Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар самти вусъатёбӣ ва рушди устувор доимо кӯшиш ба харҷ дода, ҳамеша аз пайи наовариҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошад.

Ҳамагон огаҳ ҳастанд, ки робитаи донишкада бо донишгоҳҳои бурунмарзӣ хеле қавӣ буда, ҳамкориҳои тарафайн  самараи худро дода истодаанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, намояндагони Донишгоҳи технологии Гуилини Ҷумҳурии мардумии Чин Хонгу Зенг, Ксияопенг Жанг, Хуа Лин, Хайксянг Ли ба донишкадаи мо ташриф оварда, аз ҷараёни таълиму тарбия, пояи моддиву техникӣ наздиктар шиносоӣ пайдо намуданд.

Ҳайати меҳмононро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбати озоду самимӣ меҳмонон аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки дидани шаҳри зебою қадимаи Хуҷанд насибашон гашт. Меҳмонони олиқадр аз лабораторияҳои муосири факултетҳои информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт ва муҳандисӣ-технологӣ дидан намуда, бевосита бо донишҷӯён сӯҳбати гарму самимӣ намуданд. Меҳмонон ба шароити таълиму тарбия, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим баҳои баланд дода, изҳори боварӣ  намуданд, ки робитаи мустаҳками ду муассисаи олӣ барои боз ҳам баланд шудани мавқеъ ва мақоми донишкада мусоидат мекунад.  

Дар назар аст, ки донишкада бо Донишгоҳи технологии Гуилини Ҷумҳурии мардумии  Чин  се самт шартнома -  ташкили факултети муҳити зист дар донишкада, ташкили лабораторияҳо, таҳсил ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ивази таҷрибаи устодон ба таври муштарак мебандад.

Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ зимни суҳбат қайд намуд, ки бо дастовардҳои Донишгоҳи Гуилини Ҷумҳурии мардумии Чин аз наздик ошоноӣ дорад  ва дар яке аз форумҳои он иштирок ва суханронӣ намуда буд. Алҳол як донишҷӯи донишкада дар ин донишгоҳ дар асоси шартнома таҳсил дорад. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки донишкада аз рӯи 19 ихтисос кадрҳо омода мекунад. Соли равон дар пояи факултети муҳандисӣ-технологӣ барои 20 ҷойи ихтисоси ҳифз муҳтити зист иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Гуилини Ҷумҳурии мардумии Чин дар шаҳри зебою афсонавии Гуилин соли 1956 сохта шуда, яке аз муассисаҳои пешрафтаи ин кишвар буда, алҳол дар 17 факултети донишгоҳ наздики 19 ҳазор донишҷӯён таҳсили илм доранд. Донишҷӯёни  беш аз 30 давлати хориҷӣ инҷоро хонаи дуюми худ меҳисобанд. Зеро ин ҷо барои такмили дониш ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошад.

Бо як ҷаҳон таассурот ҳайати меҳмонон аз донишкада рафтанд.