Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз шароити таълиму тарбия санаи 27 октябри соли равон Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Раиси Вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди таълиму тарбия, шароити омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, ҷараёни дарсҳо бештар огоҳӣ пайдо намуда, бо директори ДПДТТ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, директори литсей Аминова Зебо бобати пешрафти таълиму тарбия ҳамсӯҳбат гардиданд.

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар литсейи ДПДТТ 450 нафар хонандагон таҳсили илм доранд. Омӯзгорони пуртаҷрибаву кордон мекӯшанд, то ҳар як лаҳзаро самаранок истифода бурда, тамоми донишу таҷрибаашонро баҳри омӯзиши хонандагон сарф намоянд.

Зимни суҳбати Раиси вилоят бо хонандагон аён гардид, ки литсей дар ҳақиқат дорои шароитҳои хуби талимӣ буда, хонандагон донишу саводи баланд доранд. Раиси вилоят оид ба  сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сухан ронда, бори дигар таъкид намуданд, ки хонандагон ба забонҳои хориҷӣ  бештар диққат дода, онҳоро хуб аз худ намоянд. Ҳамзамон қайд намуд, ки дар литсей кабинетҳои фаннӣ бо шароити хуб ба кор монда шуда, бо сифати баланд ҷиҳозонида шаванд. Раиси вилоят ба роҳбарияти донишкада дастур дод, ки дар ояндаи наздик тарҳи бинои нави литсей омода шавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд омода аст, ки барои азнавсозии бинои литсей кӯмак намояд.

 

Ёдовар бояд шуд, ки литсей дастовардҳои бисёри илмӣ дорад. Аз ҷумла, 2 нафар ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мебошанд. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Шерматов Азамат, хонандаи синфи 8 аз фанни химия сазовори ҷойи 1, Исроилов Олимҷон, хонандаи синфи  7 аз фанни химия сазовори ҷойи  3 гардидаанд.

Омӯзгори фанни физика Бобоҷонов Ҷумъабой дар озмуни “Мутахассиси ҷавон” – и шаҳрию вилоятӣ ширкат варзида, ғолибият ба даст овардааст.

Омӯзгори фанни химия  Иброҳимов Муъминҷон дар машварати августии омӯзгорон соҳиби Ҷоизаи Раиси вилоят, мукофотпулӣ ба маблағи 6000 сомонӣ гардидааст.

Дар охир Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба Литсейи ДПДТТ 2 адад компютер тӯҳфа намуда, ба хонандагону омӯзгорон дар ҷодаи илму таҳсил барору комёбӣ таманно намуд.