Соати чори субҳи 22-юми июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.

Ин чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, соати ҳафти субҳ бо натиҷаҳои сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.

Чорабиние, ки ҳамагӣ 3 соат идома ёфт, аҳамияти бузурги стратегӣ, минтақавӣ ва умумиллӣ дошт. Дар 3 соат дастоварди беназири иқтидори ҳарбии мамлакати соҳибистиқлол давоми 30 сол ба маърази тамошо гузошта шуд.

Мушоҳида карда шуд, ки иқтидори ҳарбии мамлакат аз тасаввур бештару беҳтар аст, баростӣ то ба ин сатҳ расидани техникаву лавозимоти ҳарбӣ, тартибу низом, аслиҳаву муҳимоти муосири ҷангӣ муҷаҳҳаз намудани Артиши миллӣ ва мақомоти қудратии Тоҷикистони азизамон дар тамоми қаламрави кишвар боиси аҳсану офарин аст. Табиист, ки  ин ҳама бо сайъу талоши Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии ин абармарди миллат рўйи кор омадааст. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бисту ҳашт сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, дар майдони холӣ аз таъсис дода шуд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.

Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Яъне афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.

Мегўянд, ки “Иштирок дар машқи низомӣ аз ҷанг душвортар аст”. Ин бесабаб нест. Воқеан ҳам масъулияти азим ва ҷиддиро чунин машқҳои низомӣ аз ҳар як иштирокчии он талаб дошт. Мушоҳидаҳои пахши мустақим собит намуданд, ки воқеан ҳам бо далериву чолокӣ дар як мудати кўтоҳ аскарону афсарон ва шаҳрвандони дар эҳтиёт буда бо техникаву лавозим ва олоти ҷангӣ дар маконҳои муайяншуда саф кашиданд.

Баргузории чунин маъракаи умумимиллӣ дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза рўйи кор омад ва бешубҳа иқтидор, тавоноӣ ва аз ҳама муҳим якдилию якмаромӣ ва сарҷамъии шаҳрвандонро алайҳи ҳамагуна таҳдиду зуҳуррот собит сохт. Маълум гардид, ки ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад. Вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз мураккаб гардида истодааст.

Дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа таъкид намуд, ки мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон ҳамеша омода бошем.

Мушоҳидаи муҳим ва омўзанда он буд, ки иштирокдорони машқи низомӣ, бахусус афроди эҳтиётӣ бо ҳисси баланди ватандўстӣ, бо эҳтиромгузорӣ ба либоси ҳарбӣ ва масъулияти хештанпарварӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, то зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем.

Мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.

Мусаллам аст, ки иқтидор ва қобилияти ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, пеш аз ҳама, аз сатҳи касбияти мутахассисон, яъне кадрҳои низомӣ, донишу таҷриба ва маҳорату малакаи онҳо вобаста мебошад. Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала мо то имрӯз дар дохили кишвар ва дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ беш аз даҳ ҳазор кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯи низомиро тайёр кардем. Ҳоло боз ҳазорҳо нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои тайёр кардани кадрҳои ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил карда истодаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузошта, таъкид намудаанд, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва мушкилоти ин кишвар бояд бо роҳҳои мусолиматомез ва осоишта ҳаллу фасл карда шавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ санаи 22. 07. 2021 дар дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба қазияи Афғонистон зикр намудаанд, ки : “Бо дарназардошти чунин таҷрибаи талхи таърихӣ, мо ҳеҷ гоҳ ба масоили дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем. Ҳамчунин, қотеона иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем. Баръакс, мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсояи наздиктарини мо, кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо мебошад. Бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем.

Ин суханҳо аз ҷониби сиёсатмадорони давлати Афғонистон ва мардуми он истиқболи гарм пайдо намуд. Аз ҷумла Ҳомид Карзай раисҷумҳури пешини Афғонистон дар саҳифаи фейсбукиаш аз суханронии ахири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқболи бесобиқа карда, Пешвои миллати моро  дӯсти ҳамешагии Афғонистон хонд.

Карзай Тоҷикистонро "кишвари дӯсту бародар" хитоб карда ва навиштааст:"Тайи чаҳордаҳ соли давраи хидматам бо Тоҷикистон ва бахусус бо шахси оқои раисҷумҳур равобити бисёр нек ва бародарона доштем. Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини сулҳ ва суботи пойдор дар Афғонистон буда ва ин воқеият як бори дигар дар суханронии ахири ҷаноби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбозтоб ёфт. Орзумандам, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни ду кишвар, Афғонистон ҳарчи зудтар соҳиби сулҳ ва оромиши сартосарии пойдор гардад".

Ҳамчунин як қатор коршиносон, шаҳрвандони афғонистон дар сомонаҳои минтақавию байналхалқӣ ҷасорат, самимимият ва инсондўстии Пешви муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсан хонда, онро намунаи олии арҷгузорӣ ба фарҳангу оини халқиятҳои Афғонистон арзёбӣ намуданд. Масалан Аҳмад Муршед навиштааст: “Сипос ба Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон! Барои ҳамдилӣ ба халқияти афғон”. Сайфурраҳмон Аҳадӣ гуфтааст: “Эмомалӣ Раҳмон инсони комил ва хуб аст. Тоҷикистон ҳамсояи наздики мо ва забони мо. Худованд чунин қаҳрамонҳоро дар паноҳаш нигоҳ дорад”.  Ҳусайн Саидзода наивштааст, ки «Орзу дорам, ки Афғонистон низ чунин Пешво ва сиёсатмадор дошта бошад. Эҳсосот воқеъӣ ва ғамшарикӣ ба халқи Афғонистон ҳис карда мешавад. Зиҳӣ Пешвои тоҷикони ҷаҳон-Эмомалӣ Раҳмон”.

Мусаллам аст, ки миллионҳо нафар шаҳрвандони Афғонистон солҳост, ки беватан ҳастанд ва дар даҳҳо мамлакати дунё, дур аз ватани аҷдодӣ ва хонаву дари худ умр ба сар мебаранд. Ва ба қадри озодӣ, оромӣ ва таъмину амнияти кишвар мерасанд то ба кадом дараҷа муқаддас будани онро дарк менамоянд.

Ин баҳои одилона ва холисона коршиносон ва сокинони Афғонистон бори дигар сиёсатмадори дар сатҳи ҷаҳони будани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

Ба касе пӯшида нест, ки чорабини мавриди назар ба вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки рӯз ба рӯз мураккаб гардида истодааст, рабт дорад. Ин амри воқеист, чунки дар сурати муносибати дуюмдараҷа зоҳир намудан вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилоти террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти хатарнок метавонанд сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишвари моро халалдор намояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Артиши миллӣ ҷиҳати бунёду таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, ташкили навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, пурра намудани он бо ҳайати шахсӣ ва беҳдошти омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Артиши миллии кишвар дар муддати хеле кӯтоҳ ба як нерӯи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд.

Ҳифз ва ҳимояи Ватан, муҳофизати арзишҳои миллӣ, масъул будан дар оромию осоиштагии кишвар вазифаи ҷонии ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. "Марз-2021" собит намуд, ки воқеан Тоҷикистон дорои неруи мастаҳками ҳарбӣ буда, бо истифода аз он дар ҳар шароите қодир аст, ки сулҳу суботи кишварро таъмин намояд. Гузашта аз ин, тамоми шаҳрвандони кишвар низ собит намуданд, ки бо матонату ҷасорат ва ғурури баланди тоҷикона омодаанд, ки ба қимати ҷон истиқлол ва оромии Ватанро гиромӣ ва ҳифз намоянд.

Мо бояд шукрона ин давлату миллат намуда, дар канори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии сарзамини аҷдодиямон саҳмгузорӣ намоем.

Маъмури Юсуфзод, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Даврони ҷавонӣ даврони умеду орзуст. Даврони нишоту тароват аст. Дар ҳалқа аз ҳаёт, дурнамои ояндаи зиндагӣ барои ҳар ҷавоне монанди рӯёҳои ширин дар баробари дидагони пурфурӯғаш маҳсум мегардад, фикрҳо мекунад, нақшаҳо мерезад ва орзуҳои баланд дар мағзи худ тарҳрезӣ намуда, дар ҷарайёни зиндагӣ ба сӯи он ҳаракат мекунад.

Ҷавонон чархаҳои мутаҳаррики ҳар миллатанд. Маҳз ҷавонон иқтисодро тайир медиҳанд, сатҳи иҷтимоиётро баланд мебардоранд, сиёсатро мунаввар месозанд ва тозакориҳое дар ҷомеа ба вуҷуд меоранд.

Боиси хушнудист, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ба масъалаи ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ аҳамияти бештар зоҳир шуда, саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат фузунтар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пашбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Агар имконият ва сатҳи рушди ҷавонони имрӯзаро бо ҷавонони 30 соли пеш муқоиса намоем, бешак қазоват хоҳем кард, ки ҷавонони имрӯз хеле ташккул ёфтаанд.

Феълан на танҳо дар Тоҷикистон, балки тамоми олам дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад.

Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, фароҳам сохтани шароити рушд дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Дар вохӯрии ахири Пешвои миллат бо ҷавонон масъалаҳои асосии самти ҳаёти ҷавонон, аз ҷумла таҳсилу илмомӯзӣ, ихтирокорӣ, иштирок дар чорабинӣ ва озмуну олимпиадаҳои сатҳи дохил ва хориҷ, масъалаи таъмини ҷавонон бо ҷои кор ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Чанд ҷавонони фаъоли шаҳру навоҳии гуногун ширкат намуда, ба Пешвои миллат барои фароҳам сохтани шароиту имконияти фаровони рушд изҳори сипос намуданд.

Бо такя ба дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ҷавонон бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд.

Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 - ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон дошта буданд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.

 

Норов Исматулло, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ҳар қавму миллат дар таърихи давлатдории худ аз санаҳои фаромӯшношуданӣ, ки барои ҳар як сокинонаш азизу муқаддас аст, ёд меоварад ва ба он арҷ мегузорад. Барои миллати куҳанбуёнди тоҷик, ки аз умқи таърихи беш аз 5000 сола об мехӯрад, бузургтарин неъмат ин ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб мешавад.

 Таҷрибаи таърихи ҷаҳон собит месозад, ки Истиқлол  ва озодӣ ба осонӣ  ба даст намеояд. Мо дар таърих халқҳо ва миллатҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои расидан ба Истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони асил ва азизи худро аз даст додаанд. Дар таърихи ҷаҳони имрӯз мо низ шоҳиди талоши пайгирона ва озодихоҳонаи халқҳое мебошем, ки даҳҳо миллион аҳолӣ доранду соҳиби замин, забонанд, аммо аз ҳуқуқҳои оддитарини миллӣ ва фарҳангӣ маҳруманд. Аз ин рў, онҳо истиқлолиятро чун василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳуввият ва бақои таърихии худ медонанд.

Истиқлолияти дар солҳои нахустин ба осонӣ ба даст овардаи мо бо айби иддае аз мансабталошону хоҷагони бегона даҳсолаҳо иқтисодиёти моро ба ақиб партофт. Ин дар ҳақиқат фоҷиаи миллат буд. Мардум натанҳо руҳан, балки амалан ба шикаст рӯ ба рӯ буданд. Ҳар он нафаре ки он рӯзҳоро бо чашми худ дидааст, андеша мекард, ки зиндагии минбаъдаи мо мисли аҳволи мардуми афғон хоҳад шуд. Зеро дар минтақаҳои ҷануби кишвар ҷангҳои бемаънӣ мерафту бародар ба синаи бародари худ тир мекушод. Хонаводае набуд, ки доғи фарзанд, шавҳарро надида бошад. Хуни ноҳақи ҳазорон – ҳазор ҷавонони бо нангу ор, кӯдакони маъсуму модарони муштипар рехта шуд. Дар бораи иқтисодиёт ҳоҷати гуфтан ҳам набуд. Дар ин рӯзҳои сиёҳ танҳо роҳбаладе, тӯдакаше лозим буд, ки халқи бечораву овораро аз паи худ барад. Ва ҳамин сорбони миллат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои миллати мо Худованд арзонӣ дошт. Ва ин марди бузург оини ватандориро дар такя ба номусу нанг риоя намуд. Ва оиди хизматҳои бузурги Пешвои миллат бисёр мегӯянду дар оянда низ ҳоҳанд гуфт.

 Тавре ки худ дар яке аз баромадҳояшон таъкид медоранд: «Истиқлолият  рамзи соҳибдавлатӣ ва  ватандории  миллати сарбаланду   мутамаддини  тоҷик  аст, ки  номаи  тақдирашро  бо  дасти  хеш  навишта,  роҳу  равиши  хоса  ва  мақому  мавқеи муносиберо  дар  ҷомеаи       ҷаҳонӣ  пайдо  карда, набзи   давлату миллати  моро ба  набзи  сайёра  ҳамсадо   месозад».

Воқеан ҳам ҳеҷ неъмате беҳтар аз неъмати сулҳу осоиш, озодиву мустақилият нест. Маҳз меваи шаҳдбори Истиқлолият аст, ки ин ҳама неъматро имрӯз мо дорем.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президент аввалин коре, ки ба он даст заданд, ин ба даст овардани боварию эътимоди худи сокинон ба давлату ҳукумат буд. Зеро бо вуҷуди сулҳу осоиш ва тинҷу оромиро ба даст овардан, наздики як сол гурезагон аз ояндаи худ хавотир мешуданд. Даштҳои лабташнаи мулки афғонро афзалтар аз манзили аҷдодӣ медонистанд. Танҳо суханрониҳои самимӣ, вохӯриву мулоқотҳо бевосита дар ин ҳамсоякишвар ба Сарвари ҷавони тоҷикон даст дод, ки гурезагон биёянд ва ба зиндагии орому осоиштаи худ оғоз бахшанд.

Дар назди давлат ва ҳукумат як ҳадаф баланд бардоштани вазъи иҷтимоии сокинон меистод. Бо ғамхории падарона тавассути тадбири оқилонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон аввал 50 ҳазор ва баъдан 25 ҳазор гектар замини обӣ ба сокинон тақсим карда дода шуд, ки ин заминҳо то кунун ҳамчун «замини президентӣ» барои беҳдошти вазъи зиндагии сокинон мусоидат мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар се ҳадафи стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистонро, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро муайян намуд.

Давоми наздик 20- сол аст, ки Ҳукумати кишвар барои расидан ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ саъй дорад. Бунёди нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳи азими «Норак», «Дӯстии халқҳо» ва «Помир», ба истифода додани хатти баландшиддати «Ҷануб- Шимол», сохтмону ба истифодадиҳии Маркази гармидиҳии «Душанбе-1» ва «Душанбе-2», бунёди садҳо нерӯгоҳи хурду бузург ва ниҳоят бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ оғози расмӣ бахшидани нерӯгоҳи азими «Роғун» худ далолати он аст, ки мо дар роҳи татбиқи истиқлолияти энергетикӣ қарор дорем.

Метавон бо сарбаландӣ эълон дошт, ки имрўз Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионии дохилҷумҳурӣ раҳоӣ ёфтааст. Агар дирўз бо тағйири боду ҳаво пайвасти гўшаҳои гуногуни кишвари кўҳсор мушкилӣ пайдо мегашт, имрўз ин мушкилӣ бардоша шуда, дигар ҳеҷ чизе монеъ ва садди ин пайванд намегардад. Масалан дар даврони шӯравӣ низ касе аз роҳбарони он замон ҷасорати кандани нақбҳо ва осон кардани мушкилоти омадурафти сокинонро надоштанд. Бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи даҳ соли ахир дар Ҷумҳурӣ бо мақсадӣ раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ наздики 30 лоиҳаҳои давлатӣ амалӣ шудаанд, ки маблағи умумии онҳо қариб 5 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Беш аз 1 ҳазору 650 километр роҳҳо, 109 адад пул, 27 километр нақб мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифта, мо ба бунёди роҳҳое чун Мурғоб-Қулма-марзи Чин, Душанбе-Ваҳдат-Ҷиргатол-марзи Қирғизистон, Душанбе-Чаноқ-марзи Ӯзбекистон, Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён-марзи Афғонистон ва ғайра муваффақ гардида, имрӯз ин роҳҳои таъиноти байналмилалӣ пурсамар фаъолият доранд.

Дар мавриди ҳифзи амнияти озуқавории кишвар танҳо ҳамин нуктаро гуфтан кофист, ки роҳбари давлат баҳри беҳдошти соҳаи кишоварзӣ ду маротиба қарзи ҳоҷагидоронро дар назди ба истилоҳ фючерон бахшиданд, ки ин амалро хурду бузург ба хушнудӣ қабул карданд.

Дар мавриди он ки Истиқлолият ба мо чӣ дод, метавон қайд кард, ки Истиқлолият пеш аз ҳама ба мо номи бузурги миллати тоҷикро дод. Гузашта аз ин бо талошу кӯшишҳои Президенти мамлакат номи бузургону нобиғагони миллат амсоли шоҳ Исмоили Сомонӣ, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Ҷомиву Камоли Хуҷандӣ, Мавлои Рум ва даҳҳои дигарро аз нав зинда кардем. Бо такя ба далелҳои таърихӣ исбот намудем, ки мо миллати тамаддунофар, фарҳансолор ҳастем ва замоне ин миллат макони парвардаҳои беҳтарин олимони давр буд ва ин анъана то имрӯз боқӣ мондааст.  Бузургии ин миллат боз дар он зуҳур меёбад, ки такя ба хирад намуд ва ҷанги бемаъниро хотима бахшид. Бори дигар ба оламиён исбот намуд, ки ин миллат миллати фарҳангкуш нест, балки созандагиву ободкорӣ пешаи асосиаш аст.

Неъмати бебаҳои таърихӣ будани Истиқлолиятро Сарвари давлат чунин қайд мекунанд: «Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои нав таъсиси Иттиҳоди Шўравӣ ҳастӣ намуда, бо вуҷуди баъзе беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташаккул ёфт, сабзид ва ба камол расид».

Итминони комил дорем, ки бо гузашти солҳо қадру манзалати истиқлол боз ҳам боло рафта насли огоҳи миллат барои шукуфоии минбаъдаи кишвари офтобрӯямон хизмат хоҳанд кард.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Вақтҳои охир амалҳои террористиву экстремистӣ дар ҷаҳон доман паҳн намуда, хатари бузурги иҷтимоӣ ба миён овардааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии гуруҳҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои сарпарасти онон зиёд гашта, бештари онҳо бо номи поки дини ислом баромад менамоянд, байни мусалмонони олам ва дигар дину мазҳабҳо фитна бармеангезанд. Аз тарафи ин гуруҳ зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон мушоҳида мегардад.

Кишвари Афғонистон низ доимо ба “шарофат“-и онҳо доимо дар ҳолати ташвишовар қарор дошта, вазъи имрӯзаи он тамоми мамолики Осиёи Марказиро ба таҳлука андохтааст. Пӯшида нест, ки гурӯҳи “Толибон”, ки дар Тоҷикистон ва аксар давлатҳо мамнуъ ва террористӣ эълон шудааст, имрӯз аксар шаҳру вилоятҳои Афғонистонро зери тасарруфи худ дароварда, тамоми мамолики минтақаро зери хатар мегирад. Гарчанде давлатҳои абарқудрат ба мисли Русия бо онҳо гуфтушунид ба амал оварда, толибон ваъда доданд, ки ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя зарар намерасонанд, дар ҳама ҳолат моро ҳушёрӣ мебояд.

Давлати мо бо сарварии Пешвои кордону тадбиркораш Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи марзу буми кишвар ҳамаи чораҳоро меандешад. Артиши мо, ки тўли 30 соли Истиқлолият мукаммал гашта, ҷавонони баору номуси миллат дар он хизмат мекунанд, қодир аст сипари кишвар бошад. Ватан модари мост ва ҳифзи он ору номуси мост.

Хатамова Сабоҳат Мирзоазамовна - омӯзгори калони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

              

      Кисме,    ки  мо  медонем  кишвари   зебоманзари  мо  ба  осони   сулху  суботи  худро  ба  даст  наовардааст  чун  дар  ин  кор  сахми  бисёре  аз  чавонмардони  шучоъу   боматонат   низ  руи кор  омадааст. Вокеан  мардуми   точик  ба  тамоми  монеахои    замони  чанг   нигох  накарда   бахри   ояндаи   Точикистони  сарсабзу  хуррам  бисёр  чахду  талош варзидаанд.   Корнамоии  бобоёну   ачдодони  мо  набояд  аз  хотирамон зудуда  шавад,  зеро   эшон   хештаншиносу  механпараст    буданд   ва  чун    ба  гузаштагонамон  менигарем  аз  далериву  мардонагии   онхо   дар  ниходи хар  кадоми  мо  низ  як  эхсоси   баланди  худогохии  милли   хувайдо  мегардад  аз  ин  ру   мо  чавононро  мебояд, ки  мо  ворисони  арзандаи  эшон  бошем    ва  хамон  кисме  ки бахри  мо  як  ояндаи   осоиштаро   хадя   намуданд  мо  низ  дар  навбати  худ    вазифаи  хешро  дар  назди   мардумони  сарбаланди   диёрамон    босубот  ичро  намоем  ва  мо  бояд  исбот  намоем  ки  мо  чавонони  ояндасози  ин   ватани  махбубамон  хастем.   Ман   чун  як  чавони  даврони  истиклол    бо  боварии  том   гуфта  метавонам  ки  ин  сулху   оромии   миллат   пойдор  мемонад  ва   он  човидон  хохад  монд.  Точикистони  азизи  мо   кишвари   хамешабахору       бихиштосои    мардумони    точик       дар   арсаи   чахон      мисли       чандин    давлатхои   мутараккии    чахон    ру    ба   инкишоф     дода     истодааст.    Ва    ин    самараи    талошхои      мардумони        некрояш     аст.       Холо     бошад    бахри    боз    хам  таракки     намудани    ин     сарзамин        бевосита  бо   кувваи    чавонони   сохибистеъдоду     бомахорат    ниёздорад .   Мусаллам   аст  ,ки   чавонон   ояндасози Точикистонанд.   Мо  чавонон  бояд   сари    хар  он    муаммое,  ки    халталаб    аст     кор   кунем  ва   бахри    рафъи   хар   як   мушкилии   чомеъа   сахм   гузор  бошем  ва     на  а ин  ,ки  ба   хар   гунна    созмону   ташкилотхои    ифродгароёна   шомил  шуда    ояндаи     худ  ва   хаи  миллати    куханбунёдамонро   табох  намоем   дар  хакикат   чоизи   кайд  аст,   шомилшавии  чавонон   ба  ин   хел  як   созмонхо    боиси   нигаронии   ва   масъалаи   ташвишовари  руз   гардидааст   ба    хамин   хотир    мебоист,  ки  хар  кадоми  мо  чавонон   хар  дакикаву   сонияхо   дар     фикри   созандагиву    механпарасти   бошем  ва  бахри    бартараф  кардани    мушкилоти   рузгор    чукуртар   биандешем.  Ояндаи   дурахшонеро   ки   имруз   ба   мо   додаанд ,     тавонем   мо   низ   ба     наслхои  ояндаи   миллат   эхдо     намоем,   ки    ин   вазифаи    шахрвандии    хар   кадоми   мо  чавонон  аст.    Хар   амале   ки    ба   мо    марбут   мешавад    бахри    пойдории    амну   осоиштагии   мардумони    ин    сарзамин    бидуни    кадом    саркаши   ичро    намоем .  Ба   ин    тарик   мо   метавонем,     бахри  боз     хам    рушд    кардани    давлати    хеш    сахми   босазои   хешро    гузорем.   Бахри   ояндаи    дурахшон   сохтан   кабл   аз   хам   хар   як     мукадасоти    Точикистон   ва   хатто   хар   як    катра    обашро   мукаддас   ва  хар   зарраи   хоки    онро    хифз   намоему      бахраш    эхтироми  хос   гузошта    онро   кадр   намоем .    Инчунин    хар    кадоми   мо   бояд     худогохи    мили    хешро   донем,   ки   сарчашмаи   бунёдкори   дар  он    аст .         

