Санаи 16 ноябр дар таърихи навини миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, дар хотири миллати тоҷдораш абадан нақши устувор хоҳад гузошт. Барои мардуми заҳматқарини ин сарзамини соҳибихтиёр ид болои ид аст.

Яке аз чунин лаҳзаҳои  ҳасос, ки дар сарнавишти халқу миллат дурнамои нек аст, ин маросими ба корандозии аввалин агрегати НОБ-и Роғун мебошад.  Ин нерӯгоҳ бо заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи мардуми қавииродаи Тоҷикистон бунёд шуда истодааст. Нерӯгоҳи обии барқии  Роғун барои Тоҷикистон иншооти ҳаётан муҳим маҳсуб ёфта, бо истифода аз технологияҳои беҳтарину навтарини мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда истодааст.

Бахшида ба ин ҷашни бузург санаи 16 ноябри соли равон дар толори ДПДТТ ба номи М.С. Осимӣ барномаи фарҳангии бошукуҳ баргузор гардид. Сараввал устоди кафедраи “Таъминоти барқ”-и факултети информатика ва энергетика, дотсент Раҳимов О.С. оид ба НОБ-и Роғун ва тарзи сохти он маълумот доданд. Аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо дар васфи Ватан ва Тоҷикистон қироат карда шуд.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд, ки  тариқи пахши мустақим намоиш дода шуд. Ҷомеаи устодону донишҷӯён, аҳли кормандон бо як нигоҳи нек ва диққати том ин лаҳзаҳои таърихиро тамошо намуданд.

Дар ин маросими таърихӣ меҳмонони олиқадр дар шаҳри Роғун ҳузур доштанд. Барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд.

Ин иқдоми неки сарвари дурандеш, поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дили ҳар як тоҷикистонӣ шодию фараҳ овард.