Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо сарфи маблағҳои дохилӣ ва грантӣ ба маблағи беш аз 1, 4 миллион сомонӣ якчанд намуди озмоишгоҳҳои замонавии таҳлили сифати маҳсулоти хӯрока сохта ба истифода дода шуд, ки ба талаботи замони имрӯз ҷавобгӯй аст.
Донишкада барои пешрафт ва мукаммалгардонии ихтисоси технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ ҳамҷоя ва гузаронидан аз акредитатсияи байналхалқӣ бо барномаҳои байналхалқии GIZ (Ҷумҳурии Федеративии Олмон) ва НECAFS (Ҷумҳурии Латвия) ҳамкорӣ намуда, аз тарафи онҳо барои ҷиҳозонидани озмоишгоҳ микроскопҳои сретеоскопӣ, термокамераҳо, стерелизаторҳо, автоклавҳо ва ғайраҳо таъмин карда шудаанд.
Имрӯз озмоишгоҳҳо баҳри гузаронидани корҳои илмӣ дар сатҳи микроскопӣ, тадқиқоти бактериологии маводи хӯрока, муайянкунии бактериянокии маводи хӯрока, иҷро намудани корҳои фармоиши тиҷоратӣ имконияти васеъ доранд.
Масалан, озмоишгоҳи таҳлили сифати ғалла ва маҳсулотҳои ордӣ бо таҷҳизоти озмоишӣ ба монанди осиёби лабораторӣ, намченкунаки мавҷӣ, дастгоҳ барои шустани клейковинаи орд, сентрифугаҳо, тарозуҳои аналитикӣ, таҷҳизот барои муайян намудани адади афтиши озоди суспензияҳои ордӣ ва ҷевонҳои хушккунанда ҷиҳозонида шудаанд,ки имконият медиҳад, ки пешаки сифати ғалладона ва маҳсулоти он муайян карда шуда, барои кадом намудҳои маҳсулоти ордӣ таъин шудани он пешгӯӣ карда шавад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи факултети муҳандисӣ-технологӣ дар умум нӯҳ адад чунин озмоишгоҳҳо мавҷуд аст, ки дар онҳо ҳамаи шароитҳо барои самаранок гузаронидани корҳои озмоишӣ шароитҳо фароҳам оварда шудааст.