Ҳамасола ба муносибати Соли нави мелодӣ дар майдони ситораҳои шаҳри Хуҷанд чорабинии идонаи солинавӣ бо барномаи рангини фароғатӣ доир мегардад.

Дар остонаи соли нави мелодӣ шуруъ аз 15 декабри соли 2018 байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ озмуни беҳтарин барномаи фарҳангӣ эълон гардида буд.

Ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки санаи 25 декабри соли 2018 ҳаваскорони донишкадаи мо низ  аз рӯи 10 намуди ҳунарварӣ бо маҳорату истеъдоди хосса рӯи саҳна омада, дар сатҳи баланд баромад намуданд. Хурсандиовар аст, ки дар чорабинии имсола  ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар қатори сегонаи беҳтарин қарор гирифта, сазовори ҷойи дуюм гардид. Ҷойи якум насиби Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд гардида,  мақоми сеюмро ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров касб намуданд.

Шоми 31 декабр бошад беҳтаринҳо бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аз номи ҷомеаи донишкада иштирокчиёни чорабинии солинавиро барои сазовор шудан ба чунин дастовард муборакбод мегӯем.