Устодони арҷманд,

Шогирдони азиз!

Дар таърихи тамаддуни башарӣ чеҳраҳое арзи ҳастӣ кардаанд, ки тараққиёту такомулот ва пешравиҳои ин ё он кишвару миллат ба номи онҳо вобастагӣ дорад. Барои миллати қадимаву тамаддунофари мо, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ ба бархӯрдҳои шадиди маҳалгароиву нофаҳмиҳо сар ба сар шуд, чун ҳадяи тақдир ба сари қудрат омадани инсони равшанзамир, соҳибиродаву оқил – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бахту ҳам саодати бемисл аст.

Ҳанӯзам иштирокчиёни Иҷлосия ва тамоми мардуми мамлакат, ки он рӯзҳо чашму гӯш ба симову садо дода буданд ва аз тақдири минбаъдаи Тоҷикистон андеша доштанд, суханронии аввалини Раиси Шӯрои Олии вақт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ёд меоранд. Чӣ қадар ҷасурона, боэътимод ва ҳадафмандона ҳарф заданд, ки дар дили тамоми мардуми сарзаминамон шуълаи нахустини умед ба ояндаи дурахшон пайдо шуда буд.

Меҳру муҳаббати мардум ба вожаи «Сарвари давлат», «Президент» аз ҳамон суханрониҳои нахустин оғоз гардида, баъдан дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷонбозиҳо баҳри таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи хоҷагии халқ кардаи ин шахсияти нотакрори таърихӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сухан, яъне «ПРЕЗИДЕНТ» дар дилу дидаи мардуми баору номусамон маъво гирифт ва аз ҳамон рӯзҳо ошёни меҳри Роҳбари ҷавону умедбахш дар дили мардум ҷойгузин гардид.

Имрӯз Президенти маҳбуби мо барои ҳар оилаву фарди мамлакатамон ва инчунин миллионҳо тоҷиктаборони бурунмарзӣ ҳамчун муаззамтарин инсон, Сарвари давлат, Сарвари тоҷикони ҷаҳон ва мақбултарин симо пазируфта шудаанд.

Дар баробари ҳамаи заҳматҳои бузурги Президенти Тоҷикистон метавон танҳо панҷ хизмати бебаҳои он касро дар мавриди хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ, муайян намудани сохти давлатдории муосири тоҷикон, эҳё ва таҳкими худогоҳиву худшиносии миллӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муаррифии оқилонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ қайд намуд, ки нақши таърихии ин шахсияти бузурги сиёсии сатҳи ҷаҳониро собит месозад.

Маврид ба зикр аст, ки давоми соҳибистиқлолии мамлакат ҳамаи соҳаҳо рушд ёфта, маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат маблағгузорӣ ба соҳаи маориф мунтазам  афзоиш меёбад. Агар маблағгузории соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ соли 1991-ум 1,19 млрд. рубли русиро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2021 ба панҷ миллиард сомонӣ баробар шуд. Нуктаи дигар ин аст, ки то замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошта бошад, ҳоло дар ҷумҳурӣ 41 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо шумори 245 ҳазор нафар донишҷӯ амал мекунад.

Боиси фараҳмандист, ки тайи се сол инҷониб бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни умумиҷумҳуриявии китобхонӣ таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Озмуни мазкур баҳри боло бурдани тафаккур, вусъати эҷодкорӣ, қобилияти луғатдонӣ, маҳорати суханварию суханшиносӣ ва ба ин васила тарбияи насри Ватандӯсту меҳанпараст ва посдорандаи арзишҳои маданиву фарҳангии умумимиллӣ роҳандозӣ шуда, аз дурандешиву оядабинӣ, хиради воло ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад.

         Иқдоми фараҳовари дигар ин аст, ки дар заминаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар самти илмҳои дақиқ низ омуни ҷумҳуриявӣ бо номи “Илм-фурӯғи маърифат” роҳандозӣ шуд. Боиси зикр аст, ки ин озмун баҳри татбиқи барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040” равона шуда, барои дарёфти чеҳраҳои навовару ихтироъкор, донандаи хуби илму техника, тарбияи мутахассисони табиатшиносу ҳисобдон равона гардидааст.

         Мо, ҷомеаи устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз он ифтихор мекунем, ки таъсиси донишкада ба замони соҳибистиқлолӣ рост омада, имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба як муассисаи пешрафта табдил ёфтааст.

Дар бораи фаъолияти сиёсӣ ва иқдомҳои наҷиби Роҳбари мамлакат китобу мақолаҳо ва филмҳои мустанад таҳия ва нашр гардидаанд.

Вале ҳамаи онҳо ҳаёту фаъолияти бунёдкоронаву созандаи Сарвари давлатро пурра фарогир нестанд. Чунки тадбирҳоеро, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули миллат, таҳкими истиқлолият, рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар кулли самтҳо  кардаанд бемислу беназиранд.

Бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Президент табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, умри дароз, саодати рӯзгор ва дар фаъолиятатон дастовардҳои нав орзумандам.