Ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон конференсияи илмӣ – адабӣ доир гардид.

Конференсия бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан, ваҳдат ва истиқлолият аз ҷониби донишҷӯёни донишкада оғоз шуд.

Тайиба Бобоева, мудири кфедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ  мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати бостониамон боз ҳам бештару хубтар шинос шавем ва  бо арзишҳои фарҳангии ниёгонамон ошногӣ  пайдо намуда, эҳсоси ватандӯстӣ  ва ифтихори миллиамонро баланд бардорем.

Номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б. ­Ғафуров Шавкат Шарипов дар мавзӯи «Истиқлолият: моҳият ва ҳадафҳои олии он» маърӯза намуда, афзуд, ки истиқлолияти давлатӣ аз бузургтарин  дастоварди миллати тоҷик аст. Маҳз соҳибдавлатии мост, ки комёбиҳои рӯзафзун насибамон мегардад ва моро ҳамбастагиву ҳамдилӣ ва сулҳу салоҳ ҳамқадам аст. Тоҷикистони азиз имрӯз дар шоҳроҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ устуворона қадам мезанад. Шукри он мекунем, ки сулҳу амният дар мамлакатамон пойдор аст, ваҳдати миллӣ ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мардум боло меравад.

Мӯътабар Ғозиева, номзади илмҳои таърих, устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ дар мавзӯи «Истиқлолият неъмати бебаҳост» суханрон ронда, гуфт, ки маҳз ба шарофати истиқлолият имрӯз миллати тоҷикро чун меросбарони фарҳанги қадима мешиносанд. Дар тӯли беш аз 27 соли соҳибистиқлолӣ соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ рушд намуда, муҳимтар аз ҳама сатҳи худшиносии шаҳрвандон боло рафт.

Миёни донишҷӯён ва устодон атрофи мавзӯи истиқлолият саволу ҷавоб сурат гирифт. Бо ҳамин конференсия ба анҷом расид.