Сабақи таърихии солҳои 90-уми асри сипаришуда то ҳол асари хешро дар хотираи мардум боқӣ гузошта, аз ҷиҳати равонӣ ба руҳияи ҷомеа таъсири амиқ гузоштааст.   

Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои хешро дар арсаи байналхалқӣ устуворона гузошта, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри ободонӣ ва суботи ҷумҳурӣ  ҳар чӣ бештар камари ҳиммат бандад. Халқи тоҷик дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, дар осмони софу беғубори кишвар бо меҳнати софдилона пайи меҳнати ҳалоланд ва ин ҳамдилӣ аз ваҳдату ягонагии тоҷику тоҷикистониён дарак медиҳад.

     Фаъолияти ғайрисозанда, иғвоангезанда ва ғаразҳои таҳрибкорона ва экстремистии  бархе аз чеҳраҳои ба қавли ношукурбандаҳо аз ҷониби тамоми ҷавонон маҳкум карда мешавад ва тарафдори ҷиддии қатъ карда шудани фаъолияти чунин ашхосон ба монанди хиёнаткоронанд.  Ин ҷо нуқтаи асосиеро бояд тазаккур дод, ки  фаъолияти носозгори як қабил ифротиён замоне мардумони бегуноҳеро ба таҳлука овард. Ҳолатҳоеро дучор гардиданд, ки мардумони бечора ва бегуноҳ аз рўи ин бадтинатон барои бурдаи нон дар навбат меистоданд ва шумораи зиёди модароне дар ҳасрати ҷигарбандони гумкардаашон ғам мехӯранд. Ҳамаи ин ҳодисаҳои даҳшатовар ба ҳеҷ ваҷҳ зи хотираҳо зудуда нахоҳад гашт, зеро фаъолияти амалҳои ифротгароёнаи баъзе аз нафарони хиёнаткор имрӯз низ боиси ташвиши ҷомеаи муосир гаштааст.

Бо вуҷуди он ки дар мамлакати мо сулҳу субот ва ороми ҳукмфармост, холатҳоеро вохўрда истодаем, ки барои вайрон намудани фазои истиқлолият қавваҳои бегона истифода шуда истодаанд. Ҳар кадоме аз он нафарони бадкирдор, ки қасди талаф додани сулҳу моро мекунад, бояд донад, ки ин мустақилӣ ба осонӣ ба даст наомаддаст, ки чунин ба осонӣ аз даст равад. Барои он ки ба мо имруз дурахшон фароҳам ояд ҷони ҳазорон абармардони далеру ҷасур нисор гардиддаст. Аз ин хотир ба ҳамаи ҷавонони саодатманди диёр даъват ба амал меорам, ки барои пос доштани номи ниёгон номи ононе, ки имруз ва фардои моро бо диловариву шуҷоати хеш равшан намуданд, талош варзанд то вориси арзандаи эшон бигарданд ва барои шукуфоии милатамон ташаббусҳои созандаро ба нафъи миллату давлат амалӣ гардонида, саҳме гирифта бошанд, ки ҳамеша Тоҷикистон чун давлати соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг дар миёни дигар давлатҳои пешқадам арзи ҳастӣ намояд.

Шахсан камина ба хотири тақвияти дониш, сафедро аз сиёҳ фарқ кардан зиёд ба расонаҳои хабарӣ таваҷҷуҳ дорам. Вақтҳои охир гурӯҳе бо номи “Озодандешон” ва ҳизби мамнӯи ҲНИ, ки рисолату моҳияташ ба ҳамагон аён аст, мехоҳанд бо оддитарин камбудӣ санг ҷониби давлат партояд. Ман шахсан мавҷуд будани рақобати сиёсиро қабул дорам. Аммо рақобат солим бошад. Ба фаъолияти дигар ҳизбҳои сиёсии пешрафтаи олам дида медӯзаму ба худ савол медиҳам, ки чаро ҲНИ миёни мардум маҳбубият пайдо накард. Чаро кам касон аз рисолати ҳизбии онҳо бо некӣ ёд меорад. Чаро Кабириро чун олими тавоно васф намекунанд, чаро ҳизбе, ки ба он исломро рабт доданд ба умқи дили мардум роҳ наёфт. Посухи ҳамаи ин саволҳоро дар намоиши видеоии “Решаҳои ноайён” ва “Бозгашт аз ҷаҳаннам” дарёфтам. Саидқиёмиддин Ғозӣ ва Аёмиддин Сатторов дар гузаштаи наздик аз афроди наздик ба роҳбарияти олии ин ҳизб буданд. Ва ман то ҷое аз рисолати онҳо дарак доштам. Пештар низ онҳоро чун шахсиятҳои калидӣ мешинохтам. Зеро дар мубоҳисаҳои сиёсии ҳизбҳои амалкунада дар вилояти Суғд, ки бо иқдоми САҲА  ширкат меварзидам. Роҳбари бахши дар вилоят будаи ҲНИ Наим Самиев аз ин нафарон ёд меовард. Вақте ин нафарон аз амали худ пушаймонӣ изҳор намуданд, чи ҷои ҳоҷат ба дигарон аст. Пас наҳзатиён  бо баҳонаи дигаре ба ҷузъ сиёҳкунии давлат дар мавриди маҳбусон наёфтанд. Аслан роҳбарони ҳизб худ амали ноҷавонмардона намуданд. Агар онҳо бегуноҳ мебуданд, барои ҳимояи онҳо дар Ватани хеш мубориза мебурданд, на ин ки мисли рӯбоҳ дум хода намуда, имрӯз бо роҳнамоии хоҷагони эронии худ дар Варшававу Дормунт пикетҳои сохта ташкил намекарданд.

Ҳаволаи ин масхарабозон ба Худост. Давлати тоҷикон такя ба миллати соҳибхиради худ дорад. Дасти тавонои давлат дар ҳамбастагист ва ин тифоқӣ ҳаргиз завол намеёбад.  

Анвар Ҳоҷиев,

номзади илмҳои техникӣ, дотсент,

устоди кафедраи таъминоти барқи ДПДТТ,

собиқадори меҳнат