Шукронаи чунин ободиву озодии кишвари соҳибистиқлол, ки тамоми мардуумони диёр дар фазои озоди он зисту зиндагонӣ мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерӯи созандаи ҷавонони хушиқболи замон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ояндаи Тоҷикистон аз дасти чунин ҷавонони бохираду закӣ аз имрӯз дида дурахшонтар хоҳад шуд.

Дар кишвари мо самти сиёсати ҷавонон бениҳоят дар сатҳи баланд қарор дорад. Зеро дар ҳамаи соҳаҳои гуногун фаъолият ва интихоби озодона барои ояндаи худ барои эшон шароит муҳайё карда шудааст. Бо иқдоми хирадмандонаи сарвари давлат барои таҳсил дар донишкадаҳо Маркази миллии тестӣ ташкил гардидааст. Ва ин ҳама дастгириҳову ғамхориҳо нисбат ба ҷавонон буда, барои ояндаи дурахшони онҳо роҳандозӣ гардидааст.

Дар донишкадаи мо низ соли ҷори теъдоди зиёди довталабон тавассути ин низом дохил гардидда, таҳсили худро идома дода истодаанд.

Воқеан ҳам имрӯз барои донишҷӯёни курси якуми факултети муҳандисӣ – иқтисодии Донишкадаи политехнкии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бисёр ҳам як санаи фараҳбахшу  фаромӯшношуданӣ буд. Чун имрӯз дар толори донишкада Рӯзи донишҷӯ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар чорабини ҳамаи донишҷӯёни курси якуме, ки дорои маҳорати баланди овозхонию, рақосӣ, ровигию ҳаҷвгинори доштанд, баромад намуданд.

Бояд гуфт, ки чорабинии тантанавии мазкур бо иштироки васеъи донишҷӯёну устодон доир гардид. Дар оғоз директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ, Саидӣ Дилавфрӯз Раббизода ҳамаи донишҷӯёнро бо ин рӯзи ҳумоюниву фараҳбахш табрик намуда, онҳоро барои андӯхтани донишҳои амиқи касбӣ роҳнамун сохтанд, сипас декани факултет Мирзоҳамид Бакаев низ донишҷӯёнро шодбош намуда, ба онҳо барои дарёфти донишҳои нави соҳавӣ ҳидоят намуданд.

Ҳамин тавр чорабинии мазкур ба қисми адабӣ –фарҳангӣ оғоз намуд, ки пешниҳоди шеърҳои ватандӯстона, рақсҳои мафтункунанда, таронаҳои дилошӯб, монологҳои тарбиявӣ, сурудҳои хориҷӣ ва ҳаҷвҳои гуворо хотири аҳли нишастро болидатар сохт.