Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар самти вусъатёбӣ ва рушди устувор доимо кӯшиш ба харҷ дода, ҳамеша аз пайи наовариҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошад. Дар соли 2018 донишкада робитаҳои худро бо ташкилоту донишгоҳҳои байналмиллалӣ қавитар гардонд, ки ин ҳамкориҳои тарафайн  самараи худро дод.

Маврид ба зикр аст, ки шуруъ аз соли нави таҳсил дар доираи лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” – и барномаи Erasmus+ 11 нафар устодон аз давлатҳои Латвия, Литва ва Полша барои донишҷӯёни донишкада, ки дар ихтисоси технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология таҳсил доранд, дарс гуфтанд.

Дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаҳои GIZ ва “HECAFS”   таҷҳизот ба лабораторияи таҳлили маҳсулоти хӯрокаи факултет ба маблағи 103 989 евро харидорӣ карда шуд.

Бояд қайд кард, ки якчанд таҷҳизотҳои лабораторияҳои таҳлили маҳсулоти хӯрокаи факултети муҳандисӣ-технологӣ, аз қабили лаборатории сенсорӣ, маҳз бо дастгирӣ ва маблағгузории   лоиҳаи GIZ харидорӣ ва насб шудааст.

Бо мақсади баландбардории сатҳи дониши донишҷӯён ва ивази таҷрибаи устодон, ҳамзамон, дар доираи барномаи “HECAFS” намояндагони Донишгоҳи Литва меҳмони донишкадаи мо гардидаанд.

Гражина Янушлявичене, доктори илмҳои байторӣ, профессори Донишгоҳи илм дар бораи ҳаёт, Алвидас Шарлакаус, доктори илмҳои технологӣ, Александр Новославский доктори илмҳои кишоварзӣ аз фанҳои гуногун дар факултети муҳандисӣ – технологӣ, кафедраи “Маҳсулоти хӯрока ва агротехнология”  ба донишҷӯён дарсҳо гузарониданд. Устодони Донишгоҳи илм дар бораи ҳаёти Литва аз фанҳои “Методҳои ташхис ва таҳлили маводи хӯрока”(Food quality and safety control systems), “Истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ”  (Quality control systems), “Микробиологияи хӯрока” ба донишҷӯёни зинаи бакалаври 2.49.01.02 ва 2.74.02.06,   “Асосҳои илмии идораи сифати маҳсулоти хӯрока”( Quality management), “Микробиологияи хӯрока” ба магистрантони ихтисоси мазкур дасрҳои амаливу назариявӣ гузарониданд. Ғайр аз ин, намояндагони Донишгоҳи Литва бо устодони кафедраи “Маҳсулоти хӯрока ва агротехнология”  тренинг оид ба масъалаҳои стандарти байналхалқии бехатарии маҳсулоти хӯрока баргузор намуда, бо ҳамдигар ивази таҷриба намуданд.

Намояндагони Донишгоҳи технологии Гуилини Ҷумҳурии мардумии Чин Хонгу Зенг, Сияопенг Занг, Хуа Лин, Хаиханг Ли ба донишкадаи мо ташриф оварда, аз ҷараёни таълиму тарбия, пояи моддиву техникӣ наздиктар шиносоӣ пайдо намуданд.

Ҳайати меҳмононро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбати озоду самимӣ меҳмонон аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки дидани шаҳри зебою қадимаи Хуҷанд насибашон гашт. Меҳмонони олиқадр аз лабораторияҳои муосири факултетҳои информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт ва муҳандисӣ-технологӣ дидан намуда, бевосита бо донишҷӯён сӯҳбати гарму самимӣ намуданд. Меҳмонон ба шароити таълиму тарбия, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим баҳои баланд дода, изҳори боварӣ  намуданд, ки робитаи мустаҳками ду муассисаи олӣ барои боз ҳам баланд шудани мавқеъ ва мақоми донишкада мусоидат мекунад. 

Дар назар аст, ки донишкада бо Донишгоҳи технологии Гуилини Ҷумҳурии мардумии  Чин  се самт шартнома -  ташкили факултети муҳити зист дар донишкада, ташкили лабораторияҳо, таҳсил ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ивази таҷрибаи устодон ба таври муштарак мебандад. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки донишкада аз рӯи 19 ихтисос кадрҳо омода мекунад. Соли равон дар пояи факултети муҳандисӣ-технологӣ барои 20 ҷойи ихтисоси ҳифз муҳтити зист иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баландбардории иқтисодиёти кишвар ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат, самаранокии фаъолияти Парки технологӣ дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ боз як коргоҳи нави истеҳсоли  маҳсулоти нонӣ дарҳои худро боз намуд.

Давоми моҳи  ноябри соли равон бошад, дар донишкада  семинар дар мавзӯи “Технологияи пухтани маҳсулотҳои нонӣ” баргузор гардид.

Дар семинар намояндагони ширкатҳои ордбарорӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои нонӣ, намояндаи лоиҳаи байналхалқии GIZ Франс Холрахер ширкат варзиданд. Франс Холрахер доир ба таҷҳизотҳои муосири нонбарорӣ тариқи намоиши слайд баромад намуда, ҳозиринро бо кори 4 таҷҳизоти нав шинос намуд. Лабораторияи истеҳсоли маҳсулотҳои нонӣ фаъолияти худро дар ДПДТТ, дар доираи Парки технологии донишкада аллакай оғоз намудааст. Ин иқдоми нек барои донишҷӯёни факултети муҳандисӣ-технологӣ шароити хуби кории мусоид фароҳам оварда, маҳсулоти босифати ватаниро кафолат медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки барои ин муваффақиятҳои беназир саҳми Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ хеле бузург мебошад. Чунин ҳамкориҳо дар ҳақиқат саривақт ва зарурӣ буда, нақши мусбии хешро дар сатҳу сифати таълим, баландбардории дониши донишҷӯён ва муносибатҳои дӯстонаи байналмиллаӣ хоҳад гузошт.