Тибқи нақшаи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, хурофотпарастию ифротгароӣ, ташвиқи фарҳанги миллӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим дар Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии зуҳуроти номатлуб байни ҷавонон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мулоқоти озоду шаффофи муовини якуми Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон, ёвари директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон Шаҳбоз Шосаидзода, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашуров, сардори Раёсати кор бо занон оилаи вилоят Хоҷазода Хуршедахон, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ бо донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.

Чорабиниро Хоҷазода Хуршеда ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки Мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи давлатдориро боз ҳам ҳассостар ва муҳимтар гардонидааст. Зеро имрӯз бинобар огоҳ набудан аз авзои сиёсии ҷаҳонӣ, сатҳи пасти дониши сиёсиву динӣ, ҳушёрии сиёсиро аз дасти додан ҷавонони зиёде ҷони худро дар майдонҳои набарди сурияву Ироқ аз даст дода истодаанд. Зуҳур кардани чандин ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремистӣ дошта, боиси он гардида истодааст, ки ҷавонони мо ноогоҳона ба он шомил шаванд. Вазъияти имрӯзаи кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои ҳар яки мо маълуму возеҳ аст. Гурӯҳи ба ном исломии Толибон зимоми давлатдории ин кишварро ба даст гирифта, барои маҳви аҳли зиё, поймол кардани ҳуқуқу манофеҳои кӯдакону занон машғул ҳастанд. Ин амали онҳоро душманони миллати мо дар хориҷа истода ба истилоҳ аз пашша фил месозанд.

Дар баромади Нигорахон Ғаффорзода таъкид шуд, ки Президент аз рӯзҳои нахустини фаъолияти роҳбарӣ ба беҳдошти рӯзгори бонувон, нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд. Моҳи сентябри соли 1998, таҳти рақами 363 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардида, барои амалӣ намудани ҳадафҳои он 14 вазорату кумита ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд. Қабули Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми муносибатҳои мавҷударо вобаста ба оила ба танзим даровард. Санади дигари муҳим дар ин самт Фармони Президенти кишвар аз 3 декабри соли 1999 таҳти рақами 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки байни мардум инқилоби фикриро ба вуҷуд оварда, баҳри аз байн бурдани стереотипҳои гендерӣ оид ба нақши зан дар ҷомеа заминаи мусоидро фароҳам овард. Ин ҳуҷчати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар дар масъалаи беҳдошти занон аз ҷумла, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», боби иловагӣ ба Барномаи мазкур «Дастрасии занони деҳот ба замин», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо»,  Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, «Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ барои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои солхои 2006-2010», «Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои соли 2008-2010», «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солои 2012-2015», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯровари дар оила”, “Барномаи давлатии пешгирии зуровари дар оила барои солҳои 2014- 2023”, “Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва даҳҳо дигар фармоишу қарорҳо, ки ба  беҳдошти вазъи иҷтимоӣ - иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст.

Самараи роҳандозии чунин тадбирҳо буд, ки агар дар соли 1991 аз 95 ҳазор нафар кормандони соҳаи маориф 52 дарсадро занону духтарон ташкил медоданд, пас, ин нишондод дар соли 2021 ба 73 фоиз расонида шудааст. Ҳамчунин, дар соҳаи тандурустӣ шумораи бонувони корманд аз 25 ҳазор нафар ба 57 ҳазор расидааст. Саҳми бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35 ҳазору 600 нафар ва занони соҳибкор 77 ҳазору 400 нафарро дар миқёси ҷумҳурӣ мебошанд.

Ҳузури чашмраси бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳаи илм ва дигар сохторҳои кишвар аз натиҷаҳои судманди иҷроиши қонуну фармонҳо ва дигар санадҳои меъёрии вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дарак медиҳад.

Ҳамзамон мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, натиҷаҳои интихоботи соли 2020 нишон медиҳад, ки ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар занон ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Ба андешаи баромадкунанда мушкилии умдаи натанҳо бонувон, балки аҳли ҷомеа ин омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад. Тавре аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, дар давраи ҳисоботӣ 12 ҳазор оила, пош хӯрда, 10 ҳазор кӯдакон бепарастор мондаанд, ки бояд дар ин ҷода масъулият зиёд карда шавад.

Шаҳбоз Шосаидзода қайд намуд, ки бузургтарин неъмат ба насли одамӣ, пеш аз ҳама ба ҷавон ин вақт аст. Онро зоеъ паси сар намуданд, хиёнат пеш аз ҳама ба падару модар ва баъдан ба Ватану миллат метавон арзёбӣ намуд. Ӯ чор омили шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ бо мисолҳои возеҳ фаҳмонид. Якум сатҳи пасти худшиносӣ, ҷаҳонишавии муносибатҳои фарҳангӣ, эҳсосоти динӣ ва манфиатҳои абрқудратҳо. Бояд аҳли ҷомеа, устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ  ҷавононро дар руҳияи баланди миллӣ тарбия намоянд.

Алиназар Ашуров зимни баромад гуфт, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ даро соҳаи илму маориф” эълон гардида буд.  Ҷиҳати татбиқи ин ташаббус ва ибтикори Ҷаноби олӣ, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд. Дар Паёми имсола бошад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: Зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуривӣ зери унвони “Илм- фурӯғи маърифат” гузаронида шавад. Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз озмунҳои қаблӣ- аз ҷумла аз озмуни “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” ёдоварӣ карда, сараввал дар сатҳи баланд доир гардидани ин озмунро бо изҳори қаноатмандӣ қайд карданд. В-аз он пас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин натиҷаи баргузории ин озмунро бо суханҳои зайл ташреҳ доданд. Ин озмунҳо як нуқтаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.

Аз ин лиҳоз доир гардидани озмуни ҷумҳуривии “Илм- фурӯғи маърифат” як иқдоми дигари бузурге барои пешрафти илм ва фарҳанг, аз он ҷумла илмҳои дақиқ ва риёзӣ маҳсуб меёбад.  Дар асри бистуяк ҳаёти босуботи аҳли ҷомеа, зиндагии ҳаррӯзаи шаҳрвандони мамлакат, бе шакку шубҳа, бо пешрафти илмҳои дақиқ,  бахусус, дастёбӣ ва дастрасии насли наврас ба илму навовариҳо ва навгониҳо дар истеҳсолоти ҷаҳонӣ дар тавъам аст. Донишкадае, ки мо алҳол дар он ҳузур дорем, дар  татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат нақш ва мақом хоса дорад. Бояд донишҷӯён дар ин озмунҳо ширкати фаъолона дошта бошанд.

Аз номи донишҷӯёни донишкада Мӯҳсинҷон Ҷӯраев ба аҳли нишаст ваъда дод, ки бо хониши аъло ва рафтори намунавӣ барои меҳани азиз хизмати босуботона мекунанд.

Зариф Довудов, муовини директор оид ба тарбия миннатдории ҷомеаи меҳнатии донишкадаро барои фароҳам овардани чунин як мулоқоти озоду шаффоф иброз намуд.