Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Парчами мо шукӯҳи озодист” баргузор гардид.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аз номи роҳбарияти донишкада устодону шогирдонро бо ин ҷашни шукӯҳманд табрику муборакбод гуфта, зикр дошт, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл мардуми соҳибназари кишвар бо руҳияи баланди идона 30 – юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд, ки дар тантанаҳои ҷашнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд ва шодишарики кулли мардуми мамлакат гардиданд.   Ин арзишҳо ва дастоварди нотакрор, ки бо талош ва хизматҳои содиқонаи Пешвои муаззами миллаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд, моро ба пешравию муваффақиятҳо раҳнамоӣ намуданд. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ дар қатори интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як рӯйдоди таърихӣ - парчами кишварамон қабул гардид, ки бешубҳа оғози роҳи босаодат,  манбаи ифтихору самимият барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гардид. Барои мо ифтихор аст, ки дар таҳия ва пешниҳоди нусхаи асли аввалин Парчам саҳми олими зиндаёд, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, ки номи Донишкадаро дорад,  калон аст. Вақте парчамро Сарвари давлат бӯсида, таъкид доштанд, ки барои миллат сулҳ меоранд, шодию нишоти халқро поён набуд. 

Мавсуф дар идомаи суханронии табрикии худ аз дастовардҳои шоёни ҷомеаи меҳнатӣ сухан намуда, қайд сохт, ки татбиқи босамари тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонибинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта, яке аз самтҳои асосии сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат маҳсуб ёфта, ин тадбири муҳим дар донишкадаи мо тибқи нишондодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии  пайваста амалӣ карда мешавад. Ширкати фаъолонаи донишҷӯёни донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, олимпиадаву Ҷоми Академияи миллии илмҳо, ба наздик 25 маҳфилҳои илмиву техникӣ  ҷалб шудани донишҷӯён далели пешрафти донишкада дар ҳама самтҳо ҳаст. Мо хуб медонем, ки нерӯи таҳсилоти миллӣ, бешубҳа, ба пешрафти ҷомеа, аз ҷумла ба иқтисодиёту фарҳанги он иртиботи ногусастанӣ дошта, ба устувор гардидани мавқеи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва ҳалли проблемаҳои дохилӣ мусоидат мекунад. Вазифаи  мо –омӯзгорон дар алоқамандӣ ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намоем.

         Сипас барномаи рангини фарҳангӣ, ки саршор аз меҳр нисбати Ватан, Президент ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба аҳли нишаст пешкаш гардид.

         Бо ҳамин чорабинӣ хотима пазируфт.