Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки намояндаи ШММЗҶМ дар вилояти Суғди РМЗҶМ ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Абдуллозода А. вохӯрӣ доир гардид.
Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ вохӯриро оғоз намуда, оид ба мавқеи Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи “мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад”.
Таъкид шуд, ки имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Сардори ШПБҶХЭ ШММЗҶМ дар вилояти Суғди РМЗҶМ ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия А. Абдуллозода дар баромади худ қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Яке аз омилҳои асосии гумроҳии ҷавонон ва пайваст шуданашон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ паст будани дониши сиёсӣ, бетарафсозии аҳли ҷомеа, огоҳ набудан аз шароити иқтисодиву ҳолати равона ҷавонон мебошад. Бояд донишҷӯёне, ки қишри саводнокии ҷомеа ҳастанд, ба ҳамсафони худ оқибатҳои маргбори ин амалҳои номатлубро фаҳмонанд.
Алҳол бояд амалиётро зидди терроризм ва экстремизм мушаххас ва амиқ ба роҳ монда, муборизаро пурқувваттар намоем. Зеро ки ҳизбу ҳаракат ва равияҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълоншуда низ, тавассути ҳомиёни худ фаъолияташонро афзуда, таъсирашон ба ҷавонон меафзоянд. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.
Қимматарин неъмате, ки Сарвари муаззами миллат ба Тоҷикистон оварданд ин сулҳ ва тинҷию оромӣ мебошад. Барои ҳамин ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорад ва ҳифз намояд.
Мавсуф аз ҷавонон даъват ба амал овард, то ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои бунёди давлати азизамон саҳмгузоранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ қайд намуд, ки ҳар як шахси баорият ба қадри тинҷиву оромии ҷомеа расад ва шукрона кунад, ки имрӯз мо орому осудаҳолона зиндагонӣ дорем. Барои имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз фикр кунем. Бояд барои тинҷии миллати саодатовар бо ҷону дил хизмат намоем.