Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид  ҷиҳати ошноӣ аз раванди таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникӣ ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ташриф овард. Зимни азназаргузаронии дастовардҳои донишкада Вазири маориф ва илми кишвар ба роҳбарияти донишкада дастур дод, ки таҷрибаи раванди таълимии сиклӣ ва тарзи иҷроиши сарборие, ки дар донишкада роҳандозӣ шудааст, бояд дар дигар муассисаҳои олии кишвар ҷорӣ карда шавад. Зеро ин намуди таълим масъулият ва салоҳияти устодонро баланд бардошта, онҳоро ба навовариву навҷӯи талқин мекунад.

Нуриддин Саид дар идомаи вохӯрӣ зарурати тағйирот нисбати қабули довталабон ба магистратураро бо мисолҳои возеҳ фаҳмонид. Зикр шуд, ки шогирдони боистеъдоду навовар, ки зимни таҳсил худро фаъол нишон додаанд, бояд ба таҳқиқу пажӯҳиш бештар ҷалб карда шаванд.

Вазири маориф ба тадқиқоту раванди корҳои амалии устодону шогирдони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ баҳои баланд дода, бори дигар аз устодон даъват ба амал оварданд, ки ҳамвора илмро бо амалия пайваст созанд. Махсусан ба устодоне, ки ба тадқиқоти тафтиши орфографии калима машғуланд, тавсия дода шуд, ки барои омоданамоии барномае, ки бевосита тафтиши автоматики ҷумларо назорат мебарад, машғул шаванд.

Ёдовар мешавем, ки шогирдони ин кафедра, устодони ҷавони донишкада Парвиз Солиев ва Абдунабӣ Қосимов соли гузашта дар озмуни «Беҳтарин барномасоз» дар миқёси шаҳри Хуҷанду вилоят мақоми аввалро соҳиб гардиданд.

Вазир ҳамчунин ба тадбиқи раванди таҳсилоти фосилавӣ баҳои баланд дода, пешниҳод намуд, ки минбаъд низ бо баргузори семинару конфронс бо иштироки устодони мактабҳои олии кишвар ин таҷрибаи андӯхтаро паҳн намоянд. Директори донишкада номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода қайд намуд, ки соли шашум аст, ки ин раванди таълим дар донишкада ҷараён дошта, аввалин хатмкунадагон бо дониши баланд пайи кору истеҳсолот ҳастанд. Иттилоъ дода шуд, ки устодон бо вебинарҳо ба шогирдон дарс гузашта, бо мақсади санҷиши воқеии дониши шогирдон соле як маротиба донишҷӯ даъват карда мешавад.

Ба Вазири маориф ва илми кишвар намунаи корҳои эҷодиву истеҳсолии кафедраи химия ва агротехнология низ хеле писанд омад. Шогирдони ин кафедра дар баробари такмили дониши назариявӣ, ҳамчунин бо истифода аз лабораторияҳои муҷаҳҳаз, ки соли равон боз аз ҳисоби маблағҳои грантӣ такмил ёфтанд, таҷрибаашонро ғанӣ мегардонанд.

Сифати дӯхти либосҳои мактабӣ, ки дар назди парки технологии донишкада ба роҳ монда шудааст, писанди вазир гардида, номбурда барои боз ҳам васеътар гардидани доманаи фаъолият ва кушодани сехҳои дӯзандагӣ дар минтақа ҷануби кишвар ба роҳбарияти донишкада супориш дод.

Боздид аз лабораторияҳои таъмини барқ ва автоматика, самаранок истифода бурдани лабораторияҳо, ҷустани роҳҳои ҳамкорӣ бо коргоҳҳо ва ҷорӣ кардани истеҳсоллти барқи алтернативӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни ин ихтисос зимни вохӯрӣ вазир таъкид дошт. Дар ин замина Саид Нуриддин ба роҳбарияти донишкада супориш дод, ки дастоварди донишкада бояд берун аз кишвар низ муаррифии шоиста шавад, то теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ низ сол аз сол зиёдтар шавад.

Саид Нуриддин ҳамчунин аз майдончаи футбол дидан намуда, барои баргузории мусобиқаи футбол байни муассисаҳо  тавсияҳо дод.

Дар стансияи  таъмири автомашинаҳо бештари донишҷӯёни дар риштаи роҳу нақлиёт таҳсилдошта машғулиятҳои амалӣ мегузаронанд. Ҳамчунин ба масъулин вазири маориф ва илми кишвар дастур дод, ки чунин марази ташхисию таъмирӣ дар маркази шаҳр таъсис дода шавад.

Вазири маориф аз рафти омодагӣ ба зимистон, ҳолати воқеии дегҳои гармкунӣ, захираи ангишт дидан намуда, барои боз ҳам хубтар омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон дастурҳо дод.

Дар фарҷоми мулоқот Саид Нуриддин Саид аз устодони донишкада даъват ба амал овард, ки собитқадамона меҳнат намуда, ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои азими меҳнатӣ истиқбол намоянд.