Ин мисраҳо аз они шоир Ҳабиб Юсуфӣ аст. Ватан барои Ҳабиб Юсуфӣ хазинаи илҳом, макони ишқу ифтихор аст ва бо рангу бӯ ва таровати худ ба чаман шабоҳат дорад.

Ватан чӣ калимаи зебост. Баҳри ҳифзи Ватан ҳазорон нафар ҷони ширини худро қурбон кардаанд.

Ватан барои ҳар яки мо хонаи умеду орзуҳо ва бахшандаи бахту саодати халқҳо мебошад. Бинобар ҳамин, мо бояд дар замири хонанда ва шуури онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихори ватандӯстӣ, ишқи Ватанро парвариш намоем.

Сухомлинский мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро ба мафҳуми «Инсон» «маънои зиндагӣ», «меҳнат», «оила», «забони модарӣ», «муҳити табиат», «зебоӣ», «муҳаббат», «садоқат» алоқаманд медонад.

Инсон халқи худ ва меҳани худро шинохта, худро мешиносад, худро ҳамчун ҳиссаи халқ дарк мекунад. Муҳаббати Ватан бидуни муҳаббат ба забони модарӣ берун аз имкон аст. Муҳаббати Ватан дар замири мо зиёдтар мегардад.

Ашъори Ҳабиб Юсуфӣ ба рӯҳи замон мувофиқат карда, саршори ғояҳои ватанхоҳӣ, озодандешӣ, ҳаётдӯстӣ, ҳақиқатпарастӣ ва адолатхоҳӣ мебошад. Мирзо Турсунзода дар достони «Писари Ватан» симои падарро чун шахси ватандӯст, таҷрибадида ва соҳиби рӯҳи қавию орзую омоли наҷиб тасаввур намудааст.

Ватанро танҳо касе бо чашми ватанпарвар дида метавонад, ки бо тамоми иқтидор онро дӯст медорад, бо ранҷаш ранҷ мекашад, бо бемориаш бемор мешавад.

Дар достони «Ғалабаи Таня» Абулқосим Лоҳутӣ барои ҳифзи обу хоки Ватан мубориза бурдани тамоми халқу мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ифода мекунад. Шоир тавонистааст, ватандӯстиву ватанпарастии насли наврасро дар рӯҳи қавии ҷавонон, бахусус дар симои комсомолдухтар Зоя Космедиянская инъикос намояд. Зоя ҳамчун қаҳрамони асосии достон қаҳрамонона барои мудофиаи Ватан ҷон медиҳад. Дар симои Зоя тамоми хусусиятҳои неки инсонӣ - поквиҷдонӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, қавииродагиро хуб таҷассум кардааст.

Ба андешаи мо, наҷибтарин, муқаддастарин эҳсос барои ҳар инсон эҳсоси ватанпарастӣ аст, ки зодгоҳи аслиаш домони хонавода аст. Пас аз хонавода муаллимон ҳастанд, ки дар дили хонандагон ҳисси ватандӯстиро бедор менамоянд. Маҳз мактаб аст, ки ба ин калима маънои тоза, тафсирҳои тоза зам мекунад. Ба шогирдон меомӯзад, ки ватандӯстӣ танҳо иборат аз ҳифзи Ватан дар набардҳо нест, балки майдону арсаи ватандӯстӣ фарроху пурдоман аст. Хубу аъло таҳсил намудан, ширкати фаъол доштан дар зиндагии мактаби худ намунае аз ватандӯстиву меҳанпарастист.

Инсони ҳақиқӣ касест, ки барои хушбахтии одамон талош мекунад ва омода аст тамоми нерӯи худ, вуҷуди худро баҳри он бубахшад. Мо - омӯзгорон кӯшиш мекунем, ки шогирдон омода бошанд зиндагии худро баҳри шаъну шараф ва гулгулшукуфии Ватан бубахшанд.

 

Дадоҷонова Зебо,

ассистенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент

 

 

Халқи тоҷик аз қадимулаён ба шарофати шахсиятҳои нотарсу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад.

Ин миллати фарҳангсолору тамаддунсоз дар ҳамаи замонҳо зулму ситам ва фоҷиаву даҳшатҳои аҷнабиёнро паси сар намуда, дар ҷое бо қавмҳои зиёд ҳамкорӣ кардаву бар зидди иддаи дигар муборизаи беамон бурдааст.

Мардуми шарафманди мо дар ҳамаи марҳилаҳои таърих барои ҳифзи ҳувият ва анъанаву арзишҳои миллии хеш бо қавму қабилаҳои саҳрогарду бодиянишин талош ва муқовимат карда, дар ин роҳ ҳазорон нафар фарзанди номоварашро аз даст дода, бо мушкилиҳои зиёд ба истиқлолу озодӣ расидааст.

Бесабаб нест, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо номи ин абармарди миллат сидқан фахр мекунанд ва номи оламгири ӯ бо шоҳасараш «Тоҷикон» вирди забони на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми мардуми олами мутамаддин гардидааст. «Тоҷикон» аз ҷумлаи китобҳои муқаррарӣ нест, он таърихи сеҳазорсолаи халқест, ки роҳи дуру дарозеро тай намуда, қариб дар ҳар як марҳилаи таърихӣ барои ҷисман зинда мондан, барои осори маданиашро ҳифз намудан, барои ҳаққу ҳуқуқи маънавияшро барқрор намудан пайваста мубориза бурдааст. Ба қавли комили академик Акбар Турсун, он асарест, ки холо ба китоби рӯйимизии ҳар як фарди тоҷик табдил ёфтааст, онро аллакай мардум дар мағозаҳо кофта мегарданд, якбора чанд нусха харида, ба фарзандон ва хешовандонашон тақдим менамоянд.

Дар китоб сарнавишти халқи тоҷик аз замони бостон то даврони нав гирд оварда шудааст, ки он таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи навро дар бар мегирад.

Воқеан, ин асари нодир ба аксарияти олимони шарқшиноси ватанӣ ва ховаршиносони хориҷӣ таассуроти оламшумул бахшида, Тоҷикистонро ба худаш ва берун аз он шинос намуд. Мо бояд фахр кунем, ки чунин аҷдоди воло дорем, ки барои озодӣ ва шукуфоии ватанамон мубориза бурда, номи неки худро дар ёди ҳар якеи мо гузоштаанд!

Хурсандибахш аст, ки асари бунёдии қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ пайдо кардан ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик  ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ дар арафаи ҷашнгирии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонаводаи халқи тоҷик туҳфа гаштааст.

 

Раҳматуллоева М. М., устоди ДПДТТХ

 

Шахсиятҳои бомаърифати олам китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Нисбати китоб ва китобдорон боэҳтиром сухан меронанд. Халқи тоҷикро ҷаҳониён, аз замони қадим, таввасути илм, адабиёт ва санъати волояшон мешиносанд, ки онҳоро маҳз китобҳо ҳифз ва баррасӣ намуда, то замони мо овардаанд. Оре, китоб калиди хазинаи илму маърифат буда, таҷрибаву дониши тамаддуни ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон, санъат вобаста аст.

Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чуб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пусти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Акнун бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои қоғаз назми нави китобдорӣ чорӣ гардид, ба ҷойи сангу чуб аз қоғаз истифода мебаранд. Асарҳои мутафаккирон Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ аз ҷониби хушнависон иншо гардида, насл ба насл гузаштанд. Хушбахтона, китобҳои сафолину сангӣ ва нақши рӯи чубҳо то замони мо расида, имрӯз зиннати осорхонаҳои муътабари ҷахонианд. Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро равшан мекунад. Ҳаётро бо дониш, ки аз китоб сарчашма мегирад, тассавур кардан мумкин аст.

Китоб барои мо манбаи дониш, дӯсти бовафо, маслиҳатгари беминат, рафиқи беғараз, ҳамдаму ҳамсӯҳбати муваффақ аст. Китобхонӣ имрӯз бояд ҷузъи муҳими тарбияи насли наврасро ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст. Он ба шахс таассуроти амиқ бахшида, ҷаҳонбиниашро васеъ мегардонад. Китоб устоди беминат аст. Шахс аз китоби хондааш дарси одобу ахлоқро меомӯзад, накукору покахлоқ ва ватандӯст тарбия ёфта, ба камол мерасад. Аз ин рӯ, бояд ҷавонон ба қадри китоб бирасанд, вақти пурқимати худро ба беҳудагардию корҳои ношоиста сарф накарда бештар китоб хонанд, то дар зиндагӣ душворие садди роҳи онҳо нагардад. Барои он ки шахс хирадманд гардад, пеш аз ҳама, илму дониш омӯзад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш дар баробари зикри масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба масъалаҳои тарбияи насли созанда, мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ доимо таъкид менамоянд, ки “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”.

 Президенти кишвар дар ин робита дар Паёми хеш ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров-китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.

 Тақдими шоҳасари “Тоҷикон” ба ҳар як хонаводаи кишвар боз як иқдоми хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат аст ва итминон дорем, ки пас аз мутолиаи ин китоб ва пайдо кардани шинохти дуруст аз фарҳангу таърихи гузаштаи хеш мардуми сарбаланди мо боз ҳам беҳтару бештар барои ободсозиву гулгулшукуфоии Ватан камари ҳиммат баста, талош мекунанд, то ному пайкори созандаи онҳо низ дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо сабт гардад. Мутолиаи ин китоб бешак ба ҷавонони мо таъсири амиқ гузошта, ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд ва онҳоро аз зери таъсири гурӯҳу ақидаҳои ифротӣ берун кашида, дар маҷмӯъ ба ватандӯстиву ватанпарастӣ роҳнамоӣ мекунад.

 

Таи се сол дар кишвари мо аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ доир мегардад. Дар озмун хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар метавонанд иштирок намоянд. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз беҳтарин падидаҳои даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.

 

 Ҳадафи ин озмун - баланд бардоштани сатҳи фарҳангу дониши наврасону ҷавонон ва ҷомеа мебошад. Ба замми ин озмуни мазкур барои худшиносии миллӣ, шинохти таъриху фарҳанг, шинохти ҳувияти миллӣ, тарбияи эҳсоси қавии ватанпарастӣ, одоб, маърифат ва дигар ҷодаҳои ватандорӣ аҳамияти фавқуллода дорад. Маърифати баланди инсони китобхон, андешаҳои суиқасд ба ҷон, фирор аз хизмати Ватан-Модар, ҳисси бадбинӣ ва дигар амалҳоро дур менамояд, зеро ӯ бо мутолиаи бештари китоб ҳисси ватандориро дар замири хеш ҷой намуд ва медонад, ки дар ҷомеа, чӣ корҳоро пешаи худ намояд.

 Анвар Ҳоҷиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Чорабинӣ таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас сурат гирифта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Маҷористон Янош Адер, Раиси СММ-Об, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд. Таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ - пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст.

Раҳматуллоева М.М., омузгори калони

кафедраи математикаи олӣ ва физикаи ДПДТТ

 

 

Тоҷикистон ҳамчун як кишвари соҳиби Истиқлолияти давлатӣ имрӯз дар тамоми олам мавқеъи хоси худро ғасб намудааст.  Бояд қайд намуд, ки кишвари моро имрӯз дар тамоми олам мешиносанду эътироф мекунанд. Зеро миллате, ки сӣ сол қабл аз дасти хоинону ифротгарон маввриди нотиҷӣ қарор гирифта буд, имрӯз он ҳамчун як миллати соҳибтамаддун миёни кишварҳои олам муаррифӣ гардидааст. Аммо ин ҳама шукӯҳу музаффариятҳо, мутаасифона барои иддае аз худхоҳону мансабталошон дастоварди ночизе менамояд. Ҳол он, ки аксарияти мардуми рӯи олам дар чунин кишвари осуда зиндагӣ карданро мехоҳанд.

Мусаллам аст, ки ҳар як қавму миллат дар худ гурӯҳи махсуси мухолифро дошту ин анъана то куннун аз ҷониби қабилае мерос истодааст. Зеро бадбину нохалаф ҳамеша кирдорҳои ношоистаи худро дар кадом ҳолате набошад амалӣ намуда, боиси бадбахтии мардумон мегарданд. Хатари амалҳои ифротгароёнаи онҳо то ба дараҷае мардумони оламро дар ҳолати бадӣ равонию иҷтимоӣ гузоштааст, ки сабаби асосии нобасомониҳо гардидааст. Мо бояд бо ҳамдилию якзабонӣ пеши роҳи чунин ифротгаронро гирифта, барои несту нобуд сохтани қувваи душманони миллатамон талош намоем, зеро бетарафии мо низ фардро метавонад ба сари мо бадбахти биёрад. Маҳз ба ҳамин хотир аз хатари чунин бадкинон бояд ҳазар намуд ва миллатро бодяд эмин дошт.

Ватанро дӯст доштану гиромӣ ва шуморидани арзишҳои миллӣ ва маънавии онро пос доштан яке аз оин ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Барои ҳамин аз тамоми ҳамватанони худ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва маънавиёти ҷомеа талош намуда, баҳри пойдории сулҳу субот дар кишварамон талош варзанд. Бовар кунед, ҷавонон, ки бидуни мок асе дар ғами ободӣ ва оядаи дурахшони ин миллат нест. Пас моро зарур аст, ки беш аз пеш кӯшиши устувории пояҳои мустақилиятро дар Тоҷикистон чораандешӣ кунем.

 

Расулов О.Р., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами зинда об аст, пас мо вазифадорем, ки ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳандаи созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем ва тозаву озода нигоҳ дорем.

Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштааст, ки: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

Имрӯз ҳарчанд об дар сайёраи мо хеле зиёд аст, бо вуҷуди он дар бисёр минтақаҳо сайёраамон аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Солҳои охир дар натиҷаи муносибати нодуруст ба табиат мувозинати муҳити зист номураттаб гардид ва офатҳои гуногуни табиӣ афзуданд. Сол то сол хушксолиҳои харобиовар бештар рух дода, обхезиҳо пурзӯру мудҳиштар мешаванд ва масъалаи таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ мушкилтар мегардад.

Вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон, талабот ба оби ошомиданӣ низ зиёд гаштааст, вале на ҳамаи давлатҳо имкони таъмини аҳолиашонро бо оби тоза доранд. Онҳоро зарур меояд, то бо сарфи маблағи зиёд аз дигар кишварҳо об ворид намоянд. Ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 600 млн. нафар аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд ва ҳамасола зиёда аз 5 млн. нафар аз истеъмоли оби ғайрисанитарӣ ба ҳалокат мерасанд, ки қисми зиёди он ба Африқо, махсусан ба биёбони Саҳрои Кабир рост меояд.

Бо зиёдшавии муассисаҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои техникӣ иқлим гарм шуда, боиси хушкшавии дарёҳо ва аз меъёр зиёд об шуда ни пиряхҳои куҳӣ ва материкӣ гаштааст. Агар ин раванд давом кунад, баъди 100-150 сол 90%-и ҳудуди Африқо ба биёбон табдил ёфта, 5 млрд. нафар дар тамоми кураи Замин аз истеъмоли об маҳрум мешаванд.

Моҳияти ин масъаларо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, соли 1999 дар ҷаласаи 54-уми СММ пешниҳод намуд, то соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфт. Ҳадафи асосии ин пешниҳод ҳалли проблемаи об дар рӯи Замин буд. Соли 2003 дар Симпозиуми байналмилалие, ки дар шаҳри Токио бахшида ба «Соли оби тоза» гузашт, бо пешниҳоди Президенти ҶТ солҳои 2005-2015 даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон карда шуд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар саргаҳи дарёҳои бузург воқеъ буда, дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад ва аз рӯи захираи оби тоза дар ҷаҳон дар ҷои 7-ум ва дар ИДМ дар ҷои 2-юм (баъд аз Русия) қарор дорад. Захираи умумии обии Тоҷикистон 88,6 млрд м3-ро ташкил медиҳад, ки ин зиёда аз 60%-и захираи обии Осиёи Миёна мебошад.

Мутаассифона, қисми зиёди обҳои ҷумҳурӣ тавассути дарёҳо ба ҳудуди дигар кишварҳо ҷорӣ шуда, заминҳои давлати бегонаро шодоб менамоянд. Анқариб 70%-и оби дарёҳои бузургтарини Осиёи Миёна, яъне Сирдарё ва Амударё дар ҳудуди Узбекистон ва Туркманистон истифода мешавад. Гарчанде Тоҷикистон дар саргаҳи дарёҳо воқеъ аст, вале садҳо ҳазор гектар заминҳо ҳамчун заминҳои лалмӣ боқӣ монда, обёрӣ намешаванд.

Яке аз проблемаҳои экологии минтақавӣ ин муаммои баҳри Арал мебошад. Вобаста ба он ки солҳои охир оби Амударё ва Сирдарё қариб пурра дар заминҳои Узбекистону Туркманистон барои обёрӣ истифода шуда, ба баҳри Арал об хеле кам ҷорӣ мешавад, бухоршавии об дар ин баҳр хело ҳам зиёд аст. Мувофиқи маълумоти оморӣ баҳри Арал дар масоҳати 30000 км2 хушк шудааст ва он бо суръати тез идома дорад.

Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об, ки соли 1992 дар Аргентина барпо гардида буд, мафҳуми ниёзҳои аввалиндараҷаро ба об барои таъмини ҳуқуқи инсон қабул намуд, ки он соли 1997 дар Саммит оид ба замин дар шаҳри Рио де Жанейрои Бразилия такрор гардид.

Аз 20 то 22 августи соли 2013 дар Душанбе конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор шуд. Дар кори он зиёда аз 900 нафар ширкат намуданд, ки онҳо намояндагии 70 мамлакати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва 20 ташкилоти гуногуни байналхалқиро ба уҳда доштанд. Ҳамчунин, дар кори конфронс 5 муовини дабири кули СММ, роҳбарони ЮНЕСКО, ПРООН, Комиссияи иқтисодии Аврупо, Ташкилоти умумиҷаҳонии обуҳавосанҷӣ, Бонки умумиҷаҳонии асъор, як қатор роҳбарон ва намояндагони бонуфузи СҲШ, ЭКО ва дигарон ширкат намуданд.

Мақсади асосии конфронси мазкур беҳтар намудани ҳамкорӣ дар истифодаи захираҳои об, махсусан дар ҷодаи обҳои сарҳадгузар, бехатарии экологӣ бо истифода аз технологияи ҳозиразамон ва ҳавасманд намудани роҳбарони идораю муассисаҳо ва сарварони давлатҳо бобати дар амал татбиқ намудани нақшаи мазкур ҳисобида мешуд.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ният дорад дар якҷоягӣ бо давлатҳои ба ин кор манфиатдор дар Душанбе маркази махсус оид ба дипломатияи обро таъсис диҳад. Вай тамоми аҳли ҷаҳонро барои ҳамкорӣ ба ин кори нек даъват кард.

Ҳангоми муҳокимаи истифодаи манбаъҳои дарёҳои сарҳадгузар намояндагони аксари давлатҳо дар баромадҳои худ ба нақши Неругоҳи барқи обии Роғун на танҳо дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, балки ба аҳамияти он дар ҳалли як қатор масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии минтақа баҳои баланд доданд. Бори аввал дар конфронс масъалаи ҷалб намудани инвеститсия дар бобати ҳамкориҳо дар соҳаи истифодаи об пешниҳод ва дастгирӣ карда шуд. Иштирокчиёни конфронс пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси идомаи ташаббуси 10-солаи ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷонибдорӣ карданд.

Рӯзи 28-уми ноябри соли 2016 дар пойтахти Маҷористон - шаҳри Будапешт Саммити об ба кори худ оғоз намуд, ки дар он зиёда аз 900 нафар намояндаи воломақом аз 100 кишвари олам, 50 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби сурх ва дигарон иштирок намуданд. Зимни суханронии худ Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба муҳимияти масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об таъкид намуданд, ки ин ҳадаф дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, масъалаҳои сифати об, самаранокии истифодаи он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин, тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад. Чунин як иқдом барои ҷалби таваҷҷуҳи бештар ва фарогир ба татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои он мусоидат хоҳад кард.

Бояд қайд кард, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018- 2028”, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул шуд, бори дигар эътирофгари созандагӣ ва ташаббускории ин миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳар лаҳзаро ғанимат шумурда, бо роҳи амалисозии қарордодҳои нав, мувофиқати механизмҳои ба ҳамдигар муфид ва аз ҳама муҳим иродаи некхоҳонаи кишварҳоро эҷод намуда, мушкилоти истифодаи обро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин намоем.

Раҳматуллоева М.М., омузгори калони

кафедраи математикаи олӣ ва физикаи ДПДТТ

 

«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммаддини тољик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар љомеаи љаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Эмомалӣ Рахмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурўҳи ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Бо шарофати сиёсатӣ хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми чудонашавандаи ҷомеаи ҷахонӣ, эҳтироми озоди, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо рохи раъйпурсии умумихалқи қабул намуд,ки дар он хама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, хуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ дарк шудаанд.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти милли, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Рахмон дар тахкими ҳоқимияти давлатӣ ва Истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ў ихтиёри давлатдориро даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомўш намуд, сохтори фалачгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи хуқуқро барқарор сохт.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори вахдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

 

Расулов О.Р.,  устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

Боиси ифтихору сарфарозӣ ва шукргузории ҳамаи мост, ки Тоҷикистони азиз – Ватани маҳбуб ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон зери сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббусҳои муҳим шинохта шудааст.  Мусаллам аст, ки ин ҳама ободиву пешрафт ва шукӯфоии Тоҷикистони азиз ба душманону бадхоҳони миллату давлати мо писанд нест, зеро онҳо бар ин назаранд, ки тоҷик чун дар гузашта ҳамеша бояд аз “ҷабри таърих” бинолад.  Барои хоинону хоҷагони онҳо талошҳои Пешвои муаззами миллат барои сохтани таърихи навини рушди кишвар, эҳё ва таҳкими давлатдории миллӣ ба қавле “устухон дар гулуст”. Хонандаи ҳушманд дуруст дарк намуд, ки сухан дар бораи чист. Бале, рафтору гуфтори наҳзатиёни наҳс бо роҳбарии Кабириву  Муҳаммадиқбол ва дигар нафриншудагони халқу миллатро дида, кас ба чунин хулосае меояд, ки такрори сенарияи солҳои навадум ва боз ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашидани кишвар аз ҳадафҳои асосии ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ мебошад.  Роҳбарону хоҷагони наҳзатиён хуб медонанд, ки мардуми солдидаи  кишвар, ки шоҳиди даҳшатафканиҳои онҳо дар солҳои навадум буданд, дигар ба онҳо бовар намекунанд, аз ин рӯ хонинони миллату давлат акнун мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ба мафкураи наврасону ҷавононе, ки аз ғаразҳои нопокашон хабар надоранд, таъсир расонанд, аниқтараш онҳоро ба манқуртоне табдил диҳанд, ки разишҳои милливу давлатӣ барояшон қадре надошта бошад.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, Ҷаноби Олӣ таъкид намуданд, ки “гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.

Аз ин рӯ зарур аст, ки ҳамаи мо, махсусан вакилону фаъолон, омӯзгорон ва дигар шаҳрвандони худшиносу ватандӯсти кишвар дар сафи пеши мубориза бо ҳама зуҳуроти номатлуб, ба вижа ифротагроиву терроризм бошем ва нагузорем, ки заҳрпечаки ақоиди душманони миллату давлат мағзи фарзандонамонро хазон кунад. Дар ин роҳнамоии дурусти фарзандон ҳангоми истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр зарур аст. Чунки минбари асосии ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд. Қисми зиёди наврасону ҷавонон низ маҳз тавассути интернет мағзшӯӣ гардида, ба чунин гуруҳҳои террористӣ шомил мешаванд.  

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳҳмон: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.”

Маҳбуба Комилова, устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика

 

 

Терроризм ва экстремизм солҳои охир ба хатари глобалӣ табдил ёфта истодааст. Зеро ин равия ҷаҳони муосирро ба ташвиш оварда  истодааст. Вусъатёвии ин омил бо фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгарӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Мақсади асоси ин равия дар ноором сохтани вазъият дар ҷомеъа ба шумор меравад, ки онҳо бо ин мақсад борои даъват ба низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, алхусус, ҷавононро ба созмонҳои манъшуда тариқи шабакаҳои интернетӣ даъват менамоянд. Ин қобили дурус нест, зеро мақсади онҳо ин ба харбазорҳо табдил додани давлат ва аз байн бурдани ҳукумат ба шумор меравд. Бинобар он онҳо бо ҳар гуна равияҳои  диниро асосгузор карда, фикру ғояҳои сокинони мамлакатҳоро вайрон менамоянд.

Терроризм ва экстремизм пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ  ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ баръало зоҳир шуд, ки то ҳол бо сухану ваъдаҳо ноҷолиби худ авҷ ёфта истодааст, ки бо рафторҳои беҳадафонаи худ ба амнияти инсоният , сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро, зери хатар мегузорад. Ғояи асосии онҳо ин ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлат ва ҷомеа, дигаргун намудани сохтори конститутсионии кишвар, маҳв кардани арзишҳои умумибашарӣ ва урфу одатҳои миллӣ буда, баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ онҳо зери ниқоби дини мубини ислом ба ҷиноятҳои ванин даст мезананд.

   Бинобар он ягон сокинони давлат баҳаргуна сомонаҳо ворид нагарданд ва ба чунин равияҳои фирефтаи ин равия бовар накунан, то ки ба худ ва дигар сокинон таъсири экстремистиро нарсонанд.

Сафи пеши ин гурӯҳҳо “ Ансуруллоҳ”, “Ҳаракати Исломии Туркмстон”, “ Ҷабҳат-ун-Нусра”, “Давлат-ул-Ислом”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, равияи “Салафия”, “ Ҳизби Наҳсати Исломӣ” ва ғайраҳо мебошанд, ки бо ҳар роҳу васила ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ба мардуми мо кӯшиш карда истодаанд.  Бинобар он ба чунин равияҳои ифротӣ  ҳамрох нахоҳем гашт. Зеро Тоҷикистони азизамон имрӯз осмони софу беғубор ва сарзамини биҳиштосо дорад.  Мардуми он шукрона бо дили пуру хотири ҷамъ сӯи коргоҳҳо ва дабистону донишгоҳҳо  бо шукру ифтихор мешитобанд.  Шаҳру деҳотҳои он зебову манзароҳояш ба чашм гуворо мебошанд, ки рӯз аз рӯз онҳо бунёду обод гашта, мунтаззам инкишоф ёфта истодаанд. Дар ҳар як хонадони мамлакт хушбахтию осоиштагӣ пойдор аст, ки ин беҳтарин ганҷ дар ин дунё ба шумор меравад. 

Аз ин рӯ зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба ин равияҳои ифротгарӣ, иштироки онҳоро дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо пешгирӣ намоем.  Тадбирҳои судманде андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар яу фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳурот хатарнок сафарбар гарданд.

Акбарова Н. А.ассистенти кафедрам молия ва қарз         

 

 

 

Дар марҳалаи кунунӣ оид ба тадбирҳои муассири кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ, дар ин раванд зарурати ҳамгироии бештари ҷумҳурӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, муҳимияти роҳандозии ҳамкориҳои фарогир ба роҳ монда шудааст. Вале, мутаассифона дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар кишвари соҳибистилоли мо гуруҳи экстремисти ва террористӣ бо номи “Наҳзати  ислом” бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда ин фурсатро барои худ ғанимат шумурда чи нақшаҳое таҳия намуда буданд ба ҳамагон маълум аст.  Дар шароити кунунӣ низ маҳз мавҷудият ва фаъолияти гурўҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ,  амсоли ТЭТ ҲНИ аксар кишварҳои оламро бо хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст. Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир  дар мамолики  Олмон -Дортмон ва шаҳри Варшаваи Лаҳистон масъулини  ТЭТ ҲНИ, хоса М.Кабирӣ,  ки домони аврупоиҳоро гирифта,бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳад. Дар иртибот ба ин,бояд қайд кард, ки баъзе аз кишвархо манфиатхои геополитикии худро пеша карда, аз стандартхои дугона истифода менамоянд. Аз чумла, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки зери каноти созмонхои ба ном байналмилалию хифзи ҳукуқ ва озодиҳои инсон, ки хадафи аслиашон танҳо химояи манофеи кишвари муассис аст, минбархои таблиғотиро дар ихтиёри террористоне чун Кабирию думравонаш мегузоранд ва онхоро маблаггузорӣ мекунанд. Аммо ин гуруххо ба хадафи нопоки худ  нахоханд расид, зеро мардум ҳакикати вокеиро дарк намуд .Шахрвандони Точикистон аксар ба ҲНИ эътимод надоштанду надоранд, зеро чанги шахрванди дар кишвар, ки боиси марги даххо хазор ва машакати хазорон нафар сокинон гардида,  мучиби харбии иктисодии чумхури шуд, махз бо сабаби тундравихои хизби мазкур  ба амал омада буд.

Эълон шудани соли 2021 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ» низ яке аз барномаҳои созандае ба шумор меравад, ки барои пешрафту тараққӣ ва некуаҳволии мардуми шарифи кишвар нигаронида шудааст. Ҷои таассуф аст, ки дар ҷамъиятҳои осоишта  шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое  низ ҳастанд, ки кўшиши мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Масалан Ташкилоти террористӣ-эктремистии Ҳизби назҳати исломӣ аз кабили чунин ниҳоти диниву мазхабии тундрав,  нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд  овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанўз ҳам  дар  барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Роҳбари фирории  ТЭТ ҲНИ  Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў дар кишвари Олмон ва Лаҳистон (Польша) бо ҳаргуна баҳонаи беасос ҷамъомадҳои ифротиро баргузор намуда истодаанд. Бо ин роҳи найрангу фиреби навбатиашон кўшиш доранд, ки бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан,намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд. Аз ин нигоҳ ҲНИ дигар танҳо марбут ба Тоҷикистон нест, он хатар ба ҷомеаи ҷаҳонист. Имрўз  фаъолияти ҲНИ дар сатҳи байналмилалӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он расман Ташкилоти террористӣ-экстремистӣ Ҳизби назҳати исломӣ дониста шудааст.

Фикр мекунем, ки мардуми босаводу боақли мо фирефтаи фиребу найранги ифротгароён намешаванд ва ба ҳар ҳарфи беҷои онон бовар намекунанд.

Сарвари давлат ҳамзамон дар ин маврид таъкид менамоянд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.

Барои ҳар яки мо сулҳу оромӣ, субот азиз аст. Мо бояд ба ин неъмати бебаҳо расида, истиқлолияти комилро ҳифзу муқаддас дорем.

 

                

Турсунқулов Ш.Р., ассистенти

кафедраи молия ва қарз

 

Ҳангоме ки калимаи Ватанро кас ба забон мегирад, онро ҳиссиёти аҷибе фаро мегирад. Зеро Ватан ин модар ва сарзамини зиндагонии мост. Ҳифзи он вазифаи имониву ҷонии ҳар яки мо буда, ин меҳани муқаддасро бояд беш аз ҳарвақта дӯст дорему муҳофизат намоем.

Ватани азизу муқаддаси мо – ин Тоҷикистон мебошад, ки он дар арсаи ҷаҳон ба кӯҳҳои пурганҷу осмонбӯсаш, бо чашмаҳои шифобахшу мусаффояш, бо замини ҳосилхезу тамаддуни оламгираш маъруф гаштааст.

Имрӯз миллати тоҷик дар шукронаи  обу хок ва сарзамини ҳамин Ватан аст, ки зиндагонии орому осоиштаро доро мебошад, ки он бевосита аз Истиқлолияти давлатӣ вобаста аст. Зеро истиқлолият кишвари зебои Тоҷикистонро ободтару зеботар намуд. Барои ҷавонон имкониятҳои васеъ дод, то илм омӯзанду соҳиби касб шаванд. Ватанро обод кунанду ояндаи рахшони насли ин миллатро муҳайё созанд, ки ин боиси ифтихорист.

Айни замон дар тамоми дунё шахсоне вомехӯранд, ки бо падидаҳои номатлуби терроризмӣ тамоми ҷаҳонро ба такон овардааст, ки ин гуна амалҳо на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки барои тамоми сайёра ва ҷомеаи осоишта хатари бузург доранд.

Дар ҷаҳони имрӯза якчанд созмону ҳаракатҳои дорои характери террористӣ фаъолият менамоянд. Ҳадафи онҳо дар ғайриқонунӣ бесубот намудани ҷомеа ва сарнагун кардани давлат ба ҳисоб меравад. Онҳо мехоҳанд,ки сарзамини ободгашта ба харобазориҳо мубаддал гардаду сулҳу суботаз байн равад.  Заминаҳо ва омилҳои ба вуҷудоии терроризм гуногун буда, баъзан онҳо дар дохили як кишвари муайян зуҳур мекунанд ва гоҳе барои ривоҷи онҳо аз хориҷ кӯмаки молиявӣ расонида мешавад.  Барои анҷом додани амалҳои носолими худ онҳо аз нерӯи ҷавонон истифода карда, онҳоро бо ҳар роҳу восита  ба дами худ меафкананд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи гурӯҳҳои ифротӣ ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.  То ки ин амалҳои номатлуби терроризмӣ аз байн бурда шаванд.

Аслан, омилҳо ва сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ин равия вобаста аст ба муҳоҷирати меҳнатӣ, хусумати мазҳабӣ ва ё динӣ, коста гардидани вазъи иқтисодӣ, бекорӣ, муҳити носолими оилавӣ, пайдо накардани мавқеи худ дар ҷомеа ва ғайраҳо зоҳир мегардад. Бинобар ин  гурӯҳҳои террористи аз ин омилҳо истифода бурда ғояи ҷавононро дигаргун намуда, онҳоро зидди қонун ва сиёсати мамалкат равон месозанд.

Аз ин лиҳоз бояд ҳар як ҷавонон ва сокинони мамлакат бояд ҳушёриӣ ва зиракии худро аз даст надиҳанд. Ба ҳаргуна суханҳои фирефтаи ифротгарӣ аҳамият надиҳанд. Худ ва аҳли дустонро аз чунин амалҳои  носолим эмин нигоҳ дранд. Барои ободӣ ва сулҳу соботи кишвар меҳру муҳаббати худро равон намоянд. Зеро имрӯз шукрона бояд кард ки Тоҷикистони азизамон осмони софу беғубор, зиндагии орому осоишта дорад. зеро сулҳу Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву ормони модарон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон ва ҳастии инсон дар замину замон аст.

 Акбарова Н. А., ассистенти кафедраи моли ва қарз