Вақте ки сухан дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек меравад, беихтиёр мақоли машҳури «Тилимиз бошқаю дилимиз бир», яъне забонамон дигару диламон як ба хотир меояд. Бояд гуфт, ки ин дӯстӣ реша дар қаъри асрҳо дорад. Дар минтақаи Осиёи миёна халқи тоҷик аз ҳама зиёдтар бо халқи ӯзбек риштаи дӯстӣ ва хешу таборӣ бастааст. Дӯстию рафоқати мо, новобаста ба муҳиту шароит,  садсолаҳо боз идома дорад ва дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистону Ӯзбекистон боз ҳам тақвият меёбад.

Тавре болотар зикр шуд, дӯстии халқҳои мо аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ чун ду шоҳсутуни адабиёт аз нахустин поягузорони дӯстии миёни тоҷикону ӯзбекон буданд. Ба ҳайси забони давлатдорию коргузорӣ хизмат кардани забони тоҷикӣ дар давлатҳои Темуриёну Шайбониён ва сулолаи Манғитҳо гувоҳи он аст, ки бародарони ӯзбек низ ба халқи тоҷик эҳтироми бузург доштаанд.

Бо гузашти асрҳо анъанаҳои неки Ҷомию Навоиро адибони дигар – Садриддин Айниву Ҳамза Ҳакимзода, Мирзо Турсунзодаю Ғафур Ғулом, Мӯъмин Қаноату Абдулло Орифов, Лоиқ Шераливу Эркин Воҳидов, Ӯрун Кӯҳзоду Ӯткир Ҳошимов ва дигарон идома доданд. Дар миқёси ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ аз ҳама бештар рӯзҳои адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шудааст, ки нишонаи меҳри беандозаи халқи ӯзбек ба адабиёту санъати тоҷик аст.

Дар пешрафт ва нашъунамои кишвари ҳамсоя фарзандони миллати тоҷик саҳми босазо гузоштаанд. Садриддин Айнӣ баробари адабиёту илми тоҷик барои адабиёту илми ӯзбек хизмат намудааст. Қорӣ Мирфаёзи Ниёзӣ, академикҳо Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо, Султон Умаров, кинореҷисёрон Комил Ёрматов ва Давлати Худоназар,

ҳунармандони театру синамо Ҳабибулло Абдураззоқов, Сайрам Исоева,  Ато Муҳаммадҷонов, овозхон Маъруфхоҷа Баҳодуров ва даҳҳо нафар арбобони илму адабиёт, ходимони давлатию ҷамъиятӣ барои пешрафти Ӯзбекистон саҳмгузорӣ намудаанд.

 Хизматҳои фарзандони халқи тоҷик дар азхудкунии заминҳои ташналаби Ӯзбекистон низ кам нест. Ин гуна ҳамкории судманд аз бунёди канали калони Фарғона оғоз шуда, бо гузашти солҳо тақвият ёфтааст. Айни замон дар миқёси кишвари ҳамсоя бисёр шаҳраку маҳаллаҳои бутунро метавон номбар кард, ки дар онҳо собиқ тоҷикони муҳоҷир умр ба сар мебаранд.

Дар навбати худ бисёр комёбиҳои халқи мо бо номи фарзандони  барӯманди миллати ӯзбек алоқамандӣ дорад. Худи ба ёд овардани номи ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ шодравон Абдуғафур Самадов кофист, то бидонем, ки бародарону хоҳарони ӯзбек барои пешрафти Тоҷикистон чи хизматҳои арзанда кардаанд. Вақте ки сокинони минтақаҳои баландкӯҳ дар ноҳияҳои навташкили Масчоҳу Зафаробод сокин шуданд, пахтакорию кишоварзиро ба онҳо маҳз бародарони ӯзбек омӯзониданд.

Ҳар халқу миллатро пеш аз ҳама ба шарофати фарзандони барӯмандаш мешиносанд. Намояндагони илму адабиёт, санъату ҳунар, варзишу сиёсат аз қабили чунин фарзандони ҳар қавму миллат мебошанд. Имрӯз илму фарҳанги тоҷикро бе номҳои Шукур Бурҳонов, Абдулло Қаҳҳоров, Ҷӯрабек Набиев, Ҳоҷибой Тоҷибоев, Абдурауф Олимов, Насиба Абдуллоева, Ӯлмас Ҷамол, Ҷамшед Пиримов, ва дигарон тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Аз касе пӯшида нест, ки дар вақташ зодаи ноҳияи Спитамен Турсунбой Ӯлҷабоев барои пешрафти Тоҷикистон ва обрӯю эътибор пайдо намудани он дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бисёр ҷонбозиҳо кардааст. Чунин хизматҳои шоистаи ин нафарон аз нигоҳи заршиноси Президенти кишвари мо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пинҳон намонданд.

Маҳз бо назардошти саҳми бузургашон дар пешрафти хоҷагии халқи Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шодравон Абдуғафур Самадовро Академики  замин  номида буданд. Ба нерӯгоҳи барқи обии Норак номи Турсунбой Ӯлҷабоев гузошта шуд. 

Солҳои мудҳиши 90-уми асри гузашта то ҳол аз хотирҳо нарафтааст. Метавон гуфт, ки дар он давраи ниҳоят вазнин дӯстии миёни халқҳои тоҷику ӯзбек бори дигар аз санҷиши ҷиддӣ гузашт. Сокинони кишвари ҳамсоя он рӯзҳо ғамшарики миллати азиятдидаи тоҷик буданд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки дар ба даст омадани ва таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон саҳми халқи ӯзбек низ басо калон аст.

Баҳори соли 2018 дар саҳифаи дӯстии ин ду халқҳо саҳифаи рангине боз шуд. Бо талоши роҳбарони ду давлатҳо дар шаҳри Душанбе 27 созишномаҳои нав баста шуда, додугирифти молу коло ва рафтуомади бемамониати шаҳрвандон аз сар гирифта шуд.

Итминон дорем, ки сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёеев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам густариш ёфтани муносибатҳо заминаи хуб мегузорад. 

 

Муҳаббат Бахтиёрзода, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд