Кафедраи сохтмони факултети сохтмон ва нақлиёт дар доираи моҳвораи ҷавонон бори нахуст дар ҷумҳурӣ миёни донишҷӯён озмуни геодезӣ баргузор намуд. Мутобиқ ба низомномаи озмун  донишҷӯён бо харита ва компас муҷаҳҳаз гардида, аз рӯи он 10 нуқтаи назоратиро бояд меёфтанд. Дар даҳ нуқтаи назоратӣ устодони факултет ҳозиршавии донишҷӯёнро мавриди назорат қарор гирифтанд.

Озмуни мазкур барои баланд бардоштани завқи касбияти донишҷӯи дар риштаи сохтмон таҳсилмекарда мусоидат намуд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ин иқдоми кафедраро нек арзёбӣ намуда, баён дошт, ки ҳамин гуна чорабиниҳо завқ ва шавқи донишҷӯёнро ба таҳсили илм зиёдтар мекунад.

Озмун оғоз ёфт ва 24 нафар донишҷӯёни фаъол, ҳушманд ва чаққон барои ҷустуҷӯи нуқтаҳои назоратӣ, ки аз донишкада оғоз ёфта, то бозори марказии Панҷшанбе ҷойгир буд, шуруъ намуданд. Давоми беш аз 1,5 соат донишҷӯён 10 нуқтаи назоратиро ёфта, аз қайд гузаштанд. Ҳамин тавр, донишҷӯ Муслимбек Қодирқулов дар муддати 25 дақиқаю 22 сония ҳамаи 10 нуқтаи назоратиро дарёфта, ба хатти ниҳоӣ расид. Зинаҳои баъдиро Далерҷон Абдуҷабборов, дар фосилаи 25,3 ва Одил Эргашев дар фосилаи 26,24 тай намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касаби донишкада мукофотҳои пулӣ ба ғолибон дар ҳаҷми аз 400 то 200 сомонӣ тақдим карда шуд. Маврид ба зикри хос аст, ки ҳар яке аз иштирокдорони мусобиқа бо либоси махсуси рамзи донишкада дар мусобиқа ширкат варзида, фаъолнокии худро нишон доданд. Дар назар аст, ки чунин мусобиқаҳо дар остонаи ҷашни Ваҳдат боз гузаронида мешавад.