Устодони гиромӣ,

Шогирдони азиз!

Дар мақоми шукргузорӣ ва саодат ва бо ҳисси ифтихормандии зиёд Шуморо бо фарорасии ҷашни фархунда, мубораку муқаддаси миллӣ  – 27 – умин солгарди  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегӯям.

Истиқлолияти давлатӣ аз бузургтарин  дастоварди миллати тоҷик аст. Маҳз соҳибдавлатии мост, ки комёбиҳои рӯзафзун насибамон мегардад ва моро ҳамбастагиву ҳамдилӣ  ва сулҳу салоҳ ҳамқадам аст. Тоҷикистони азиз имрӯз дар шоҳроҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ  устуворона қадам мезанад.

Шукри он мекунем, ки сулҳу амният дар мамлакатамон пойдор аст, ваҳдати миллӣ  ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, худшиносӣ , ватандӯстӣ  ва ифтихори миллии мардум боло меравад. Халқи тоҷик таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон тавонист ба ҷаҳониён исбот намояд, ки вай миллати куҳан ва дорои фарҳанги бою қадима мебошад.

Сарвари давлатамон дар яке аз баромадҳои худ моҳияти соҳибистиқлолиро барои кишвари азиз хеле возеҳу равшан  ифода намудаанд: «Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад. Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид».

Дар ҳақиқат ҷомеаи имрӯза ба хубӣ эҳсос мекунад, ки маҳз бо баракати Истиқлолияти давлатӣ,  ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта марҳила ба марҳила дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. 

Дар баланд бардоштани маърифати сиёсии сокинон, ҳисси ифтихори миллӣ, дӯст доштани обу хоки Ватан саҳми Шумоён устодони гиромӣ низ хеле калон аст.  Маҳз  меҳнати шабонарӯзии устодони донишкада аст, ки имрӯз сатҳ ва сифати таълим боло рафта, обрӯи донишкадаамон миёни дигар муассисаҳои олии кишвар боз ҳам баландтар мешавад.

Тақвият ёфтани базаи моддиву техникӣ, рӯз аз рӯз беҳтар шудани шароити таълим имконият фароҳам меоварад, ки ҷавонон бештар рӯ ба муассисаи олии мо оваранд. Натиҷаҳои имсолаи қабул тариқи Маркази миллии тестӣ гуфтаҳои моро тасдиқ менамоянд. Гузашта аз ин донишкада сол то сол робитаро бо муассисаҳои олии пешрафтаи дунё қавӣ намуда, дар роҳандозии чандин барномаҳо муваффақ шуда истодааст.

Танҳо дар ду соли охир ворид шудани таҷҳизотҳои муосири лабораторӣ ба факултети муҳандисӣ- технологӣ, бунёди бинои лабораторӣ ба ихтисоси дизайн ва меъморӣ руҳияи мо, устодонро дучанд гардонд.

Мо ифтихорманд аз онем, ки пайваста ҷараёни бунёдкориву ободонӣ дар донишкада вусъати тоза мегирад. Сол аз сол биноҳои таълимиву дигар иншоотҳои донишкада азнавсозӣ гардида, фикр мекунам соли оянда вақте бинои факултети информатика ва энергетикаро аз таъмири куллӣ баровардан дигар мушкилот дар ин самт боқӣ намемонад.

Роҳбарияти донишкада тасмим гирифт, ки давоми ду моҳи таътили тобистона ошёнаҳои 2, 3 ва 4 –и хобгоҳоро таъмиру азнавсозӣ намояд. Дар доираи корҳои сохтмонӣ тамоми ҳуҷраҳо, ошхона, долон ва дигар утоқҳои ёрирасон ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта шуд. Ҳамзамон дару тирезаҳо иваз ва дар ҳар як блоки истиқоматӣ ҳуҷраи дастурушӯи бунёд гардид. Ҳамчунин бошандагони хобгоҳ бо мизу курсӣ, рахти хоби нав, либосовезак, китобмонак  таъмин карда шуданд.

Дар маҷмуъ дар соли нави хониш 453 нафар донишҷӯён бо утоқҳои маҷҷаҳҳаз таъмин гардиданд. Донишҷӯён аз чунин таваҷҷӯҳ ва иқдомҳои наҷиб хушнуду сарфароз мебошанд. Илова бар ин синфхонаҳои 101 ва 401-и факултети информатика ва энергетика пурра азнавсозӣ гардид.

Боварии комил дорам, ки ҷомеаи меҳнатии донишкада, хосса донишҷӯён ин заҳматҳои моро сазовор қадрдонӣ намуда, бо хонишу рафтори намунавӣ обрӯи донишкадаамонро боз ҳам баландтар мебардоранд.

Бори дигар  ин  ҷашни муборакро ба ҳамаи устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишкада муборакбод гуфта,  рӯзгори обод, дили шодро таманно дорем.

Саломат бошед!