Дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иқдоми Кумитаи муттаҳидаи Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маориф спартакидаи вилоятӣ аз рӯи намуди волейбол, шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз байни омӯзгорони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаи мардонаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар намуди волейбол мақоми дуюмро соҳиб шуд. Дар намуди шоҳмот бошад байни бонувон Донишкадаи ҷои аввал ва мардон ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар намуди тениси рӯи миз бошад, дастаи мардон мақоми аввал ва бонувон ҷойи дуюмро ишғол намуданд.

Дар ҳисоби даставӣ Донишкада ба қатори се дастаи беҳтарини вилоят дохил шуд. Ба ғолибону ҷоизадорон дар вазъияти тантанавӣ тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи муттаҳидаи Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маориф тақдим карда шуд.