар ҳар як суханрониашон вобаста ба беҳтар гардидани сатҳи таълиму тарбия, дар дараҷаи созгор ба замони муосир аз худ кардани забонҳои русӣ ва англисӣ ба таври   махсус таъкид менамоянд.

Вобаста ба дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлаи ҷиҳати самаранок омӯзонидани забони русӣ ва англисӣ бо иқдоми кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳафтаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баргузор гардид. Мақсад аз гузаронидани ин хафта, дар донишҷӯён бедор намудани шавқу ҳавас ба омӯзиши забонҳои ҳориҷӣ  буд. Барои шавқовар ва рангин гузаронидани ин хафта мо - омӯзгорон гузаронидани ҳар гуна озмуну  викторинаҳоро ба нақша гирифтем. Донишҷӯёнро бо дастовардҳои  илмӣ,  китобҳои дарсии устодони кафедра мусаллаҳ намудем. Инчунин толори факултетро бо газетаҳои деворӣ, ки аз тарафи донишҷӯён омода карда, оро дода шуд. Газетаҳои девории мазкур бо забонҳои русӣ ва англисӣ буда, онҳо бахшида ба мавзуъҳои: “Лексика ва фразеология” Тоҷикистон-Ватани ман, Англия, кроссвордҳо, зарбулмасалҳо, Нишон ва парчами Тоҷикистон ва ғайра буданд.  Ҳамчунин мизҳо бо ҳар гуна    таомҳои миллии русиву аврупоӣ ба намоиш гузошта шуд.

 Дар давоми ҳафта тибқи нақша озмунҳою викторинаҳо гузаронида шуд. Дар маросими кушодашавии ҳафта муовини директори  донишкада  оид ба илм ва инноватсия Ахмедов У.Ҳ., мудири шуъбаи таълими  Исломов И.И., декани факултет Раупов К.С. ҷонишинҳои декан ва инчунин  омӯзгорон низ иштирок намуданд. Дар баромади худ Ахмедов У.Ҳ. қайд гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро тамоми давлатҳои дунё ҳамчун ҷумҳурии комилҳуқуқ, соҳибихтиёр, дорои фарҳанги воло, давлати пешрафта шинохта, онро эътироф карданд. Маҳз забону фарҳанги мост, ки ҷаҳониён миллати моро ба хубӣ шинохтанд. Аз ин рӯ рисолати ҳар як ҷавони бонангу ор он аст, ки ду ё се забон хориҷиро аз бар намояд.  

Донишҷӯёни гуруҳи 1.25.01.07 ра бо  барномаи адабӣ-мусиқӣ, бахшида ба санаҳои таърихӣ – ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи Модар бо забонҳои хориҷӣ шеърҳо қироат намуданд. Сипас меҳмонон, роҳбарияти донишкада аз тамошои дастовардҳои омӯзгорон, корҳои эҷодии донишҷӯён шинос шуда,  таомҳои миллии русҳо ва англисҳои пешкаш гардидаро чашиданд. Дар озмунҳои” Шеърхони беҳтарин” “Диктанти беҳтарин”, викторинаи  “Ҳаёт ва эҷодиёти шоирону нависандагони рус” ва “Ҳаёт ва эҷодиёти  нависандаи англис В.Шекспир” наздикии 100 нафар

      Хафтаи забонҳои русӣ ва англисӣ хеле хотирмон гузашта, дар дили хамаи иштирокчиён ва ҳамаи ҳозирин нақши муҳаббат ба забономӯзии забонҳои хориҷӣ ва адабиёти рус ва англис ҷой гирифт. Омӯзгорони кафедраи забонҳо тасмим гирифтанд, ки дар оянда чунин чорабиниҳо ҳар сол гузаронида шуда,  сафи иштирокчиён зиёд шаванд.

 

Ахмедова Нусратхон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд