Маҳфили “Гулдаста” дар ДПДТТ аз моҳи майи соли равон барои донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагии факултети муҳандисӣ-технологӣ фаъол буда, дар як муддати кӯтоҳ ба муваффақиятҳои назаррас комёб гардид.
Дар маҳфил донишҷӯён коллексияҳои гуногун меофаранд. Коллексияи онҳо аз либосҳои тантанавӣ, рӯзмарраи занона ва кӯдакона иборат аст. Аъзои маҳфил либосҳоро аз матоъҳои атласу адрас, зағирпоягин, пахтагин, трикотаж, тӯр ва фурнитураҳои гуногун ба монанди сангҳои ороишӣ, марворидҳои сунъӣ, гулу гулдастаҳои сунъӣ месозанд. Аз гулдастаҳои сунъӣ донишҷӯён ороишот барои мӯи сар омода менамоянд. Пеш аз омода намудани либоси ансамбли миллӣ донишҷӯён бо таърихи либоси халқи тоҷик шинос шуда, нақшу нигори миллиро аз худ намуданд. Маҳфил ҳафтае 3-4 маротиба гузаронида мешавад. Донишҷӯён ба коллексияи кори гурӯҳии худ номи ; 1. “Дунёи рангини атлас”, ки аз матои атласу адрас иборат аст, 2. Гулҳои баҳорӣ”- аз матоии тӯр, абрешим ва гулҳои сунъӣ иборат аст ва 3. “Рангинкамон”- аз матои зағирпоя, трикотаж ва пахта иборат аст ном гузоштаанд.
Маҳфили “Гулдаста” бо ташкилоти эҳсонкории “Энактус” ҳамкории зич намуда, аз либосҳои фарсудашудае ташкилот барояшон дасрас менамояд, либосҳо ва молҳои нав омода намуда, онро ба камбизоатон тақдим менамоянд.