Устодони азиз, шогирдони гиромӣ!

Дар роҳи таърихи беш аз 1000 солаи давлатдории тоҷикон чандин чеҳраҳои олами сиёсат ва адаб дурахшидаанд, ки номи ин миллатро бо ҳама дастовардҳояш  пойдору устувор ва дар арсаи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ намудаанд.

Аз миёни чунин шахсиятҳои таърихӣ ва баркамол номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи таърих бо хатти зарин навишта хоҳад шуд.

Зеро ин абармарди ҳадяи яздонӣ вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик дар ҳоли парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. 

Паёми  нахустини  Сарвари давлат аз Иҷлосияи тақдирсози 16 - уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки  дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд садо дод: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…” шуълае дар дили мардуми азиятдида барафрохт.

Суханони самимӣ ва пурэҳсос, даъват ба ҳамдилӣ, ҳамраъйӣ ва дилсӯзиву ҷонфидоии Пешвои муаззами миллат дар рӯзҳои нахустини Иҷлосия ба руҳи мардум тавон, дар дили вакилон умеду бовариро ба фардои неки ин миллат аз нав эҳё намуд.

 Воқеан, агар мо аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисаҳои рӯзҳои аввали истиқлоли Ватанамон назар афканем, мебинем, ки маҳз Иҷлосияи таърихии 16 - ум сароғози таърихи навини тоҷикон ба шумор меравад.

Имрӯз бо гузашти беш аз 30 соли Иҷлосияи таърихӣ, нақш ва мақоми он боз ҳам возеҳу равшан падидор мегардад.

Бояд гуфт, ки то замони Иҷлосияи таърихӣ яке аз фаъолтарин вакилон маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешуданд ва дар такя бо далелу аснодҳои ҷолиб барои пешрафти кишвар пешниҳодҳои ҳадафмандона медоданд. Суханҳои боҳарорат, масъулиятнокиашон куллан аз дигарон фарқ мекард. Аз ҳар баромадҳояшон дар ҷаласаҳо эҳсос мешуд, ки бештар аз дигарон барои ин миллату халқ месӯзанд.

Имрӯз аз равзанаи давлатдории навини тоҷикон метавон панҷ амали таърихии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мисол овард, ки ба бунёди давлати муосири тоҷикон асос гузошт.

Ин пеш аз ҳама таъсиси ҳокимияти давлатӣ, ташкили низоми дурусти идораи давлатӣ, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳимоякунандаи шаҳрвандон ва таҳияи низоми судӣ мебошад. 

Аз панҷ гурӯҳи асноди меъёрии ҳуқуқие, ки Шӯрои Олӣ қабул кард, ду гурӯҳи аввал ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, сеюм барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, чорум барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гурӯҳи панҷум ба самти муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда буданд.

Дигар аз ташаббусҳои наҷиб, далерона ва қотеъонаи Сарвари давлати тоҷикон  - фароҳам овардани шароит барои боз ҳам бештар ҷалб кардани ҷавонон ва занон ба сафи кадрҳои роҳбарикунанда мебошад.

Маҳз роҳандозии силсилаи барномаву стратегияҳои давлатӣ боис шуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат кадрҳои болаёқати ҳамаи соҳаҳо дар пешрафт ва умури давлатдорӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардиданд.

Соҳаи маориф чун соҳаи калидӣ пайваста дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати фароҳамоварии шароити зарурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар саросари кишвар тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд. Татбиқи амалии Барномаҳои соҳа, диду назари хосса ба пешрафти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дар ин замина муҷаҳҳаз гардидани муассисаҳо бо муосиртарин тенологияҳо, таҷдиди паркҳои технологӣ, густариши равобити хориҷӣ ва ниҳоятан аз 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  то ба 42 адад расонидан аз хирадсолори ва маорифпарвар будани Сарвари давлат далолат медиҳад.

Ин ҳама муваффақиятҳо натиҷаи заҳмату талошҳои  Сарвари давлат аст. Зеро ҳамагон пеш аз ҳама маҳз аз мактаби бузурги инсоншиносии Пешвои муаззами миллат гузашта, садоқат ба Ватан, обу хоки замин, садоқат ба касбро аз кору пайкори ин марди шариф омӯхтаанд.

Таҷрибаи давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар тарбияи наслҳои ояндасози миллат, балки дар пешрафт ва шукуфоии дигар қавму миллатҳо дар садсолаҳои оянда хизмат хоҳад кард.

Ҷашни Рӯзи Президент ва 30 – юмин Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!