Санаҳои 10 – 13 апрели соли равон тибқи фармоиши роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд даври факултавии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” баргузор гардида, наздик ба 200 нафар ба даври донишкадавии озмун роҳхат гирифтанд. Санаи 18 апрел бо ҷалби устодони донишкада аз рӯи 7 номинатсия – математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар факултети информатика ва энергетика баргузор гардид.

Ғолибони марҳилаи аввал бо донишу фаҳмиш ва идроки худ ба саволҳои устодон вобаста ба мавзӯи дилхоҳ посухҳои мушаххас доданд. Аз натиҷаи озмун гузориш хоҳем дод.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат»  роҳандозӣ шуда, сол ба сол теъдоди иштирокчиён зиёд мегардад. Ҳадафи аслии баргузории озмуни мазкур, пеш аз ҳама, кашф ва дарёфти истеъдодҳои нав, бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наварасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон ба шумор меравад.

 

 

 

Шаби гузашта тариқи шабакаҳои интернетӣ барномаи навбатии иғвоангезона М. Садридин намоиш дода шуд.

Ровии барнома, ки дар асл мақсади нопок дорад, бо овардани факту далелҳои беасос мехост идеяҳои ғаразноки худро ба ҳамагон расонад.

Вале бо боварии комил метавон иброз дошт, ки имрӯз мардуми кишвар ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итминони комил дорад ва бо иғвову дасисаҳои ин хоинони миллат ҳеҷ гоҳ фирефта нахоҳад шуд.

Хоинони миллат, шумо ки дар кишварҳои хориҷа аз ҳисоби “Спонсор”-ҳои хориҷии худ зиндагӣ доред ва бо мақсади канда нашудани ин сарчашмаи зиндагии худ, барномаҳои иғвоангез ташкил мекунеду мардумро ба иғво даъват менамоед. Шумо аз ояндаи миллат парвое надоред, ба қавле гӯр сӯзаду деги Шумо ҷӯшад. Беҳуда вақти худро барои ноором сохтани ҷомеа бо овардани факту далелҳои беасос сарф накунед.

Мардуми бофарҳангу бомаърифати миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба суханҳои иғвогароёнаи шумо бовар нахоҳанд кард.

Имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари дар ҳақиқат пешрафта табдил ёфта, камбудиҳо давра ба давра аз байн рафта истодаанд.

Мо ҷавонон ватани худро марҳила ба марҳила такмил медиҳем ва ниёзе ба шумо хоинон надорем.

Барои тайёр кардани мутахассисони касбӣ имрӯз ба таври умум эътироф шудааст, ки фаҳмиши анъанавии таҳсилоти касбии муҳандисӣ ҳамчун азхудкунии миқдори муайяни донишҳо дар асоси таълими фанҳои фундаменталӣ, умумии техникӣ ва махсус нокифоя аст. Зимни омӯзиши муҳити касбию техникии корхонаҳои муосири саноатӣ маълум гардид, ки технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ ба фаъолияти касбии мутахассисони соҳаи техникӣ фаъолона ворид шуда истодаанд, ки ин боиси зарурати фаврии мутахассисоне мегардад, ки на танҳо назарияҳои фундаменталӣ, балки инчунин технологияҳои муосири компютерӣ барои ҳалли мушкилоти касбӣ истифода карда тавонанд. Мавҷуд будани донишҳои назариявӣ ва амалӣ дар хатмкардагони ихтисосҳои техникӣ дар бозори меҳнатӣ ба чунин корманд талабот зиёд мекунад. Бинобар ин, хатмкардаи донишкадаи техникӣ дар давоми солҳои таҳсил бояд дар истифодаи техникаи ҳисоббарор таҷрибаи ҳамаҷониба пайдо кунад, барои истифодаи он дар истеҳсолот аз ҷиҳати равонӣ ва касбӣ омода бошад. Барои омодасозии самаранокии чунин мутахассисоне, ки дар бозори меҳнати зеҳнӣ рақобат карда метавонанд, ҷустуҷӯ ва эҷоди роҳҳои ҳалли ғайрианъанавии педагогӣ, таҳия ва истифодаи равишҳо, ғояҳо ва усулҳои нави таълим, ки метавонанд мундариҷаи таълим ва дараҷаи тайёрии хатмкунандагон, аз чумла, аз фанни физика, ки яке аз фанҳои фундаменталӣ дар  самти техникиро ифода мекунад. Зарурияти ҳалли ин проблема дар замони муосир сол то сол меафзояд.

Мувофиқи барномаҳои таълимии давлатӣ ва стандартҳои  давлатии ихтисосҳои техникӣ, зинаи таҳсилоти рӯзонаи бакалавриат, омӯзонидани фанҳои дақиқ  ба монанди фанҳои физика, математика, химия   муқаррар шудааст, ки дар раванди дарсҳои амалӣ масъалаҳо бо усули истифодабарии методҳои инноватсионӣ ҳал карда мешаванд. Бо истифодаи барномаҳои муосири математематикӣ ба монанди Maple17 ва MathCad  дар раванди ҳалли масъалаи мушкил нисбат ба муодилаи мураккаби физикиро ҳал намудан яке аз методҳои муосир мебошад. Истифодаи чунин методи инноватсионӣ дар раванди таълим ба омузгор ва донишҷӯён имконият медиҳад, ки масъалаҳои мураккаб  бо таври сода ҳал ва  дурустии он бо барномаҳои математикию физикӣ санҷида шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳаҳои ҷомеа аҳамияти хосса медиҳанд. Бо назардошти рушди соҳаи саноат, солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат эълон карда шуд. Вобаста ба ин ҳадафи чоруми стратегияи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон гардидааст, ки ба мутахссисони ба талаботи муосири замон ҷавобгӯ ниёзманд аст. Иқтисодиёт ҳамон вақт ба натиҷаҳои назаррас соҳиб мегардад, ки кормандони тараққӣ кардаву донандаи технологияи муосир бошанд ва дар соҳаи саноат фаъолият баранд. Бинобар ин зарурат ба амал меояд, ки дар донишгоҳҳои техникӣ методҳои инноватсиониро дар   раванди  таълими фанҳои дақиқ васеъ истифода баранд.

Қуддусова М , ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва физика 

 

Мо-устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки дар фазои сулҳу оромӣ бо истифода аз шароитҳои мусоиди таълимӣ ба шогирдон дарс мегӯем, аз он изҳори ташвиш дорем, ки ҳоло низ дар ҷомеа мисли Муҳаммадиқболи Садриддин нафроне мавҷуданд, ки мехоҳанд ба оромӣ ва пешрафти кишварамон халал ворид созанд. Он гуфтаҳои бӯҳтонангез ва изҳороти бе сару нӯги  ӯву дастандаркоронаш бо истифода аз минбарҳои моҷароҷӯй имрӯз наметавонад иродаи халқи ваҳдатшиори кишварамонро шиканад. 

«Муҳтарам Муҳаммадиқбол», агар Шумо лидери  «пурқувват» мебудеду дар ҷомеа, хоссатан миёни ҳамкешони худ мақом ва мартаба медоштед, имрӯз паноҳандагиро дар кишварҳои Аврупо намегирифтед ва чунин изҳоротҳои нобарҷоро паҳн наменамудед, балки бегуноҳии худро дар Ватан исбот менамудед. Он далелу рақамҳои малулхотир, ки солҳои охир нисбати  шумо ошкор шуд, пештар ҳам давлат ва ҳукумат медонист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳи бебозгашт ва таъмини амнияти миллӣ борҳо аз гуноҳҳои ба қавле «кабираи» Шумо ва пайравонатон баромада буданд. Вале душманӣ, ки дар дилу тинататон ҷой буд, боз амалҳои ноҷавонмардонаи солҳои навдумро такрор кардан хостед.

