Донишкадаи политехеникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ  - Саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълони солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» нақши муассир дорад. Танҳо дар давоми даҳ соли охир зиёда аз 1000 нафар мутахассисони соҳаҳои агротехнология дар асоси Барномаҳои таълимии мутобиқи талаботи ҷаҳонии соҳаи технологияи озуқаворӣ ва агротехнология бо истифода аз 22 озмоишгоҳҳои бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидашуда ба камол расиданд.

Дар донишкада баробари омода намудани кадрҳои босалоҳияти соҳа корҳои илмию тадқиқотӣ вобаста ба амалисозии ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои зиёде бурда мешавад. Масалан, аз тарафи олимони донишкада коркарди технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ бо арзиши биологии баланд, усули истеҳсол ва истифодаи хока аз хучи маҳаллӣ барои истеҳсоли шириниҳои шарқӣ, технологияи истеҳсоли маҳсулоти миллии ярмавӣ (истеҳсоли консентрат аз мош), усулҳои нигаҳдории ангур дар муҳити газӣ бо истифода аз мембранаҳои трекӣ, нигоҳдории ангур бо усули яхкунонӣ вобаста ба намуди обёрӣ  ба анҷом расонида шудаанд ва натиҷаҳои тадқиқот барои ҷорӣ намудан ба истеҳсолот пешниҳод шудааст. Дар самти боғпарварӣ хусусиятҳои парвариши ангурҳои баландтанаи нақшаи шинониданашон ҷуфтӣ ва парвариши зардолу аз рӯйи технологияи интенсивӣ дар шароити шимоли Тоҷикистон омӯхта шуда, тавсияҳо доир ба парвариши онҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии  вилояти Суғд пешниҳод шудаанд. 

Дар самти рушди чорводорӣ, ки бевосита бо амнияти озуқаворӣ вобаста мебошад, хусусиятҳои синнусолӣ ва тағйирёбии морфо-физикӣ-кимиёвии пӯсти қутосҳои экотипи помирӣ, ки дар минтақаҳои шимоли Тоҷикистон парвариш меёбанд, тадқиқ карда шуда, барои рушди саноати коркарди пӯст тавсияҳо пешниҳод карда шудаанд. 

  Дар доираи барномаҳои давлатӣ доир ба рушди зироаткорӣ ва растанипарварӣ, аз ҷумла соҳаи пахтакорӣ тадқиқот доир ба баланд бардоштани эътимоднокии истифодаи техника ва модернизатсияи равандҳои истеҳсолӣ, хусусияти парвариши зироат бо истифодаи усули обёрии қатрагӣ ва самаранокии он гузаронида шуда, тавсияҳо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод шудааст.

Дар давоми 5 соли охир зиёда аз 20 нафар  омӯзгорони кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока, агротехнология ва экологияи саноатӣ дар доираи барномаҳои байналхалқии HECAFS - “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” ва  PECA- "Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодии Осиёи Марказӣ"  дар донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ ба монанди Полша, Литва, Латвия,  Қирғизистон, Қазоқистон таҷрибаомӯзӣ карданд.

Натиҷаҳои тадқиқотҳои омӯзгорон бо зиёда аз 10 нахустпатентҳои ватанӣ ва байналхалқӣ тасдиқ карда шудаанд. Ҳамаи ин дастовардҳо зимни баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Муаммоҳои саноатикунонии комплекси агросаноатӣ дар шароити муосир”  дар баромади муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов зикр ёфт.

 

Маърифат Раҷабова, намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят аз зиёд шудани ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  ба андозаи 14,5 миллиард сомонӣ дар вилоят, Анвариддин Муҳиддинов, доктори илмҳои билогӣ, устоди ДПДТТ дар кишвар фаъолият бурдани 1193 корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ,   Д. Бобоев,  номзади илмҳои кишоварзӣ, директори Стансияи таҷрибавии хокшиносиию мелиоратививии Суғдии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ – Мелиоратсияи хокҳои хокистаранги бӯрии санглохи Тоҷикистони шимолӣ роҳҳои афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, Наим Рашидов, доктори илмҳои кишоварзӣ, устоди ДПДТТ ҷиҳати рушди коплекси агросаноатӣ роҳандозӣ шудани 13 барномаҳои давлатӣ ва докторанти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Умедҷон Шарипов аз афзалиятҳои обёрии қатрагӣ нисбати обёри муқаррарӣ сухан ронданд.

Таъкид шуд, ки дар ҷаҳон беш аз 1,5 миллиард гектар замини кишт мавҷуд буда, танҳо 275 миллион гектар обёрӣ мешавад ва аз ин шумор ҳамагӣ 6 миллион гектар тавассути обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин хеле кам аст. Дар ҳоле, ки чунин нави обёрӣ ба буҷаи оила ва кишвар аз ҳисоби сарфа шудани об, нерӯи барқ миллионҳо сомонӣ даромад меорад ва боздеҳи замин низ хуб мешавд. Зеро обёрии қатрагӣ нуриҳои фоидаоварӣ заминро шуста намеравад.

Дар зербахшҳо, ки нимаи дуюми рӯз идома кард, баромадҳои 27 нафар устодони муассисаҳои олӣ, доктарантон ва коршиносони соҳа шунида шуд.