Баҳори некпай ва Наврӯзи оламафрӯз бо қадамҳои муборакаш диёри моро гулборону гуҳаррез мекунад. Аз файзу баракот ва ташрифи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ин ҷашну сурури сокинони  вилояти Суғд боз ҳам ҷилои дигар гирифта, шодию нишоти онҳоро ҳадду канор нест. Зеро ҳар як сафари Сарвари давлат  ба  ин ё он минтақа ободкориву созандагиро дар пай дорад. Чунончи дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба вилояти Суғд санаи 30 – март дар маросими ифтитоҳи бинои Қасри ҷавонон, ки бо тарҳи хеле зебои миллӣ таъмиру таҷдид гардидааст, ширкат варзиданд.

 Дар даромадгоҳи бино дастовардҳои илмию истеҳсоли муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус пешкаши ҳозирин гардонда шуд. Аснои шиносоӣ бо фаъолияти илмиву истеҳсолии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон номзади илмҳои физика ва математикаи донишкада Хуршед Худойбердиев ба Сарвари давлат иттилоъ дод, ки алҳол устодон ва шогирдони донишкада сари  лоиҳаҳои  пардохти ғайринақдӣ, назорати ҳозиршавии кормандон дар ташкилоту муассисаҳо,  муаррифи забони тоҷикӣ дар барномаҳои компютерӣ, тафтиши имло, тарҷумон, ба таври автоматӣ муайянкунии муаллифи матн кор бурда истодаанд.

Пешвои муаззами миллат барои пажӯҳиш корбарии лоиҳавии устодону шогирдони донишкада баҳои баланд дода, барои боз ҳам хубтар ҷараён гирифтани фаъолияти тадқиқотӣ дастуру супоришҳо доданд.

Зимни вохӯрӣ бо ҷавонони фаъоли вилоят Пешвои муаззами миллат онҳоро ба меҳнатдӯстиву илмомӯзӣ ва аз самими қалб дӯст доштани обу хоки диёрро талқин намуданд. Таъкид шуд, ки дар шароити ҳассоси ҷаҳонишавӣ танҳо он миллат ҳифзу бехатар мемонад, ки сокинонаш, хосса ҷавонон огоҳ аз таъриху тамаддун ва сиёсат бошад. Донистани ду ё се забон ҷавонро ба сӯи муваффақияту пешравӣ ҳидоят мекунад.

Дар посух ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат ҷавонони соҳибиқболи  соҳибистиқлоли вилоят роҳбарияти олии кишварро бовар кунонданд, ки барои рушди такомули зеҳнӣ, амалисозии накшаву ҳадафҳо кӯшиш ба харҷ дода,  Ватанро аз сидқи дил дӯст медоранд ва барои пешрафт ва шукуфоии он саҳм мегузоранд.