Дар плениуми ғайринавбатии Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада, ки бо иштироки Мӯсобек Мироватов, раиси кумитаи иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маориф, Абдуғаффор Ғаниев, раиси комиссияи назоратии кумитаи иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маориф,  Фаррух Аминов, муовини директор оид ба тарбияи донишкада ва аъзоёни иттифоқи касабаи донишкада доир гардид 4- масъала- ҳисоботи фаъолияти яксолинаи кумитаи иттифоқи касабаи донишкада, ҳисоботи комиссияи бехатарии донишкада, ҳисоботи комиссяи тафтишотии кумита ва масъалаҳои ҷорӣ дида баромада шуд.

Раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишкада Файзулло Ҷалилов зимни гузориш таъкид дошт, ки дар донишкада вобаста ба шароити таълиму тадриси устодон, бо фароғат ҷалб шудани онҳо тадбирҳои амалию судманд таҳти роҳбарии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода андешида мешавад. Ҳамасола устодон дар осоишгоҳҳо ба истироҳат ҷалб гардида, инчунин мувофиқи анъана дар мавсими гармо устодон бо роҳбарии Раёсати донишкада ба мавзеҳои сайёҳӣ барои истироҳат мераванд. Махсусан барои устодоне, ки солҳои сол меҳнати софдилона кардаанду ҷашни зодрӯз доштанд, дар доираи қонунгузории кишвар онҳо қадршиносӣ шуданд. Гузашта аз ин барои донишҷӯён дар хобгоҳи донишкада беҳтарин шароит муҳайё шуда, онҳо фориғ аз машғулиятҳо дар китобхонаи донишкада ва хобгоҳ донишашонро тақвият бахшида, дар толори варзишӣ ва дар майдончаи футбол машқу тамрин мекунанд.

Соли равон чун солҳои пешин вобаста ба омодагӣ ба фасли зимистон бо пуштибонии роҳбарияти донишкада беш аз 290 тонна ангишт харидорӣ шуда, ҳоло ҳам устодон ва ҳам шогирдон дар синфхонаҳои гарму барҳаво машғули кору дарсомӯзианд.

Аъзамҷон Ҳакимов, раиси комиссияи муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ ва Савфатхон Темуров, раиси коммисияи тафтишотӣ дар бораи фаъолияти кори комиссияҳо маълумот доданд.

Сипас Мусобек Мироватов зимни баромади хеш  фаъолияти кории кумитаи иттифоқи касабаи Донишкадаро ба риштаи таҳлил кашида, дар маҷмӯъ фаъолияти донишкадаро дар самти ҳифзу ҳуқуқҳои кормандон нек арзёбӣ намуд. Аммо ба андешаи ӯ бояд минбаъд устодон бештар фарзандону набергони худро дар мавсими таътили тобистона ба лагерҳо фарогир кунанд. Зеро дар ин самт дар донишкада корҳо суст ҷараён дорад. Ӯ пояи моддиву техникии донишкадаро васф карда, баён дошт, ки бо ин гуна шароити хуб бояд сатҳи илму дониш боз ҳам болотар равад.

Сипас, бинобар ба нафақа рафтани Файзулло Ҷалилов бо овоздиҳии аъзои кормандони иттифоқи касаба Бобоҷонова Назира Инъомҷоновна раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишкада интихоб гардид.

Нисбати масъалаҳои матраҳшуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Мусобек Мироватов хизматҳои хуби Файзулло Ҷалиловро ёдовар шуда, ба ӯ барои хизмати содиқонааш аз номи Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони маорифи вилоят бо тӯҳфаи хотиравӣ кадрдонӣ намуда, ба Назира Бобоҷонова барои фаъолияти босамар барор хост.