Устодон ва шогирдони гиромӣ!

Кормандони азиз!

Фарорасии Соли нави мелодии 2019-ро бароятон сидқан шодбош гуфта, таманнои онро дорам, ки офияти пайваста, иқболи баланд, саодати зиндагонӣ, комрониву сафо, хушрӯзиву фаррухфолӣ ҳамрадифи рӯзгоратон бошад. 

Воқеан ҳам, соли рафтаистода барои ҷомеаи меҳнатии донишкада мо соли фатҳу кушоишҳо маҳсуб  меёбад. Зеро дар ин соли таърихӣ, ки аз тарафи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда буд, ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ соҳиб гардидем.

Боиси хушнудист, ки Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид  бо нишони таваҷҷӯҳ аз меҳнати ободкоронаи  устодону кормандон ба донишкада ташриф оварда, барои боз ҳам баланд гардидани сифати таълиму тарбия дастуру ҳидоятҳо доданд. Самараи роҳнамоии онҳо, меҳнати собидқадамонаи Шумо, устодони муҳтарам буд, ки пояи моддиву техникӣ устувор, робитаи донишкада бо муассисаҳои олии хориҷӣ, ҳамкорӣ бо ташкилоту корхонаҳо густариш ёфта, сол аз сол теъдоди довталабон ба донишкада меафзояд.

          Дар ин лаҳзаҳои нишотовар ба ҳамаи Шумо тансиҳатию хонаободӣ, садоқат ба ин боргоҳи илму маърифат дар роҳи созандагиву ободкорӣ, таҳкими амнияти миллӣ баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз комёбию сарбаландӣ, рӯзгори босаодату хотири ҷамъро таманно дорам.

Бигзор Соли нав бароятон дар роҳи расидан ба мақсадҳои наҷиб барору кушоишҳои нав ба нав орад!

         Соли нав муборак!