Ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ки санаи 5 июн таҷлил карда мешавад, бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар толори калони маҷлисгоҳи донишкада чорабинии илмиву омӯзишӣ бо иштироки намояндаи ин ниҳоди давлатӣ Хуршед Саидов доир гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии имрӯза баланд бардоштани маърифати экологии донишҷӯён мебошад.

Навори видеоӣ доир ба захираҳои оби Тоҷикистон, ҳифзу нигаҳдошти он дониши аҳли нишастро нисбати табиати биҳиштосои кишвар зиёд намуд.

Дар намоиши видеоӣ омадааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чашмаҳои беҳамтои шифобахш ва обҳои минералӣ мебошад.  Дарёҳои азими кишвар - Сирдарё, Амударё, Вахш, Панҷ, Зарафшон, натанҳо қисме аз заминҳои Тоҷикистонро шодоб мекунад, балки сарчашмаи асосии  оби Осиёи Миёнаро ташаккул медиҳад.  Тоҷикистон ҳамчунин дорои кӯлҳои зиёди оби мусафффои нӯшиданӣ буда,  шумораи умумии онҳо  1300 адад мебошад.  Калонтарини онҳо – Қарокул, Сарез, Ёшилкул ба ҳисоб мераванд. Дар асос кулҳо дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд. Дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон захираҳои азими барфу ях ҷамъоварӣ шуда, сарҳади иқлими барфи доимӣ дар баландии 3500-3600 метр дар ҷониби ғарбӣ оғоз мегардад ва дар тарафи шарқӣ бошад, то ба баландии 5800 метр боло мебарояд. Масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон зиёда аз 8476 метри мурабаъро ташкил менамояд. мебошад. Дар ин ҷой зиёда аз ҳазор пиряхҳо бо дарозии 1,5 километр ба қайд гирифта шудааст.

Дар гузориши Хуршед Саидов қайд шуд, ки ҷаҳони муосирро дар баробари хатарҳои сиёсӣ ҳамчунин хатарҳои экологӣ ба ташвиш оварда аст. Ҳамасола партовҳои азими коргоҳҳои саноатӣ ба дарёву баҳрҳо мерезанд, ки ин боиси ифлосшавии муҳити зист гардида истодааст. Гузашта аз ин ҷомеаи ҷаҳониро боз як хатари дигар – истифодаи бемайлони зарфҳои пластикӣ ба ташвиш овардааст. То кунун ҳудуди 6,3 миллиард партовҳои пластикӣ дар ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Мо худ ҳар рӯз шоҳидем, ки дар ҷӯйборҳо, қади кӯчаҳо зарфҳои пластики зиёде хобидаанд. Азбаски зарфҳои пластикӣ зуднестшаванда  нестанд, онҳо то дер маҳфуз мемонанд. Ҳоло ҳамасола 8 миллион тонна зарфҳои пластикӣ ба уқёнусҳо рафта мерезанд.

Аз ин хотир соли равон Рӯзи ҳифзи муҳити зист, ки дар кишвари Ҳиндустон доир мегардад, ба мавзӯи  «Масъалаҳои мубориза бар зидди зарфҳои пластикӣ» унвон гирифтааст.

Номбурда аз устодон ва донишҷӯён даъват ба амал овард, ки барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист аз ҳар вақта дида иқдом варзанд.

Дар идомаи ҷаласа Хуршед Саидов ба фонди китобхонаи донишкада китоби тозанашри «Китоби сурхи Тоҷикистон»-ро кии борат аз ду ҷилд аст тақдим намуд.