Мо дар остонаи бисёр ҳам ҷашни барои халқи тоҷик азизу муътабар – солгарди Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қарор дорем. Мусаллам аст, ки аз нигоҳи имрӯза ба ин рӯйдоди муҳим дида дӯхтанд, хулосаи амиқ баровардан ва  онро ба насли имрӯза фаҳмонидан рисолати мо – насли калонсол маҳсуб мешавад. Зеро ҳамаи мо хуб медонем, ки маҳз холӣ мондани фазои сиёсӣ, ноогоҳии ҷавонон аз оқибатҳои  шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳо Тоҷикистонро ба кадом вартаи ҳалокатбор овард. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо айби хоҷагони беруна тарроҳӣ шуда буд, ба Тоҷикистони тозаистиқлол хисороти калони моддиву маънавӣ расонид. Ҷони ҳазорҳо нафар бегуноҳон гирифта шуд. Мамлакат дар ҳоли нобудшавӣ қарор дошт. Дар ин марҳилаи ҳассос ҳизбу ҷунбишҳои гуногун арзи ҳастӣ карда,  фазои холиро моҳирона истифода бурданд. Махсусан он нафароне, ки динро яроқи асосии худ медонистанд, бо истифода аз эҳсоси динӣ шогирдони дар мактабҳои динӣ таҳсилмекардаи худро ба майдонҳо кашиданд. Дар натиҷа низоъ бархост.

Дар вазъияти буҳрони сиёсӣ, аз ҷумла беҳокимиятиву бенизомӣ, мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ягона ва тозаистиқлол хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Дар чунин вазъияти ҳасос бояд Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ баргузор мегардид ва фақат қарорҳои созандаи он метавонист ватанамонро наҷот диҳад. Бо гузашти солҳо метавон гуфт, ки вакилони мардумӣ – иштирокчиёни иҷлосияи 16 –ум аз иҷрои ин вазифаи худ сарбаландона баромаданд. Иҷлосия аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 давом ёфта, дар кори он аз 222 вакил 197 нафар иштирок намуд ва дар он 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид. 19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд.

Оғози кори Иҷлосия ибтидои умеду дилпурии мардуми Тоҷикистон буд ва дар ҳақиқат гузашти вақт собит намуд, ки вакилони Шӯрои Олӣ дар ин Иҷлосияи таърихиву тақдирсоз зарурат ва аҳамияти нигоҳдории якпорчагии давлат ва ягонагии миллати тоҷикро ҷиддан дарк мекарданд. Мардуми Тоҷикистон низ аз онҳо ҷиҳати аз буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ баровардани мамлакат иродаи мустаҳками сиёсӣ, заковат ва ғайрату матонатро интизор буданд. Вакилони халқ бо қабули қарорҳои воқеан ҳаётӣ собит намуданд, ки онҳо ҷонибдори истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободиву рушди ояндаи он мебошанд.

Воқеан, ин Иҷлосия дар рушд ва таҳкими давлатдории навину истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостонӣ, амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсӣ, хуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ асос гузошт.

Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ин солҳо ва лаҳзаҳои тақдирсоз,  ҳамчун сиёсатмадори ҷасуру далер амал карда, аз рӯи хиради азалии халқи тоҷик ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ, иқтисодӣ ва ба даст овардани сулҳу суботи сартосарӣ ҷонфидоӣ намуданд.

Имрӯз душманони миллат дар хориҷи кишвар истода санги маломат рӯй ҷониби давлат ва Ҳукумат мезананд. Онҳо аз берун истода фикрҳои мардумро вайрон мекунанд. Таълимоти ғайрирасмии диниро боз миёни наврасон зиёд карда истодаанд. Сафи ҷавонони ба ҷангҳои Сурия мерафта зиёд шуда истодааст. Мо бояд ҳамон тавре, ки Сарвари давлат баён доштанд, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст набояд диҳем. Танҳо барои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳи сар то сарӣ кӯшиш намоем.

Рухшона Аминҷонова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд