Модарону хоҳарони азиз!

Баҳор накӯтарин фасли сол аст. Дар ин айёми шукуфтанҳо ва рустанҳо табиат қабои сабз ба бар намуда, диёри офтобии мо боз ҳам ҷилотару назарработар мегардад. Аз замони қадим сокинон баҳорро рамзи рӯшаниву гармӣ ва тароватбахши ҷисму ҷон мепиндоштанд. Баҳори некпай бо худ натанҳо зарраҳои меҳрбори хуршедиро ба хонаву дари мо меоварад, балки меҳру муҳаббат, дилбастагиву садоқатро  қавитар месозад.

Хуш аст, ки таҷлили Рӯзи модар ба чунин марҳилаи зебои сол тавъам меояд. Зеро бонувон мисли баҳор зебоянду мисли табиат офаранда. Сафои зиндагиву рӯзгорон, бахти фарзандону файзи хонадон аз шарофати модарон аст. Зан шабеҳ аст ба баҳор, ба гул, ба ҳар он чӣ, ки дар олам зебосту нозанин ва муаттару хушбӯй. Бо он ҳама нафосату латифӣ ӯст, ки баҳри тараққиёту пешравии ҷомеаи навин дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҳаёт фаъолияти назаррасро соҳиб аст.

Ба маврид аст, ин ҷо аз баҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати зан- модар ёдовар шавем, ки гуфтаанд «Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст.»

Ба тавсиб расидани фармони Сарвари давлат «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», роҳандозӣ гардидани «Стартегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бешубҳа нақши занонро дар ҷамъият хеле боло бурд.

Бо ҳидоят ва раҳнамоии Пешвои муаззами миллат таъсиси квотаҳо барои духтарони аз ноҳияи дурдаст омада, ҷалби бонувони фаъолу ташкилотчӣ ҳамчун вакили мардумӣ ба парлумони кишвар, роҳбарӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо чун сарвар ё муовин таъин гардидани онҳо худ собитгари эътимоду боварии давлат ба нерӯӣ зан – модар аст.

Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои давлат ва Ҳукумат модарон рисолати азалии худро кам накарда, балки бо тарбияи дуруст фарзандони огоҳу ҳушёр ва ватандӯстро тарбия намуда истодаанд. 

Бонувони донишкадаи мо шурӯъ аз устодони собиқадор то кормандони оддӣ чун ҳамешагӣ вазифаҳои худро софдилона иҷро карда меоянд. Саҳми занони донишкада дар фароҳам овардани шароити хуби таҳсил хеле калон аст. Маҳз масъулиятпешагӣ, мисли хонаи худ дӯст доштани донишкадаи худ сабаб шуд, ки дастовардҳои бонувон дар миқёси ҷумҳурӣ хеле калон аст. Танҳо дар як соли охир дар фестивал-озмунҳои атласу адрас, «Дастони тиллоӣ», «Арӯси наврӯзӣ » ва беҳтарин маркази атласу адрасбофӣ бонвони мо мақомҳои аввалро соҳиб шуданд. Хушхабари дигар он аст, ки дирӯз донишҷӯи донишкадаи мо Кароматхон Абдуллоева дар фестивал-озмуни «Суруди модар-алла» миёни 18 шаҳру навоҳӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ олӣ ва миёнаи касбӣ ба гирифтани мақоми сеюм дастёб гардид, ки ин бешубҳа ифтихори мо мебошад.

Дар ин лаҳзаҳои шодмонӣ таманнои онро дорам, ки бигзор тамоми орзуву ормоне, ки дар дил доред, амалӣ гарданд, ҳамаи нияту нақшаҳои зиндагиатон ба воқеият табдил ёбанд.

Ҷашни Рӯзи модар муборак ва аз забони шоир гуфтаниам:

Рӯзгоронро сафо бахшад ҳамеша чеҳри зан,

Хонаи дилҳои мо пурнур созад меҳри зан.

Мезанад фаввора аз дил рез-резон шеъри зан,

Канда чашми ман нагардад лаҳзае аз рӯи зан.

Саломату сарбаланд бошед!