Миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо арзи ҳастӣ намудааст, имрӯз низ мақому манзалати хешро дар байни дигар давлатҳо, дар арсаҳои баландпояи ҷаҳонӣ муаррифӣ  менамояд. Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон чун ба маънои томи худ тоҷдор бо халқу мардуми куҳантамаддунаш  бо пояҳои устувору мустаҳкам ҷовидона боқӣ мемонад.

Мусаллам аст, ки дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо бисёр миллату халқиятҳо арзишҳои миллии худро гум намуда, дар натиҷаи нофаҳмию нобасомониҳо сол аз сол амнияти сиёсии худро аз даст дода истодаанд. Ин ҷо мехоҳам бобати ун нафаронеро, ки ба монанди масале “аз пашша фил сохта”, вазъиятро муташанниҷ сохтанианд, гуфтаниам ба ин миллат бо чашми хирад ва  инсонвор нигоҳ кунед. Дар ҳақиқат ин хабарпаҳнкунандагони “кунҷкоб” таҳти фармони кадоме аз мухолифони Ватан масъалаву муаммоҳои дохили кишварро бо муҳобот паём доданианд. Гумон накунед, ки бо нашру паҳни ин хабарҳо мақоми наҷиберо пайдо месозед ё аз худ ҳақиқатҷӯ метарошед. Агар хабарнигорони воқеӣ мебудед, ё худ кадом муаллифи беандеша, ин сомона ин гуфтааст, дигараш вай гуфтааст, сеюмин он гуфтааст нагуфта асли матлабро меёфтед.

Дар иншои ин баёния назара бар он ду мақолоте, ки аз ҷониби расонаи хабарӣ “Ахбор” расонаи гашттааст, ки Аввалин эътирофи мақоми расмии ҳукумат ба куштор дар зиндон ва Зорро рафт. Алъон танҳо ба нафақа”. Фаҳмидан мушкил аст, дар асл ин чӣ намуд кор аст, ки он нафаре мавриди ошӯби зиндони шаҳри Хуҷанд таҳқиқот гузаронида, ҳақиқатро дидааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин (Аслов), ки дар як нишасти матбуотӣ барои иштирок дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вуҷуди куштор дар зиндони Хуҷанд эътироф кардааст.

Сироҷиддин Муҳриддин изҳор намудааст, ки паи ин ҳаводис 21 нафар кушта шудаанд, инчунин аз вазъи захмиён низ баён кардааст. Вале муаллифи вокуниш инҳоро рад мекунад, ин дар ҳолест, ки аз ҷараёни исёни ошӯб чизеро намедонад. Ин нафари камандеша баён кардааст, ки ин расона он гуфту дигараш дигар гуфт. Ва бо далели он,  ки нафаре гӯё рӯйхати кушташудагонро дида бошад, идао намудааст, ки теъдоди ҳалокшудагон 50 – нафарро ташкил медиҳад.

Хуб! Ба он муболиғоти дар боло зикр шуда сарфи назар. Чи ин қадар дар масъалаи Иззатуло Шарифзода мисли кана часпида гирифтед. Магар хабарнигорони “донанда” чизеро намедонанд? Давлат қоидаву қонунияти худро дорад ва даар назди ин қонун  ҳама баробар аст новобаста аз шахсияту ҳуввияту мансаб. Аз ин ҷост, ки агар Иззатулло Шарифзода муҷрим ба он камбуддиҳое, ки баён намудед дониста мешуд, пас ӯро бо далели он, ки қонунвайрон кардааст, зиндонӣ мекарданд на ба нафақа равон мегардид.

Билохира масъалае, ки кадоме ба истеъфо рафтаву кадоме навтаъин гаштааст, вазифаи давлату Ҳукумат аст. Бо ин ки дар вокуниш аз духтарони Пешвои миллат аз дифоъи Шарифзода сухан кардед, барои бардоштатон “аҳсант” зеро ба ҳамон гуфтаҳоятон ба фикрам худ бовар намекунед. Ин навишаҳои бӯҳтонангез ва муғризона ягон асоси воқеӣ надоранд.  Тавсияи ман барои шумобарин фармонбардорони мухолифону хиёнаткорони Ватан ин аст, ки агар пушти мавзӯеро бо фармони раисони нотавонатон, пайгирӣ мекарда бошед, кӯшиш кунед, актуалӣ бошад. Боре худ фикр кунед, ки мардум оё ба он нафаре, ки ҳақиқатро аниқ карда сухан гуфтааст бовар мекунад ё ба гапчинакҳо?

Қаҳҳор Бӯриев, номзади илмҳои математика,

устоди кафедраи матемматикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд