Санаи 26-уми апрели соли равон ҷаласаи ҷамъбастии Конференсияи илмӣ-амалии омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 – Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи илми баргузор гардид. Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Ахмедов Усмонҷон ҷаласаро шуруъ намуда, афзуд, ки мақсади асосии баргузории конфронс ҷалби бештари донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва омӯзгорон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Зикр гардид, ки конференсияи мазкур ҳамасола бахшида ба Рӯзи илми тоҷик барпо гардида, имсол низ чун анъана дар сатҳи баланд ташкил гардид. Ба конференсия 200 мақолаҳои илмӣ пешниҳод карда шуданд.

 Конференсия аз рӯи 7 бахш фаъолият намуда, ҳамаи роҳбарони бахш оид ба натиҷаи он ҳисобот доданд. Роҳбари башхи “Фаъолияти иқтисодӣ, молиявӣ ва сайёҳӣ ҳамчун омили рушди устувории иқтисодиёт” дотсенти кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ Ахмедова Малика оид ба кори бахш ҳисобот дода, қайд намуд, ки ҳамаи маърузаҳои пешниҳодгашта актуалӣ буданд. Маърузаҳо асосан аз тарафи магистрантон пешниҳод гардида, баландбардории самаранокии истифодаи захираҳо, самаранокии иқтисодӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, рақобатпазирии корхонаҳоро дар бар гирифт.   Роҳбари бахши “Ташаккули ҳунарҳои мардумӣ дар замони муосир” Умарова Зӯҳро низ оид ба рафти кори бахш баромад намуд. Дар бахши мазкур 13 мақолаҳои илмии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифт. Оид ба натиҷаи бахши “Электроэнергетика дар рушди сайёҳӣ ва тараққиёти устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” номзади илмҳои техникӣ Тошхӯҷаева Муҳайё ҳисоботи худро пешкаши ҳозирин намуд.  Зимни ҳисоботи худ қайд намуд, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳадафҳои стратегии кишварамон буд, ки имрӯз б он ноил гардидаем. Бинобар ин, зарур аст, ки ба ин соҳа боз диққати ҷиддӣ дода шуда, корҳои тадқиқотии устодону донишҷӯён пурзӯр карда шавад. Роҳбари бахши  “Нақши сохтмон ва нақлиёт дар рушди деҳот, сайёҳӣ ва тараққиёти устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, декани факултети сохтмон ва нақлиёт Акрамов Абдуқодир дар ҳисоботи худ қайд намуд, ки аз 15 мақолаи пешниҳодгашта 12-тои он мавриди баррасӣ қарор гирифта шуд. Иштирокчиён бобати рушди соҳаи нақлиёт, нақши он дар пешравии иқтисодиёт ва деҳот маъруза намуданд. Оид ба бахши “Нақши соҳаи хӯрока ва кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ” роҳбари он, мудири кафедраи “Агротехнология ва маҳсулоти хӯрока” Комилова Дилрабо баромад намуд. Зимни ҳисоботи худ зикр намуд, ки мақолаҳои иштирокчиён асосан ба ду самт равона шудааст: коркард ва истеҳсоли маҳсулот ва масъалаҳои мубрами соҳаи истеҳсоли хӯрока. Дар ин бахш масъалаҳои асосии обёрӣ, усулҳои обёрӣ, истеҳсоли нон ба таври ғайрианъанавӣ дида баромада шуд. “Масъалаҳои мубрами забон ва фанҳои ҷомеашиносӣ” бахши дигари конференсия буд, ки мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Бобоева Таиба натиҷаи онро ба ҳамагон пешниҳод намуд. Усмонова Маҳина, роҳбари бахши “Технологияҳои иттилотӣ воситаи рушди устувори ҷамъият”  зимни баромади худ қайд намуд, иштирокчиёни конференсия асосан магистрантони бахши 2-юми донишкада буданд. Зикр гардид, ки ҳамаи мақолаи пешниҳодгашта таҳлилу муҳокима карда шуда, асосан соҳаи лингвистикаи компютерӣ, системаи тарҷумони матнии компютерӣ хуб тадқиқ гардидааст. Маърӯза оид ба беҳтар намудани раванди таълим дар мактабҳо, коркарди ҳуҷҷатҳо дар ҳукумати электронӣ аз мавзӯҳои актуалии бахши мазкур маҳсуб ёфт. Сардори шуъбаи илм ва инноватсия Акрамова Заррина низ баромад намуда, қайд кард, ки барои иштирок дар конференсия 418 мактуби электронӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳисоботи роҳбарони бахшҳо кори конференсия қаноатбахш ҳисобида шуд.