Фароҳам овардани ташкили ҷойҳои нави корӣ, дастгирии бозори меҳнат ва ба он ҷалб намудани шумораи ҳар чи зиёдтари бекорон аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон зикр медоранд, ки барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бояд мутахассисони сатҳи касбияташон баланд омода карда шаванд. Таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат ба сатҳи омодасозии мутахассисони соҳаи муҳандисӣ, техникаву технология бештар аст. Зеро иқтидори истеҳсолии кишвар дар сурате пеш меравад, ки ин соҳаҳо рушд ёбанд.  

Ҳамасола бо мақсади амалӣ намудани  ин дастуру нишондодҳои Сарвари давлат дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ярмаркаи ҷойҳои кории холии «Интихоби мутахассиси арзанда» доир мегардад. Ин чорабинии муҳим ин дафъа низ дар сатҳи хуби ташкилӣ баргузор гардид.  Дар саҳни донишкада намоиши дастоварду ихтирооти устодону донишҷӯёни донишкада, ҳамчунин имкониятҳо ва афзалиятҳои 60 коргоҳҳои вилоят тавасстути видеролик, варақаҳо   ба маъраз гузошта шуданд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов баён дошт, ки  роҳбарияти донишкада дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, сол аз сол вазъи пояи моддиву техникии худро беҳтар менамояд.  Ҳамчунин дар омода сохтани мутахассисони воқеан ҳам арзандаи соҳаҳо ва саҳм гузоштан ба чор ҳадафи стратегии мамлакат саъю талош меварзад. Дар ин ҷода таъсиси озмоишгоҳҳои замонавӣ барои тақвияти дониши устодону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо мақсади тақвияти  ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо роҳбарияти донишкада тасмим гирифтааст, ки бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо  силсиламулоқотҳо доир намуда, барои пешравии кор, робитаҳоро мустаҳкам намояд.

Зимни вохӯриҳо бо роҳбарони соҳаҳои кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, маҳсулоти хӯрока, энергетика, сохтмон ва меъморӣ мушкиливу муаммоҳо гуфта шуд. Таъкид гардид, ки ҷараёни таҷрибаомӯзиҳо тақвият мехоҳад. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки донишкада дар назди ташкилоту муассисаҳои корхонаи муштараки “Ҷавонӣ”,  коргоҳҳои “САТН”, “Тиниал”, “Суғдшаҳрофар-М”  бонкҳои “Арванд”, “Эсхата”, шабакаҳои барқии вилояти Суғд, филиали Суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҷамъияти саҳҳомии “АРЗ -4” ва “Асотсиатсияи  АББАТ” кафедраҳои сайёри худ таъсис дод. Ва чорабинии имрӯза имконият медиҳад, ки хатмкунандагон  тавассути интихоби коргоҳ роҳи худро дар зиндагӣ ҷӯё шаванд.

Дар баромадҳои Тӯра Муродович Атамов,   директори шабакаҳои барқии Суғд, Нарзулло Дадобоев, муовини раиси раёсати Ассотсиатсияи сохтмончиён ва коркардчиёни  “Кедр”, Зафар Охунов, директори генералии ширкати сохтмонии “Тиниал” зикр шуд, ки маҳз ҳамасола баргузории чунин чорабинӣ имконият медиҳад, ки ташкилоту коргоҳҳо мутахассисони ояндаро интихоб намоянд. 

Дар қисмати дуввум намояндагони корхонаҳо дар алоҳидагӣ аз рӯи самти ихтисосҳо бо хатмкунандагон вохӯрӣ намуда, оид ба ташкилоти худ, талаботҳо ба кор маълумот дода, ба саволҳои пайдогардида посухҳои мушаххас доданд.  

Маврид ба зикр аст, ки аксари коргоҳу ширкатҳое, ки дар чорабинии мазкур ширкат варзиданд, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ муваффақанд.  

Боварии комил дорем, ки ярмаркаи “Интихоби мутахассиси арзанда” барои вусъати робитаи донишкада бо ташкилотҳо мусоидат намуда, ба   хатмкунандагон қадами устуворе барои ояндаи дурахшон мегардад.