Ҳамасола санаи 23 сентябр  Рӯзи Хуҷанди бостонӣ  - рӯзи  шаҳри дӯстдоштаву маҳбубабон ботантана таҷлил карда мешавад. Имсол низ 23 сентябр рӯзи шаҳри Хуҷанд бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар маркази шаҳр ҷашн гирифта шуд.

Чорабинии идона бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам  Раҷаббой Аҳмадзода,  Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд муҳтарам  Раҷаббой Аҳмадзода,  Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода ҳамроҳи меҳмонони олиқадр аз хаймаву растаҳои ҳунарҳои миллӣ, ки онҷо маҳсули дастранҷи ҳунармандон гирд оварда шуда буду  расмҳои кашидаи рассомон ба ҳусни чорабинӣ ҳусни дигар мебахшид, дидан намуда, ба ҳунармандону офарандагони  он баҳои баланд доданд.

Дар қатори дигар макотибу муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ низ бо доираи васеи устодон ва шогирдон иштирокчии ин чорабинӣ гардиданд.

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуда, мардуми шаҳрҳо бо Рӯзи Хуҷанд табрик намуда, ба сокинони шаҳр баҳои арзанда доданд.

Баъдан, Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода тамоми сокинони Хуҷандшаҳрро табрику таҳниятҳо намуда, зикр намуданд: «Воқеан, 23 сентябр рӯзи шаҳрест, ки онро оламиён “Тирози ҷаҳон” мехонанду он чун шаҳри некӯкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст. Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва дар айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад».

Хуҷандшаҳр имрӯз бо олимону адибон, муаррихону устодон, ҳунармандону санъаткорон, шаҳрсозон  ва мардуми шарафманди хеш ифтихор дорад. Мардуми шарафманди Хуҷанд ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмати ҳамарӯзаи худ ба пешрафт ва шукуфонии давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ карда истодаанд, ки дастовардҳои мо дар чанд соли охир шаҳодати он аст.

Баъди қисмати сиёсӣ шоу-консерти идона бо иштироки ҳофизони номии вилоят, аз ҷумла ҳофизи шинохтаи Тоҷикистон Далер Назаров баргузор гардид, ки табъи сокинони шаҳрро болида намуд.

Ин чорабинӣ то дер дар лавҳи хотири иштирокдорон боқӣ хоҳад монд.