Коррупсия маҳфуми лотинӣ буда, дар ибтидо амалҳои ашхосеро ифода мекард, ки ҳадафашон “вайрон сохтан”, “халал расонидан” ба рафти муътадили мурофиаи судӣ ё раванди идоракунӣ ба корҳои ҷомеа буд. Минбаъд зери мафҳуми “коррупсия” харидан ва додани пора ба шахсони мансабдор, арбобони ин ҷамъиятию сиёсӣ ва хизматчиёни давлатӣ, фурӯхташавандагии амалдорон, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020 таърифи коррупсияро бо мазмуни зерин ифода намудааст: Кирдоре, ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои манфиати худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба суюъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ.

Одатан дар урфият зери мафҳуми “коррупсия” танҳо порагирӣ фаҳмида мешавад, аммо ин зуҳуроти номатлуб шакл ва тарзҳои гуногуни зоҳиршавии худро дорад. Масалан, он дар истифодаи аз меъёр зиёд пешбинигардидаи ҳокимият, истифода ё ғайриқонунӣ додани афзалият ҳангоми тақсимоти неъматҳои моддӣ, азхуд кардан ё тороҷ сохтани амволи боваркардашуда, сохтакории хидматӣ, ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани монеаҳо ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар амалисозии ҳуқуқу манфиатҳояшон, ошнобозӣ, протексионизм, хешутаборчигӣ дахолат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, маҳдудсозии рақобат ва ғайраҳо падидор мегардад.

Коррупсия чун зуҳуроти таърихӣ, иҷтимоӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ сабабҳои зиёди пайдоиш дорад ва яке аз онҳо якҷояшавии ҳокимият бо иктисодиёт мебошад, ки миллату давлати мо низ дар таърихи мавҷудияти худ онро паси сар намудааст. Он дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ боз ҳам амиқтар гузашта буд, чун имконияти дахолати давлатӣ ба равандҳои иқтисоди барои салоҳиятҳои маъмурӣ гирифтани фоидаи шахси ҳамеша шароитҳои муносибро ба хизматчии давлатӣ фароҳам меоварад. Аз ин рӯ, яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳоти низоми идоракунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кам кардани шумораи вазоратҳо, муттаҳидсозии функсияҳо, таҷдиди назари салоҳиятҳои онҳо, маҳдуд кардани дахолати давлат ба иқтисодиёт мебошад.

Сабаби дигаре, ки барои коррупсия заминаҳои мусоид фароҳам меоварад, ин шаклҳои нави бозории батанзимдарорандаи давлатии иқтисодиёт бо роҳҳои иҷозатномадиҳӣ, гузаронидан аз қайди давлатӣ, сертификатсия, харидории давлатӣ ҷойгир кардани фармоишҳои давлатӣ, имконияти ихтиёрдории захираҳои табиию энергетикӣ ва ғайраҳо мебошад. Сатҳи нокифояи таъминоти моддии хизматчиёни давлатӣ, камназоратии фаъолияти онҳо аз тарафи давлату ҷомеа, номукаммалии қонунгузорӣ, дар баъзе қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ мавҷуд будани “сӯрохихо” ва меъёрҳое, ки барои коррупсия имкониятҳои иловагӣ ба вуҷуд меоранд, ба паҳншавии коррупсия мусоидат мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони низ коррупсияро яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии давлат арзёбӣ намудааст. Ҳукумати кишвар аз рузҳои нахустинни ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза ба коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт шуруъ намудааст.

Азимов Н.С., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд