Тантанаҳои наврӯзӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомати хосса доир гардид.

Саҳни сабздомани донишкада идона оро дода шуда, устодони факултетҳо бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ ва дастовардҳои эҷодӣ ҳузури меҳмонон – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Наим Маликисломӣ хайрмақдам гуфтанд.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аз номи ҷомеаи меҳнатии донишкада кулли иштирокдоронро ба ифтихори ҷашни наврӯзӣ муборакбод намуда, зикр дошт, ки Наврӯзи оламафрӯз бо қадамҳои нек ва бахосияти худ боварӣ ва эътимодро ба ояндаи дурахшони ҷомеа қавитар мегардонад, ба қалбу рӯзгори мардум суруру ангезаи муҳаббат мебахшад. Ниёгони сарбаланди мо Наврӯзро бо шодиву хуррамӣ ва тантанаи бузург истиқбол намуда, беҳтарин орзую умед ва таманниёти хешро ба он вобаста мекарданд, баҳри ояндаи дурахшон ва созандагиву бунёдкорӣ нақшаҳо тарҳрезӣ менамуданд. Наврӯзи сабздомани имсола  дар чунин айёме меҳмони азизи мост, ки мардуми сарбаланди кишвар ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талоши зиёд доранд. Аз ҷумла, ҷомеаи меҳнатии Донишкада бо армуғонҳои наву тоза, бо таҷлили 10 – солагии таъсисёбии худ, ки бо қадами файзрези меҳмонони олиқадр-сарварони муассисаҳои таҳсилоти олии касии кишвар ин шодию нишоти мо рангу ҷилои дигар гирифт ин ҷашни миллиро пешвоз хоҳанд гирифт.

Гулбаҳор Назирӣ аз номи рощбарияти олии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар, Маликисломӣ Наим Мунаввар аз номи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ аҳли нишастро ба ҷашни Наврӯз табрик гуфтанд. 

Фаъолону пешқадамони соҳа аз ҷониби Раёсати донишкада  бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.

Ҳайати ҳакамон ба маҳорати ҳунарварӣ, оростани хони наврӯзӣ баҳои воқеӣ доданд. Ҳамин тавр факултети муҳандисӣ – иқтисодӣ мақоми аввал, факултети муҳандисӣ – технологӣ мақоми дуюм ва факултети информатика ва энергетика ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯён барномаи рангини консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.