Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ тибқи нақша-чорабиниҳо вобаста ба Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 конфронси илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун вазифаи аҳли ҷомеа” доир гардид.
Конфронсро муовини директор оид ба илм ва иноватсия номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов ҳусни ифтитоҳ бахшида, роҳандозии чунин тадбирҳоро ҷиҳати пешгири аз ҳолатҳои коррупсиони дар ҷомеа муҳиму зарури иброз намуданд.
Сипас майори адлия, нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Назриён Васлибек доир ба мавзӯъи “Роҳ ва усулҳои муқовимат бар зидди коррупсия” баромад намуда, аз суханони Асосгузори мулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид, ки “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бо коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бетараф набошад.”
Раиси Кумитаи мутаҳидаи иттифоқи касабаи донишкада Назира Бобоҷонова маърӯза дар мавзӯъи Саҳми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия масъалахои дарки худшиносии миллӣ ва дарк намудани ҳуввият, анъанахои миллӣ, арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ бо максади комёб гаштан ба илму техника масъалаҳое ҳастанд, ки ҳар лаҳза аз тарафи устодони донишкада дар раванди таълим ба самъи донишҷӯён баррасӣ карда мешаванд.


Яке аз нишондиҳандаҳое, ки ДПДТТ-ро дар байни ҷомеа нуфуз бахшидааст – ин бартараф намудани коррупсия ва хароҷоти ғайриқонунии маблағ дар раванди таълим ва умуман, дар фаъолияти донишкада мебошад. Барои дар сатҳи имрӯза қарор доштан тўли солҳои дароз оид ба масъалаҳои коррупсионӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуда, муҳити тозаи имрӯза писанди ҷомеаи донишкада мебошад. Инчунин дар баромади донишҷӯи курси 4 ихтисоси таъмини барқ Усмонхӯҷа Насрулоев бобати Пешгирии омилҳои коррупсионӣ аз нигоҳи донишҷӯ баромад намуда, қайд кард, ки мо набояд дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ ба амалҳои коррупсионӣ роҳ дода бошем. Мо бояд талош намоем, ки амалҳои коррупсиониро дар ҷомеа бартараф намоем.
Дар охири конфронси мазкур низ Усмонҷон Ахмедов аз аҳли толор даъват ба амал овард, ки бояд дар ин мубориза ҳамдастӣ намуда, барои бартараф намудани ин камбудии ҷомеа талош намоянд.