Устодони гиромӣ,

Шогирдони арҷманд!

Ҳанӯз 27 сол муқаддам Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он яке аз дастовардҳои навини мо ба ҳисоб меравад.

Лозим ба тазаккур аст, ки Конститутсияи ҷумҳурии мо ҳамчун шиносномаи давлату миллат ва шоҳсутуни давлатдории навини тоҷикон арзи ҳастӣ дорад.

Имрӯз бо ифтихору бо сари баланд гуфта метавонем, ки ин ҳама дастовардҳо, пешравиҳо, ободкориву созандагиҳо ва обрӯю мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол аз амалигашти Конститутсияи кишвар ва бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст .

Давлати мустақил гуфта, давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад ва артиш бошад. Баробари ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонашон сабт шудаанд. Кишвари мо ҳам соҳиби Конститутсия мебошад, ки мо онро “Қонуни бахт”, “Бахтномаи миллат” мегӯем, зеро дар он тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар сабт шудаанд.

Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд.

Дар қатори мардуми ваҳдатшиори кишварамон ҷомеаи меҳнатии донишкада ба қонуни асосии кишварамон арҷ гузошта, онро роҳнамои худ дар ҳама ҷодаҳо медонанд.

Бо истифода аз фурсати мувофиқ ба кулли кормандони донишкада  умри дароз, тани сиҳат, хотири ҷамъ, хонаи обод ва рӯзгори босаодат таманно карда, орзу менамоям, ки ҷашни 27-солагии қабули Конститутсия низ идомаи комёбию муваффақиятҳои наватон шавад.

Ҷашн муборак!