Донишҷӯи курси 3-юми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Дилноза Қосимзода, ки дар сатҳи вилоятӣ дар озмуни “Донандаи беҳтарини кодекси андоз” ғолиб омада буд, дар даври ҷумҳуриявии озмун таҳти унвони “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” мақоми дуюмро касб намуда, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 7 ҳазор сомонӣ ва ноутбуки Нр қадрдонӣ шуд.

Озмуни мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон санаи 20 октябри соли равон баргузор гардида, он бо мақсади ташвиқу тарғиби муқаррароти қонунгузории андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ҳавасманд намудан ва дар маҷмўъ баланд бардоштани фарҳанги андози насли наврас, донишҷўён, шаҳрвандон ва соҳибкорон роҳандозӣ гардид.

Озмун аз рўи 2 номинатсия гузаронда шуд: 1) Номинатсияи расми беҳтарин – зери унвони «Андоз аз нигоҳи наврасон» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2) Номинатсияи «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» – барои донишҷўёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон.

Қайд кардан ба маврид аст, ки озмуни мазкур дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати молия, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон, иштирок намуданд. Озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” барои амиқтар ва фарохтар гардидани дониши хонандагон, донишҷўён, шаҳрвандон ва соҳибкорон хуб мусоидат намуд. Рафти озмун, алалхусус иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёни коллеҷҳо ва муассисаҳои олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дониши ҳамаи табақаҳои аҳолӣ оид ба қонунгузории андоз давра ба давра васеътар гардида, сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо баландар шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Низомнома, озмун дар се давр гузаронида шуд. Даври якум дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 15 июни соли 2021 баргузор гардид, ки шумораи иштирокчиёни даври якум маҳдуд набуд ва дар он хонандагоне иштирок карданд, ки дар мавзўъҳои моҳияти андоз ва андозсупорӣ, зарурати пардохт намудани андозҳо ба буҷет, аҳамияти он дар ҳаёт ва рушди ҷомеа ва иқтисодиёти мамлакат тасвирҳо ва ангораҳо (макетҳо) пешниҳод намуданд. Даври дуюми Озмун дар марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва барои ғолибони даври якуми шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар Кумитаи андоз то 15 августи соли 2021 доир гардид. Дар даври дуюми Озмун танҳо ғолибони дар даври якум ҷойи аввалро ишғолнамуда, иштирок намуданд. Даври сеюм (ҷамъбастӣ) рўзҳои 18 ва 19 октябри соли 2021 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва  дар китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ доир гардид. Маврид ба зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” ҷузъи таркибии корҳои тарғиботиву ташвиқотии фарҳанги андозсупорӣ барои насли наврас ва дигар шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.