Ба ифтихори 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири тавоно, мубашири сулҳу ваҳдат Мирзо Турсунзода ва шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Бузургонро бузургон зинда медоранд” баргузор гардид. Конференсияро шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо ҳузури мунаввараш ранги тозае бахшид.

Устоди кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Шафоат Файзиева чорабиниро ҳусни оғоз бахшид.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов паёми шодбошии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба аҳли нишаст расонд. Зимни маъруза мавсуф таъкид дошт, ки  яке аз рукнҳои муҳими соҳибистиқлолӣ ин ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни кишвар ва арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни падарону бобоёнамон мебошад. Бузургдошт ва таҷлили 110 – солагии шоири тавонои миллат Мирзо Турунзода ва 80 – солагии Лоиқи бузургвор бозгӯи гуфтаҳои болоист. Бояд ёдовар шуд, ки дар таърихи давлатдори навини тоҷикон дар қатори чандин абармардоне чун Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров номи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ чун муаррифгарони асили фарҳанг ва маънавиёти тоҷикон бо хати тиллоӣ сабт гардидааст.

Шоираи ширинкалом Фарзона Мирзо Турсунзодаро мубашири сулҳу дӯстӣ дар ақсои олам унвон карда, чанд хотираҳои давраи бачагиашро, ки аз сӯҳбати устод баҳравар шуда буд, нақл намуд. Мавсуф ҳамзамон қайд кард, ки устод Мирзо Турсунзода ва академик Муҳаммад Осимӣ бо ин қадар бузургиву ҳашамат дар шаҳри Маскав зимни дифои рисолаи номзадии модари шоира Бароат Ҳоҷибоева ширкат варзида, ба донишу малакаи яке аз аввалин бонуи рӯй сӯи илм ниҳода баҳои баланд додаанд. Гуфта шуд, ки Мирзо Турсунзода бо шеърҳои таълифнамудаи худ миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифии шоиста намуд. Шоира Лоиқ Шералиро падари маънавӣ ва аз нахустин устодаш шуморида, баён дошт, ки Лоиқ Шералӣ ба ҷомеа назари дигар дошт ва ҳамеша чун шоири хуршеду дарё ба идеяҳои миллӣ содиқ монд. Ӯ шеъре иншо мекард, ки аз дил буду ба дил рафта менишаст. Ватандӯсту миллатгаро буд ва ҷойгоҳи зан ва моддаро муқаддас мешуморид. Чандин таълифоти худро дар ҳавлии банда манзум карда, ҳавзаи хуби адабии шоирони ҷавонро созмон дода буданд.

Донишҷӯёни донишкада аз рӯзгор ва осори муаллима пурсон шуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Шоира дар фарҷоми суханронии худ баён дошт, ки саоқат ба илмомӯзӣ, садоқат ба касб шахсро дар ҷомеа соҳибмартаба мегардонад. Бояд ҳар як ҷавон дар ҷомеа мавқеи худро дошта бошад. Аз хиради соҳибхирадон амсоли Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ қарз гиранд. Мавсуф аз ҳавдоси наздимарзӣ изҳори ташвиш намуда, қайд кард, ки ҳама кор ба салоҳ ҳал бояд шавад на ба силоҳ.

Мудири кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Дилбар Ҷӯраева дар баромадаш зикр дошт, ки Воқеан ҳам кас аз осору рӯзгори ин шахсони бузурги миллат огаҳӣ пайдо мекунад, дарк месозад, ки онҳо чӣ гуна ба обу хоки кишвари азизаш муҳаббату самимият доштанд. Як давраи рушду нумӯъи илму фарҳанг ва шинохти аслии миллӣ ба замони фаъолияти доманадори  ҳар ду шоир рост меояд. Устод Мирзо Турсунзода аввалин шоире буданд, ки пас аз мутоилаи “Модарнома”-и Лоиқ Шералӣ бе нашри китоб он касро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда буданд. Мирзо Турсунзода ба насли дуюми адибони садаи бисти тоҷик шомил буда, дар радифи Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода дар як давраи пур аз тазод ва муборизаҳои дохилӣ ба арсаи адабиёт қадам ниҳода буданд. Устод Лоиқ бошад бо шеъри баланди худ дар қатори дигар шоирони забардасти кишвар амсоли Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло ва Фарзонаи Хуҷандӣ шеъри тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуданд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуни даври донишкадавии  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Мавлавихонӣ” Ифтихорномаи донишкада супорида шуд.

Чорабинии фарҳангӣ, ки аз ҷониби донишҷӯён омода карда шуда буд, маҳфилро боз ҳам шукӯҳманд намуд.