Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 баргузор гардид.

Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкада нишасти матбуотиро ифтитоҳ бахшида иттилоъ дод, ки самти фаъолияти муассисаи таълимӣ асосан ба татбиқи чор ҳадафи стратегии мамлакат равона намуда, дар ин ҷодаҳо мутахассисонро омода месозад. Дар чор факултети донишкада – информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ - иқтисодӣ аз рӯи аз рӯйи 29 ихтисос; дар зинаи бакалавриат шакли таҳсили фосилавӣ аз рӯйи 5 ихтисос ва ҳамчун таҳсилоти дуюм аз рӯйи 18 ихтисос; дар зинаи магистратура аз рӯйи 18 ихтисос; дар зинаи докторантура (PhD) аз рӯйи 9 ихтисос мутахассисонро омода мекунад. Ба ба 3561 нафар донишҷӯёну магистрантон ва докторантон 176 нафар омӯзгорон, ки аз ин шумор 8 нафар профессорон, 68 нафар, номзадони илм, дотсентон, 54 нафар омӯзгорони калони бе унвони илмӣ, 46 нафар ассистентон дарс медиҳанд. Ҳиссаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта – 43,4% -ро ташкил медиҳад, ки ба меъёре, ки барои донишкадаҳо (35%) муайян шудааст, мувофиқат мекунад. Дар соли 2022 57 нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузашта, дар маҷмӯъ дар 5 соли охир 176 нафар омӯзгорони Донишкада дар муассисаҳои таълимии ватанӣ ва хориҷи кишвар такмили ихтисос карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2022 аз тарафи омӯзгорони Донишкада зиёда аз 24 китобҳои таълимӣ, 260 мақолаҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз нашр бароварда шудааст, ки он нисбат ба соли 2021 20% зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 8 адад монография, 12 мақолаи сатҳи СКОПУС, 67 мақола дар нашрияҳои тақризшаванда (КОА), 68 мақолаҳои РИНЦ ба нашр гардида, 5 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 3 нахустпатент, 9 адад санад оид ба тадбиқи кори илмӣ гирифта шудааст

Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон қайд кардаанд: “Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем. Зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад”.

Вобаста ба амалисозии ин ҳадафи чоруми стратегӣ Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамчун маскани асосӣ доир ба омода намудани кадрҳои муҳандисӣ дар рушди соҳаи саноати вилояти Суғд эътирофу муайян гардида, дар ин смт нақши муассир дорад. Дар донишкада аз рӯйи ихтисосҳои Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд; Таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ (зинаи бакалавриат), Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ (магистратура), Технология ва лоиҳакашии маҳсулоти саноати сабук (докторантура) ва ғайраҳо мутахассисони ҷавобгӯ бабозори меҳнат омода карда мешавад. Танҳо дар давоми 10 соли охир зиёда аз 600 нафар донишҷӯён донишкадаро хатм намуда, дар корхонаҳои истеҳсолии саноати сабук ба кори доимӣ фаро гирифта шуданд.

Дар солҳои 2021 - 2022 12 нафар устодон ва шогирдони донишкада дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Чунончӣ устоди кафедраи барномарезӣ ва низоми иттилоотии донишкада Худойбердиев Х.А. дар номинатсияи ихтироъ ва навоварӣ сазовори ҷойи сеюм, устод Охунов З. ҷойи ифтихории чорум гашта буданд. Дар соли 2022 бошад, донишҷӯён Дадохонов Мирзомуин аз номинатсияи технологияи информатсионӣ ҷойи 2 ва Зоҳирова Меҳрангез аз номинатсияи химия сазоври ҷойи 3 гаштанд. 4 донишҷӯён бо ифтихорномаи Президенти АМИТ сарфароз гардонида шудаанд.

Сипас аз ҷониби рӯзноманигорон Абдуҳамид Ҷӯраев, Робия Розиқова, Маъмурахон Самадова, Чаманоро Абдуллоева, Афзал Босолиев, Нуъмон Раҷабзода, Нурбибӣ Бобоева, Фарзона Шамсиева ва дигарон доир ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муносибатҳои байналхалқии донишкада саволҳо манзур гардида, аз ҷониби директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.