Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти №АП – 1729 ва тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  аз 20 июли соли 2018 санаи 9 август бо иштироки беш аз 18 намояндагони васоити ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотии директори ДПДДТ дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Раббизода доир гардид.

Мавсуф доир ба фаъолияти шашмоҳаи донишкада назди ҳозирин гузориш дода, таъкид дошт, ки ташрифи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи таҷлили моҳвораи ҷашни ҷавонон,  ба  вазъи таълиму тарбия баҳои баланд додани ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов масъулияти устодону шогирдонро боз ҳам зиёдтар намуд. Давоми 5 моҳ 4 нафар устодони ҷавони донишкада рисолаҳои номзадиро ҳимоя карданд. Дар маҷмӯъ 67 дар сади устодони донишкадаро  олимони ҷавон ташкил медиҳанд.

Дар панҷ моҳи охир донишкада соҳиби 2 патент ва 7 шаҳодатномаи зеҳнӣ гардида, дар маҷмуъ донишкада дорои 24 гувоҳномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 57 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 8 патенти берун аз ҷумҳуриро дар самти ихтироъ ва навоварӣ ба даст овардааст. Дар давраи ҳисоботӣ 7 шартномаҳои нав бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон баста шуд. Он имконият медиҳад, ки донишҷӯён ва устодони мо дар мактабҳои олии пешоҳанги дунё таҳсил ва коромӯзӣ намоянд. Аз рӯи барномаҳои шуъба 12 нафар устодону донишҷӯён барои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос, таҳқиқот ва иштирок дар конфронсҳои байналмиллалӣ ба хориҷи кишвар сафар намуданд.

Номбурда аз вазъи пояи моддиву техникӣ, омодаи бинои муассиса ба соли нави хониш ва дар ин замина рафти таъмиру тармими хобгоҳ, бинои маркази бақайдгирӣ, натиҷаҳои қабул тариқи Маркази миллии тестӣ, ғолибият дар олимпиадаву озмуни Ҷоми Академияи илмҳо ва  «Enactus» сухан ронд.

Сипас рӯзноманигорон Ҷовиди Аштӣ, намояндаи расмии нашрияи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд,  Саидҷон Сулаймонов аз нашрияи «Согдийская правда», Алишер Охунов, намояндаи нашрияи «Фараж» дар вилояти Суғд,  Робия Розиқова, намояндаи нашрияи «Нилуфар» ва Уғулой Раҷабова, телевизиони «Ҳафт ситора», вобаста ба омодасозии мутахассисони соҳаи сохтмон ва меъморӣ, равобит бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, имтиёз барои устодону донишҷӯён, чорабиниҳо ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо ҷои кор таъмин гардидани хатмкунандагон саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Афзал Босолиев, намояндаи телевизиони «Азия» пешниҳод кард, ки дар сатҳи вилоят шогирдони донишкада сомонаи махсуси сайёҳӣ бо се забон таҳия намоянд, то он роҳнамои сайёҳони хориҷӣ бошад. Ин таклиф аз ҷониби роҳбарият хуш пазируфта шуд.

Дилафрӯз Саидӣ дар фарҷоми нишасти матбуотӣ аз нақшаҳои минбаъдаи ҷомеаи меҳнатии донишкада ҳозиринро ошно намуда, зикр дошт, ки дар ояндаи наздик бо ҷалби барномаҳо дар факултети муҳандисӣ- технологӣ лабораторияи махсус барои ихтисосҳои дизайн ва мӯд мавриди истифода қарор гирифта,  ҳамчунин меъморони оянда низ он ҷо таҳсили илм хоҳанд кард.

Директори донишкада барои ҳамкории мутақобила ба рӯзноманигорон изҳори сипос намуда, дар ҷодаи қаламфарсоӣ ба онҳо барор хост.