Саломатии инсон неъмати олии ҷудонопазири инсон аст, хусусан ба воя расонидани насли солим дар пешравии давлат нақши муҳим дорад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ баён намуда буданд “ Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”.

  

Бо суръати баланди инкишофи техникаву технологияи ҳозиразамон мушкилоти як қишри ҷомеа бар канор карда шуд. Техникаву технологияи ҳозиразамон тавонист диққати тамоми аҳолиро ба худ ҷалб карда, мардум ба кулли барои осоиши кор, гирифтани  иттилооти хуб, истироҳати бофароғат аз онҳо истифода мебаранд, яке аз чунин эҷоди инсони телефони мобилӣ мебошад, ки ҳам усули мусбӣ ва ҳам усули манфии худро дорад. Дар замони муосир телефонҳои мобилӣ як ҷузъи ҷудонопазири зиндагии мо гардидаанд.

Бо кумаки онҳо ҳамеша ба нафароне, ки ба мо наздиканд, дар алоқа шуда, новобаста аз он ки ӯ дар кадом гӯшаи дунё қарор дорад, тамос гирифта метавонем. Аммо ба ин нигоҳ накарда, телефонҳо хусусиятҳои зарарасонӣ дошта, оҳиста-оҳиста ба саломатии инсон зарар мерасонанд. Тавре мушоҳида мегардад, коргарон, донишҷӯён, мактаббачагон ва ҳатто пиронсолону кӯдакон имрӯз аз телефони мобилӣ васеъ истифода бурда, баъзеҳо бо худ ду ва зиёда телефони мобилиро ҳамроҳ доранд.

 Телефонҳои муосир вазифаи МР3-плеер, компютер, дастгоҳи аккосӣ, камераи сабт ва ғайраро иҷро намуда, мушкилоти одамонро осон мегардонанд, вале мардум оид ба он ки телефон ба саломатии онҳо зарар дорад, камтар фикр мекунанд.

Дар мавриди зарари телефони мобилӣ бояд қайд намуд, ки истифодаи аз меъёр зиёди он шахсро ба заъфи асаб гирифтор намуда, мавҷи нурҳои электромагнитии он оҳиста – оҳиста ба одам таъсири худро мерасонад.

Имрӯз кӯдакони хурдсол ва мактаббачагон низ аз телефонҳои мобилӣ ва планшет истифода мебаранд. Онҳо телефону планшетро на танҳо чун воситаи гуфтугӯ, балки бештар барои бозӣ истифода мебаранд, ки он ба хирашавии чашм оварда мерасонад. Олимони Аврупо қайд намудаанд, ки организми кӯдак ҳангоми истифодаи телефонҳои мобилӣ бештар аз калонсолон зарар мебинад. Кӯдак зуд хаста шуда, рӯҳияаш ноустувор мегардад, дар натиҷа зуд асабонӣ ва бадмуомила мешавад.

Истифодаи ҳар як техника қоида ва меъёри муайян дорад.

-  бе зарурат набояд аз телефони мобилӣ истифода кард;

-  истифодаи ками телефон ба фоидаи саломатии инсон аст;

-  дар хона ва ё корхона бояд аз телефони одии симдор истифода намуд;

-  истифодаи телефонҳои мобилӣ барои кӯдакон ва наврасони то 16 сола бояд маҳдуд карда шавад;

- ҳар чӣ камтар бо телефон гуфтугу намоем ва ё гӯшакҳои бесимро истифода намоем, аз рӯи имконият аз алоқаи овоздор истифода барем;

- кӯшиш намоем телефонро камтар дар ҷайбамон гузорем, беҳтараш онро дар сумка нигоҳ дорем;

- дар хона онро дар масофаи 65-70 см аз худ дур гузорем, хусусан ҳангоми хоб ин хеле мӯҳим аст;

- ҳангоми гуфтугӯ асбобро бо се ангушт ва ҳатман аз қисми поёниаш доштан зарур аст. Агар телефонро бо мушт дорем, тавоноии асбоб тақрибан 70 дарсад меафзояд ва шуоъафкании он низ зиёд мешавад.

 

Абдусамад Назаров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд