Дар сиёсати меҳварии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми ҷавонон ҷойгоҳи хосса дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҷавононро нерӯи созанда ва фардосози миллат унвон карда, ҳанӯз се сол қабл Шӯрои кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода буданд. Дар пайравӣ ба ин ташаббус ҳамагӣ чанд рӯз қабл бо доираи васеи ҷавонони фаъоли вилоят бо иқдоми бевоситаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси вилоят ташкил гардид, ки роҳбарии онро бевосита худи Раиси вилоят бар дӯш доранд.

Бахшида ба солҳои рушди сайёҳӣ ва деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи ҷавонон дар толори Донишкадаи политехникӣ Конференсияи ҷумҳуриявии «Ҷавонон муаррифгари фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид.

Дар конференсия сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим, намояндаи Раёсат Абдуллоев А., мудирони созмони ҷавонони ДДҲБСТ, ДДХ ба номи Б. Ғафуров, Коллеҷи омӯзгорӣ, ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон ширкат доштанд.

Ҳамзамон намояндагони кумитаҳои ҷавонон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳти шиори «Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир» тайи ду рӯз меҳмони Суғдзамин гардида, аз донишкада низ дидан намуданд, дар толор ширкат доштанд.

Конференсияро Каримзода Мирзоқосим оғоз намуда, аз дастовардҳои ҷавонон сухан ронд. Зимни баромади хеш қайд намуд, ки дар соли таҳсили 2018-2019 5 нафар олимони ҷавон, 519 нафар хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи байналмиллалӣ иштирок намуда, аз онҳо 31 нафар сазовори  ҷойи 1, 75 нафар ҷойи 2, 174 нафар ҷойи сеюмро касб намудаанд. Варзишгарони вилоят дар 124 мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, мақомҳои ифтихориро соҳиб гаштаанд.

Намояндаи Раёсат Абдуллоев А. низ баромад намуда, оид ба саҳми ҷавонон дар рушду нумӯи кишвар сухан ронд. Мавсуф қайд кард, ки нақши ҷавонон дар муаррифии фарҳанги миллӣ басо назаррас аст. Мудири бахши кор бо ҷавонони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Масаидов оид ба  ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон сухан ронд. Аз ҷумла, қайд намуд, ки «Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва таҳкими нерӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолони ҷавонон тасаввур намудан душвор аст, бешубҳа афзалиятҳои стратегӣ насиби он давлат ва ҷомеа мегардад, ки истифодаи самарабахши афкори пешрафта, пеш аз ҳама он нерӯи навоварро, ки густаришдиҳандаи асосии он ҷавонон мебошанд, аз худ менамоянд. Бурдани тарзи ҳаёти солим, дӯст доштани Ватан, барпо кардани оилаи усутувор, омодагии касбӣ барои ҷавонон аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар мебошад».

Мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Саломов Дилшодбек, мудири бахши кор бо ҷавонони ДДҲБСТ Мирзобоев Мирзоҷон низ оид ба саҳми ҷавонон дар пешравии кишвар ва соҳаи сайёҳӣ маърӯза намуданд. Дар баромадҳо зикр шуданд, ки  мо, ҷавонон бояд ба эътимоду боварии Сарвари давлат ва ҷомеаи муосир сазовор бошем. Бо дониши мукаммалу рафтори намунавӣ ҳамсолони хешро ба сӯи созандагиву пешравӣ раҳнамоӣ кунем. Зеро ин рисолати ҳар яке аз мост ва ин масъулият ва салоҳият боварии комил дорем, ки моро дар ҳама ҷодаҳо пешрав мегардонад.

Бо ҳамин конференсия анҷом ёфт.