Мо қатъиян аз Шумо ва ҳаммаслаконатон талаб дорем, ки таҳрибкориро бас кунед, обрӯи миллати тоҷдори моро дар арсаи ҷаҳонӣ нарезонед. Ба навиштаҳои муғризонаи худ хотима бахшед. Баръакс, нафарони ҳамсафу кӯрдили худро ҳушдор диҳед, ки халқи шарифи кишвар дигар гумроҳиро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурдаанд. Мо якдил ва яктанем ва барои ободиву тинҷии мамлакатамон тифоқона кор мебарем. Ягон душман ҳақ надорад, ки бо қиммати ҷони ҳазорон-ҳазор ҷавонон, оҳу зори модарони дилфигор ва заҳматҳои шабонарӯзи Сарвари давлат  сулҳи ба дастовардаро ба норомӣ бадал кунад. 

 

 

   

Сарвари давлат дар яке аз суханроиҳои хеш таъкид медоранд:  “Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Аз ин лиҳоз, сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.

Боиси зикр аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дод. Ҳанӯз аз соли 1999 барои мубориза  бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бо терроризм»  ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» -ро  ба тасвиб расониданд.  Қабули ин ду қонун  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  имкониятҳои  хуберо дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард.

Ҳамзамон бо қарори суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2003 фаъолият бурдани ҳизбу ҳаркатҳо ба монанди Ҳаракати исломии Туркистон, Ҳизб- ут – таҳрир, Салафия, Ансурлоҳ, Ваҳҳобия, Ҷунбиши Исломии Ӯзбекистон, Ал – қоида ва даҳҳои дигар манъ шуда, пас аз ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ соли 2015 ҳизби наҳзати ислом низ ба қатори ҳизбҳои ифротгароӣ шомил шуд.

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз ҳамин омил ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Дар радифи сабабҳои дохилӣ, инчунин, омилҳои берунӣ низ бетаъсир нестанд, ки инҳо намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет мебошанд. Таҳлили сабабу шароити ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда нишон дод, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо ҳатто дорои саводи ибтидоии динӣ нестанд. Бо вуҷуди ба дин таваҷҷуҳ доштан шинохти дурусти динӣ надоранд. Бинобар ин, онҳоро аз номи дин ба осонӣ барои шомил шудан ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ даъват мекунанд. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надорад, моҳияти равандҳои сиёсии ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро дарк намекунад, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ меафтад.  Бехабар аз он, ки на дар хизмати ислом, балки дар хизмати кадом як хоҷае қарор гирифтааст.

Аз тарафи мақомоти қудратии кишвар танҳо соли гузашта зиёда аз 70 ҳолатҳои ғайрирасмии диннӣ дар ҳудуди вилоят ба  қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, аксари муаллимони ба насли наврас дарс медода худ соҳиби хатту савод ва аз моҳияти дини мубини ислом огоҳӣ надоранд. Дар натиҷа чунин наврасон аз овони кӯдакӣ бо шуури носолим тарбия меёбанд. Ба хондани илмҳои муосир майл пайдо намекунанд.

Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Яке аз роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ- ин бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҷалб намудани онҳо мебошад. Хушбахтона, дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбута доир ба масъалаи таъсиси «Маркази ягонаи иттилотӣ  ҷиҳати мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм» супориш дода шуд, ки ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳоди асоснок манзур созанд ва бовар ҳаст, ки таъсис додани ин марказ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи  шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ натиҷаҳои  дилхоҳ медиҳанд.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо дарки аҳамияти вазифагузориҳои Сарвари давлат иҷрои нишондодҳои Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳем, зеро ба бовар метавон гуфт, ки татбиқи босамари ин барномаи ояндасоз дар иртибот ба рушди кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум саҳифаҳои тозаеро боз хоҳад кард.

Маҳбуба Комилова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 

Мо дар гузашта аз душманони миллат амсоли Темури Ланг, Чингиз, Искандари мақдунӣ, фашисти лайин борҳо ёд кардаем. Аммо хуб медонем, ки бо дасти худамон ба чунин нафарон роҳ додем, ки миллатро замоне соҳибӣ кунанд. Амали Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳамтоҳои онҳо чунин аст. Онҳо яъне Кабириву Муҳамадиқбол, Илҳом Ёқубову Алим Шерзамонов ва даҳҳои дигар манқуртҳои давр мебошанд, ки ҳаргиз ба худ нахоҳанд омад. Чаро чунки онҳо муттаҳам ҳастанд, коселесони хоҷагоне ҳастанд, ки барояш хоки Ватан, миллат, модар қадр надорад. Агар чунин намебуд ҷоннисориҳои Сарвари  давлат, меҳнати садоқатмандонаи мардуми кишварро дар роҳи ободӣ ва озодиро эҳсос мекарданд. Худ ба чашми ҳақиқат бубинед. Дар як соли охир зиёда аз 500 иншоот барои пешрафти хоҷагии халқ мавриди истифода қарор гирифт. Корҳои зиёди ободонӣ ба субут расонида шуд. Аммо чаро аз пешравӣ сухан нагӯем, чаро ҳамеша камбудиро ҷӯё шавем.

Мардуми соҳибназари тоҷик гумон накунед, ки он ҳама фаъолони шабака, ки Муҳаммадиқболро васф мекунанд, дилсӯзони миллатанд. Онҳо зархаридони душманони миллат, ки ҳар лаҳзаву соат Модар, оила ва Ватани худро мефӯрашанд. Магар нодида гирифтани беш аз 13 маротиба афи сар то сари аз ҷониби Роҳбари давлат аз рӯи камоли одамист на. Гумон мекунем ин нафарон шодии моро мусибати худ ғамгинии моро саодати шодмонии худ медонанд. Аз ин рӯ ҷавонони азиз ҳушёр бошед. Барои ҳифзи миллат бархезед ва бо ҷавоби сазовор барои ин аҳримансифатон диҳед.

Воқеан, ҳама хуб дарк карда истодааст, ки дар айни замон бо тариқи шабакаҳои интернетӣ душманону хоинони миллати тоҷик амалҳои нопоку бевиҷдонаи худро давом дода истодааст. Аксарият шахсон ба шабакаҳои интернетӣ нафаҳмида ворид шуда, аз шомил шудан ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ худ нафаҳмида бехабар мемонанд. Онҳо ба ваъдаҳою гапҳои ифротгароёна бовар карда, оқибат ба доми фиребу найранг меғалтанд ва роҳгумзада мешаванд. Бинобар ин ҷавонон бояд аз ворид шудан ба ҳар гуна сайтҳои беасосу бардуруғ эҳтиёт бошанд ва ба ҳар гуна ваъдаҳои ифротгароёна бовар накунанд. Терроризм ва экстремизм дар давраҳои пешина бо иҷрои супоришоти хоинони Ватан ва гуруҳҳои номатлуб бо роҳи тарсонидан ва куштори одамони намоёни миллат амалӣ карда шуда, имрузҳо бошад, он пурра хусусияти гуруҳҳиро касб намуда, бо ҳизбҳои манфиатҷу ба муқобили давлат баромад намуда, хавфу хатари таҳдиди зуровариро нисбати аҳолӣ нишон медиҳад. Имрузҳо барои ҳама маълум аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо ҳолати бисёрии давлатҳои дунё куллан дигар шуда, бисёр ҷангу ҷадалҳо ва хунрезиҳо мушоҳида мешаванд. Сабаби бисёрии чунин ҳолатҳо ин андохтани иғво аз тарафи гуруҳҳои нохалаф байни кишварҳои дунё мебошад. Нисбати Тоҷикистони азизи мо ҳам хоинони миллат дар паси хоҷагони хориҷӣ паноҳҷуӣ карда, сангандозӣ менамоянд. Онҳо дар манотиқи кишвари мо набошанд ҳам, аз дур истода зарарӣ худро расониданӣ, сулҳу суботи моро ноором карданӣ. Ҳамагон медонанд, ки баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ аз тарафи ҳизбҳои террористӣ чӣ қадар ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ амалӣ карда шудааст. Имруз мардуми сарбаланди Тоҷик чеҳраҳои аслии ин хоинонро ба хубӣ мешиносад ва намегузорад, ки осмони софу беғубори кишвар сиёҳ шавад. Мардуми бошарафу меҳнатдусти тоҷик, ки бо заҳмати зиёд сулҳ ба даст овардааст, намегузорад, ки ба якпорчагии миллат иғво андохта шавад. Мо бояд, зиракии сиёсии худро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем. То ҷон дорем, сулҳу суботро амонӣ нигоҳ дорем. 

 Саидхоҷаева Д.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Дар урфият мегӯянд, ки гови бешир садои баланд дорад. Дар мо низ ҳикмате ҳаст, ки касе бештар ҳарф мезанад, нодонии худро айён месозад. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки шояд худро қаҳрамони “миллӣ” метарошад аз рӯи таърифи чанд нафар ҳамқабилаи худ аз худ рафта мехоҳад сиёсати бобарори Ҳукумат мамлакатро нодида гирад. Бо ин амалаш ӯ худрову думравонашро назди аҳли  ёсайёра, хосса назди ҳаммилатон малулу шарманда мекунад. Охир мавзӯе, ки ӯ дар барномааш ба қавле матраҳ мекунад, пояи воқеӣ надорад. Яъне ба он мавзӯ ҳамчун журналиси омода нест. Рӯзи гузашта дар барномаи “Минбари муҳоҷир” мавзӯеро ба самъи шунавандагон намуд, ки он пур аз туҳмату бӯҳтон аст. Баррасии қонуни авф дар сатҳи нафаре, ки имрӯз аз сиёсати давлат хеле ва хеле дур аст, қобили қабул нест. Чаро Муҳаммадиқбол аз иқдомҳои халқпарваронаи Роҳбари давлат, ки дар масири наздик 32 соли соҳибистиқлолӣ вобаста ба афи шаҳрвандони ҷиноятсодиркарда сухан намегӯяд. Зеро ҳазорон ҳазор нафарони ба озодӣ баромада барои ғамхориву раҳмдилии Пешвои муаззами миллат ихҳори мннатдорӣ кардаанд. Бале оне, ки хиёнат ба давлат, ба мллат мекунад сазовори пӯзиш нест. Аммо бо дастури Роҳбари давлат онҳо низ ба ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Чаро мо инро нодида гирем. Президент борҳо чунин нафаронро бахшидаанд. Аммо бояд эътироф кард, ки гургзода оқибат гург мемонад.

Бояд аҳли ҷомеа, хосса ҷавононт барномаҳои пучи ин нафари Худозадаро тамошо накунанд. Баръакс ҳар амали ӯро маҳкум созанд. Чун аз дасти онҳо ба ҷузъ аз иғвову дасиса коре намеояд.  

Бо баробари гузаштан ба асри технологияҳои иттилоотӣ, таъсири иттилоот ва вобаста будан аз расонаҳои иттилоотрасонро бешубҳа ҳар як фард дарк карда истодаааст. Рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бевосита ба мафкураи ҷомеа таъсири калон расонида истодааст. Аз як тараф интернет ҷойи дастраст кардани маълумотҳои зарурӣ, васеъкунии ҷаҳонбинӣ гашта бошад ҳам, аз тараф дигар бо воситаи ин шабака гуруҳҳои экстремистиву террористӣ фикру ақидаи нодурусти худро паҳн карда истодаанд. Бинобар ин, дар замони муосир таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз омилҳои асосии амнияти миллӣ гашта истодааст. Воқеан, дар замони пурҷушу хуруши иттилоотӣ ва ҷаҳони зудтағйирёбанда таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ аҳли ҷомеаро ба ташвиш оварда истодааст. Аҳволи кишварҳои ҷангзадаро мушоҳида менамоем, ки дар натиҷаи ҷангҳои иттилоотии давлатҳои абарқудрат ба чӣ мубаддал шудаанд. Тоҷикистон низ ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва таҳдидҳои хатарзо доим ибтикороти назаррас нишон медиҳад. Пушида нест, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои хеш ғайр аз истифодаи силоҳу лавозимотҳои ҷангӣ, аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ хеле васеъ истифода мебаранд.  Албатта, таъсири иттилоот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури ҷомеаи мо дар асри нав калон мебошад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ба ҳуҷумҳои иттилоотии мақсадноки хоинони давлату миллат истодагарӣ  намоем, то ки онҳо ба амнияти халқи мо таъсири манфии худро нарасонанд. Ҳар як фарди банангу номус бояд донад, ки бо воситаи ин расонаҳои иғвоангез гуруҳҳои номатлуби террористӣ фикру ақидаи нодурусти худро паҳн карданӣ аст.  Дар самти таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳар як фард, ҷомеа аз афкори ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар фазои маҷозӣ бояд чораҳои зарурӣ ва самаранок андешида шавад. Мо бояд нагузорем, ки чунин расонаҳои иғвоангез дар фазои ҳавоӣ ва маҷозии кишвари мо фаъолият барад. Тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон манъ кардани фаъолияти расонаҳои иғвоангези ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ –“Ҳизб-ут-таҳрир”, “Паймони миллии Тоҷикистон”, “Ихвон-ул-муслимин” дар замони муосир айни муддаост. Бинобар ин, ҷавонони моро мебояд,ки зиракии сиёсии худро гум накарда, аз ворид шудан ба чунин расонаҳои иғвоангез дурӣ ҷуянд. Шабакаи интернетро бо мақсади донишандузӣ истифода баранд.

 Саидхоҷаева Дилафрузхон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Дар намоиши навбатии “Минбари муҳоҷир”, ки тавассути ютубканал  Муҳаммадиқболи  Садриддин бинобар надоштани мавзӯи актуалӣ “ боз ба саҳнасозӣ оғоз намуд. Ӯ ба ҳайси ҳунарманди номуваффақ мехост ба дохили образ даромада аз набудани сенария  бо овардани буҳтонҳо мехост дастовардҳои мардуми тоҷикро дар тӯли ин даҳсолаҳо нодида гирад. Ӯ мунсифона танҳо ба он ашхосе имкони сухан гуфтан медод, ки мақсадҳои нопоки ӯро тарафгирӣ мекунанд ва суханронии дигаронро бо ҳар ҳарфу баҳона қатъ менамуд. Яъне ҳамон фабрикаи ҷавоби худро таъсис дода, онҳоро низ пешакӣ тайёр менамояд, то ба бадномкунии давлат шурӯъ кунанд.

Бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки ин ҳама “театрбозӣ”-иро мардуми Тоҷикистон, алалхусус ҷавонон қабул надоранд. Онҳо собитқадамона сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгири мекунад ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи ин иғвову дасисаҳои шумо хоинон навхоҳад шуд.

Ба Муҳаммадиқболи беиқбол гуфтанием, ки  Шумо нохалафон  имрӯз дар хориҷи кишвар аз ҳисоби хоҷагони худ зиндагӣ мекунед ва танҳо аз рӯи гуфти онҳо амал мекунед. Барои Шумоён ба ҷузъ шуҳрати пул дигар манфиатҳои миллӣ арзиш надорад.  Яъне ҳаёти Шумо ҳаёти паразитонааст. Шумо хоинон хеҷгоҳ пешравии Тоҷикистонро намехоҳед ва бо ин дасисаҳои номардонатон ҳар гуна барномаву наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимои паҳн мекунед.

Мо - ҷавонон ба шумо муроҷиат карданием, ки вақти худро беҳуда барои ноором кардан сарф накунед.

Мардуми бомаърифати  тоҷик ҳеҷ гоҳ ба Шумо хоинон бовар нахоҳад кард.

Мо  ватани худро дӯст медорем, барои тинҷиву оромӣ ва пешравии он саъю талош меварзем.

Имрузҳо бо баробари тезу тундшавии муносибатҳои байни давлатҳо, бо зиёдшавии ҳолатҳои экстремистиву террористӣ масъалаи хизмат ба Ватан, ҳимояи он ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ боз ҳам муҳимтар гаштааст. Ватан модареро мемонад, ки фарзандашро калон мекунаду ба воя мерасонаду навозиш мекунад ва ҷавобан ҳар як фарзанд бояд ба ҳимояи Модар-Ватан низ доим тайёр бошад. Боиси ифтихори ҳар як модари писардор аст, ки ҳимояи Ватани аҷдодӣ бар уҳдаи ҷавонписарони паҳлавонаш вогузор аст, ки сабаби пойдории сулҳу субот, оромӣ, озодӣ, хандаи беғашонаи кудакон ва парафшонии парчами миллӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони азизамон хизмат намуда, бо баробари базаи моддиву техникии ҳарбиро пурқувват намудан, мактаби бузурги мардонагиву ҷасоратро аз худ намуда, бо сари баланд зинадагии осударо давом медиҳанд. Падари хизматнамуда барои писараш намунаи ибрат гардида, қадру қимати зиндагӣ, оромию субот ва манзалати Модар-Ватанро нишон хоҳад дод. Ду сол хизмат намудан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар як ҷавонписарро боз мустақилтару зирактар гардонда, бозгаштан ба хона дар даст бо билети ҳарбӣ ифтихори ватандустии онҳоро баландтар мекунад. Падару модар, хоҳару бародар онҳоро бо ифтихори баланд пешвоз гирифта, ҳамчун қаҳрамон сипос мегуянд. Сипос ба он мегуянд, ки фарзанди онҳо дар қатори бисёр фарзандони меҳанпараст шабзиндадорӣ карда, марзу буми Ватанро ҳифз намудааст, то ки мардум осудаҳол хоб раванд. Ин намунаи назаррас барои садҳо ҷавонону наврасон, ки аз хизмат метарсанду ҳаросида ба дигар давлатҳо гурехта рафтаанд.

Маҳз ин ҷавонписароне, ки аз хизмати ҳарбии ҳатмӣ гузаштаанд, базаи ҳарбии ҳар давлатро дар ҳолати “Омода бош” нигоҳ медоранд. Бинобар ин, ҳар як давлату миллат ба сафи ҷавонони худ боварии комил дорад ва онҳоро аз мактаби ҷасорат, аз мактаби зиндагӣ мегузаронад, то ки кишвар ободу осуда бошад. Онҳоро марди ҳақиқӣ, инсони пухта ва пуртоқат тарбия мекунад. Амалҳои шоистаи ҷавонони хизматкарда  чандин ҷавонони гурезаро бояд шарм доронад. Ҳар як ҷавони боақлу бонанг бояд фаҳмад, ки ба ғайр аз зодагони Ватан замини онҳо, модари онҳо ва хонаи онҳоро ҳеҷ кас ҳимоя намекунад. Аминем, ки ҳар чавон ба сухани дили худ гуш диҳад, зеро он ҳамеша мегуяд, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳатмии ман аст.

 

 Саидхоҷаева Д.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд