Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён доир гардид.

Нахуст аҳли нишаст филми мустанадро дар бораи ҳаёти талхи ҷавонони гумроҳшуда, ки дар кишварҳои Ироқу Сурия қарор доштанд тамошо намуданд.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия Зариф Довудов ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки донишҷӯён дар баробари хуб таҳсил кардан, ҳамчунин дониши баланди сиёсӣ дошта бошанд ва ба ҳаводиси рӯйдода баҳои воқеӣ дода тавонанд. Он гоҳ гумроҳиву ҳар гуна қувваҳо наметавонад иродаи онҳоро шиканад.

Сардори хадамоти назорати пешгирӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати корҳои дохилии вилоят, полковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ зимни баромади хеш зикр дошт, ки аз тавсиби қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» соли равон 10 – сол пур мешавад. Ва ҳамаи мо хуб медонем, ки амалигашти ин қонун дар ҷомеа чӣ манфиатҳоро ба бор овард. Бояд, ки моҳияти қонун ба таври пурра омӯхта шавад, то масъулияти волидон дар назди ҷомеа боло равад.

Тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 148 ноболиғ 183 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ки аксарият бинобар беназорати падару модар ин ҳолатҳо ба қайд гирифта шудааст. Яке аз омилҳои асосии гумроҳии ҷавонон ва пайваст шуданашон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ паст будани дониши сиёсӣ, бетарафии аҳли ҷомеа, огоҳ набудан аз шароити иқтисодиву ҳолати равонии ҷавонон  мебошад. Бояд донишҷӯён, ки қишри саводнокии ҷомеа ҳастанд, ба ҳамсафони худ оқибатҳои маргбори ин амалҳои номатлубро фаҳмонанд.

Нозимҷон Турсунов, полковники милитсия, корманди ҳамин Хадамот дар баромадаш аз афзудани қонунвайронкунии ҷиноятҳо байни ҷавонон изҳори ташвиш намуда, афзуд, ки мутаассифона, миёни донишҷӯён ҳастанд нафароне, ки бо мошинҳои шахсӣ ба машғулият меоянд, инчунин теъдоди дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби донишҷӯён кашидани сигор ва нос ба қайд гирифта  шудааст.  Таблиғи адабиётҳои динии характери ифротидошта низ байни донишҷӯён ба қайд гирифта шудааст, ки чунин амалҳои номатлуб боиси гаравидани ҷавонон ба ҳизбу харакатҳои иртиҷоӣ мегарданд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди донишкада перомуни дастовардҳои даврони истиқлол сухан ронда, қайд кард, ки бо талошҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерӯи хиради халқ ҳамаи соҳаҳо рушд карда, ифтихори миллӣ хеле боло рафт. Махсусан соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, энергетика ва саноат, мудофиа хеле пешрафта, моро ояндаи дурахшон интизор аст.

Дар анҷоми мулоқот Зариф Довудов барои чунин як мулоқоти зарурию омȳзанда ба кормандони  ҳифзи тартибот изҳори сипос намуд.