        Чавонони  мухтарам     дар  фарчоми  ин    гуфтахо    ба  хар  кадоми  шумо    хохони  онам  ки   хамеша    пайи     омузишу    равнак  додани   фаъолияти  илмиатон   бошед    ва  хамчунон  зиракии  сиёсии   худро  аз  даст   надихед  ва   бо  хадафи  ободкориву    созандаги   кадамхои   хешро  пеш  гузоред.

                                                                                                                                                                                                 Андалеби Фарҳод, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ ва ҳизбу ҳаракати гурӯҳҳои ҷангҷӯён мебошад. Пайравон ва ё гурӯҳҳои манфиатҷӯйӣ номатлуб дар замони имрӯза ба истилоҳи “ғоратгар” ба шумор мераванд, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Яке аз чунин гурӯҳҳо Пайравони ҳаракати Толибон (ташкилоти дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ) мебошад, ки дар давлати ҳамсоякишвари мо, Афғонистон ба амалҳои террористӣ ва ҳуҷумҳои мусаллаҳона, вазъи дохил ва наздисарҳадиро ноором сохта, бо кушторҳои бераҳмона ва нақшаҳои даҳшатбор, кулбори ғамро ба сари халқи оддӣ ва ҳукумати вақт ҷорӣ намуда истодаанд.

 Вазъи хатарноки Афғонистон ва ҳаракати ин гурӯҳи мусаллаҳ, моро водор месозад, ки барои ҷоннок намудани Қувваҳои сарҳадӣ чораҷӯӣ кунем ва сарҳади давлатиро аз ҳар гуна ҳуҷумҳои ногаҳонӣ эмин нигоҳ дорем. Вобаста ба масъалаи мавридиназар, дар асоси фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Генерали артиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  рӯзи 22-уми июли соли 2021  дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар ҳолати омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, сохторҳои қудратӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарӣ таҳти унвони “Марз -2021”  доир гардид, ки Пешвои миллат, тавассути шабакаи онлайнӣ ҳолати омодабошии ҷузъу томҳо ва афсарони эҳтиётиро назорат бурда, баҳои баланд доданд.

Воқеан вақте, ки сухан дар бораи ҳифзи Ватан меравад, беихтиёр матлабҳо оид ба корномаи Шераку Спитамен, Абӯмуслиму Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва дигар қаҳрамонон ба ёдамон мерасанд. Темурмалик Ватанро чӣ гуна дӯст медошт, меҳри ӯ нисбат ба меҳан чӣ гуна буд?! Ӯ чӣ қадар барои ҳимояи Ватан ранҷу заҳмат кашид, барои аз хоки Ватан несту нобуд кардани душман бо шариконаш ҷонбозиҳо кард, барои сарпаст намудани душман хуни гарми хештанро дареғ надошт. Дар муҳорибаҳо ба душман рӯ ба рӯ истода, муқовимат нишон дод, охирин қатраи хунашро барои озодии Ватан нисор кард. Эҳсоси ин корнамоиҳо, донистани роҳи пуршарафи аҷдоди қаҳрамонамон, ҷасорату садоқати онҳо нисбат ба Ватан боис мегарданд, ки дар қалби ҳар як ҷавонмарди тоҷик муҳаббат нисбат ба Меҳан, ҳимояи марзу буми кишвар аз хуруҷи қувваҳои беруна ба маротиб боло равад. Ҳамзамон, мардони бонангу номуси ноҳия зери шиори:

  “Бар Ватан ҷон фидо мекунем,

   Ватан ҳар чӣ гӯяд адо мекунем.

садо бароварда, таъкид сохтанд, ки Ватан-Модар бароямон муқаддас аст, омодаем барои ҳимояи ин муқаддасот ҷонамонро дар хатар гузорем. Зеро ба ҷуз Тоҷикистонӣ касе дар пойдории амнияту озодӣ ва зиндагии шоистаи мо,  чораеро роҳандозӣ нахоҳад кард. Муҳайё гардидани чунин шароитҳои хуби амниятӣ дар кишвар, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки  баҳри ободӣ ва тинҷию амонии кишвар камари ҳиммат баста, он вазифаҳое, ки дар наздамон гузошта мешавад, бо сари баланд, бошарафона ва саршор аз ҳисси баланди ватандӯстӣ иҷро намоем. Зеро ҳифзи Ватан, таъмини суботу оромӣ, ҳимояи марзу бум ва сокинони он, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст! Чуноне, ки Сарвари Тоҷикон ишора намуданд, Тоҷикистон бо ягон гурӯҳ ва ё миллате азми ҷанг намуданро надорад, ҳамеша барои сулҳ дар миқёси олам талош меварзад, вале дар ҳолати вайрон намудани фазои ҳамдилӣ омодааст, бар зидди душман мисли қаҳрамонони миллат, ҷонфидоӣ кунад.

Ваҳобов Амиртимир, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Бояд эътироф кард, ки Президенти мамлакати мо  пеш аз ҳама худ ватандӯсту ватандори ҳақиқист. Чунончи  Сарвари давлат мегӯянд «Вақте  мо ватандустӣ мегӯем,  пеш аз ҳама муҳофизати Ватан  ва тамомияти арзии  кишварро  дар назар дорем. Имрӯз вазифаи ҳар як  шаҳрванди  некхоҳ ва ҳар  тоҷики  ватандӯст аз хурд то бузург  афзуда  ва дастовардҳои  истиқлолият  ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин кунихо  қувваҳои  мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. «Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили  амнияту  истиқлолият  ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои  мусаллаҳ бо такя  ба меъёрҳои  Конститутсия  ва қонунхои марбути  муҳофизати  Ватан  ва шаҳрванди  баномус  медонад. Ҳамзамон масоили  вобаста ба таҳкиму  такмили  Артиши  миллӣ фаъолияти он  омодагии  доимии қӯшунҳои низомиӣ дар маркази  диққати  роҳбарияти  олии кишвар қарор гирифта,  оид ба беҳтар  намудани  шароити  хизмат  вазъи моддию маишии хизматчиёни  ҳарбӣ  пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Зеро ба андешаи  Президенти Ҷумҳурӣ «Артиш симои  миллат  ва бақои  умри давлат аст. «Интизоми оҳанин нишондиҳандаи  беҳтарини ҳаёти шахсии артиш  ва шарти аввали  обрӯи онҳост».  Бояд зикр кард, ки  дар партави нишондодҳои ҳукумати  ҷумҳурӣ ҳамкориҳои  ҳарбию  техникии Тоҷикистон  бояд қатор  мамалакатҳо  густарии ёфта,  сол ба сол  дар ҳоли   тавсеа қарор доранд ва ҳамкорихои  мутақобилаи судманд бо мамалакатҳои   дигар  сатҳи нав  касб кардааст. Ҷавонони  мо нерӯи  пешвар ва  созандаанд, ки насли ҷавони  мамалакат  дар кори  хифзи  дастовардҳои  истиқлолият  ва сулҳу  осоиши мамлакат  таъкид  доштааст,  ки  каҳрамониҳои  абармандон  ҳамеша   мавриди  ифтихори  халқ буда,  мактаби  намунавии  барои  хизматчиёни  ҳарбии кишвар аст. Он  корнамоиҳое, ки шаҳрвандони  фахрии  кишвар зидди хоинони  Ватан ҷонбозиҳо  кардаанд, худ  намунии ибрат  аст.  Боз моро водор  сохтанд, ки  мо дар руҳияи  ватандустӣ  тарбия ёфта  вазифадор  ҳастем,  ки дар  атрофи  Президенти мамалакат  ин  марди  ватандӯсту  ватанпарасти хақиқӣ  ғамхори халқу  миллат  муттаҳид  шуда,  як пораи Тоҷикистон  азизро  чун  гавҳараки  чашм ҳифз кунем. Зеро ин аст нангу номус  шарафи бузурги  ватандорӣ.    

Анвариддин Муҳиддинов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 

 Имрӯзҳо дар айёми ба ҳам омадани тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, густаришу паҳншавии экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо боиси  нигаронӣ ва ташвиши ҳамагон  гардидааст.

Тавре ки равшан аст,  экстремизм  мазмуну моҳияти ниятҳои ғаразнок, ифротгароиву тундравӣ ва терроризм падидаи номатлуби  иҷтимоӣ- сиёсӣ ва ҷиноиест, ки аз муқобилиятҳои дохилию берунаи ҷамъият ва  баъзе аз афроди сиёҳтинат асос меёбад.

Экстремистону террористон мақсаду ҳадафҳои хешро тавассути зӯроварӣ, тарсу ваҳм ва куштор амалӣ намуда, ҷамъиятро ба сарсониву нигаронӣ ва бадбахтиву ноумедӣ мувоҷеҳ месозанд.

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон гувоҳи он аст, ки экстремистон ва терористон барои расидан ба ҳадафҳои худ бештар ба идеологияи динӣ рӯ оварда, Исломро ҳамчун идеологияи сиёсӣ истифода мебаранд ва дар ин ҷода мардумро ба ҷиҳод даъват менамоянд. 

Дар замони пешрафти илму техника ҳар шахси солимфикр аз тариқи интернет метавонад маълумот пайдо кунад, ки маънои аслии ҷиҳод барои зиндагии созгор саъю талош ва ҷидду ҷаҳд кардан аст.Ҷиҳоде, ки ифротиён пешниҳод мекунанд, худкушист.

Коршиносон бар он назаранд, ки имрӯз бештар ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ қарор гирифтаанд. Омилҳое, ки ба гирдоби чунин ташкилотҳои экстремистӣ ва терористӣ гирифтор гардидани ҷавонон ва онҳоро раҳгуму  бар зидди манфиатҳои миллӣ раҳнамун сохтан, ин паст будани сатҳи дониши диниву дунявӣ, маърифати сиёсиву фарҳанги иттилоотӣ ва зудбовариву сабукфикриро тақозо менамояд.

Дар робита ба ин нуқта дар бештари баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавовон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ истода гузашта, мудом ҷавононро ба зиракии сиёсӣ ва огоҳ будан аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир даъват менамоянд.

  Бинобар ин ҳамаи моро дар якҷоягӣ зарур аст, ки барои баланд бардоштани ҷаҳонбинии ахлоқиву фарҳангӣ ва диниву сиёсии ҷавонон чораву тадбирҳои мушаххас андешем. Зеро Тоҷикистон Ватани мост, таъмин намудани фазои орому осуда дар кишвар низ аз ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос вобастагӣ дорад. Пас биеёд, дар соли истиқболи ҷашни бузурги миллат 30-солагии Истиқлоли давлатии кишварамон - Тоҷикистон аҳлона  дар тарбияи дурусти ҷавонон бевосита талош варзида, ба ин васила дар пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа саҳми арзандаи хешро мегузорем.

 

Насим Тошхоҷаев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  

 

 

Ватан. Дар таҳти ин калимаи кӯтоҳ чи маънии бузурге ниҳон аст. Аввалан, бе ягон шакку шубҳа  ин вожа барои ҳар инсон азизу муқаддас аст. Сониян, бо вуҷуди он ки ин вожа ба ҳар кас шинос ҳаст ва аксарият бар онанд, ки ин вожа маълуму маъмул ҳаст ва ба тавзеҳу ташреҳи иловагӣ эҳтиёҷ надорад, лек ба фикри банда он барои ҳар як инсон дар худ як чизи комилан шахсӣ ва маҳз ба ин шахс хосро ниҳон дорад.  Дар баёни ин чизи соф шахсӣ ба таври мушаххас, одатан, ҳар кас танқисӣ мекашад, лек ҳангоми посух додан ба саволи «Ватан чист?»  маҳз тавассути он мехоҳад, ки тамоми  маъниҳое, ки ин вожа дар худ таҷассум мекунад,  фаро бигирад. Ватан-модар, ватан-зодгоҳ, ватан ҷойе, ки он ҷо иқоматро ихтиёр кардед, ватан сар мешавад аз гаҳвора аз зумраи кушишҳое ҳастанд, ки барои ба умқи маънии ин вожа расидан, баён шудаанд.

Муҳаббат ба ватан. Дар таҳти ин ибора маънии боз бузургтаре ниҳон аст. Аввалан бояд гуфт, ки меҳру муҳаббат ба ватанро бо сухан наметавон тасвир кард, бо чашми сар наметавон дид, бо нидоҳои осмонхарош наметавон шунид.  Қатрае аз онро бо корҳои амалии бузург, ки баҳри ободии ватан пиёда мегарданд, метавон арза кард. Қатраи нисбатан бузургтарро аз он бо ҷонсупорӣ, бале бо ҷонсупорӣ баҳри беҳбудии ватан метавон нишон дод. Лек, дар умум, муҳаббат ба ватан аз ин гуфтаҳо болотару волотар аст. Вайро ҳар кас ба таври ба худаш хос фақат ҳис метавон кард, тавре ки кудаки нав ба дуне омада, ҳаетро ҳис мекунад. Муҳаббат ба ватан дар овони кӯдакӣ дар ҳар шахс зуҳур мекунад ва бо мурури замон, бо гузашти солҳо шахсро тадриҷан тасхир мекунад, тадриҷан тобеъи худ мегардонад, ва ниҳоятан дар қалб маскан мегирад ва тавассути рагҳои хунгард тамоми ҳастии инсонро фаро мегирад. Зиеда аз ин муҳаббат ба ватан бо ҳаво дар фазои ватан дармеомезад ва чун онро ҳар сония нафас мекашем, муҳаббат ба ватан ҳар замон зиеда мегардад. Муҳаббат ба ватан бо обҳои софу зулоли чашмасорони ватан низ дармеомезад ва чун аз ин обҳо ҳар замон қатрае нӯш мекунем, муҳаббат ба ватан ҳамоно мефизояду мефизояд.

Ибтидои солҳои навадум. Ин солҳо барои насли мо бо анҷоми таҳсил дар макотиби олӣ, бо солҳои ширинтарини ҳаёт, ки онҳоро дар умум ном ҷавонӣ аст, тавъам омаданд. Ҳаводису воқеоти пурошўбу харобиовар,  пурҳангома ва дар ниҳоят комилан бемаънию бемақсуд ва иғвоангезу нафратовар аз чор тарафи дунё ба болои «ватан» мерехтанд.  Душанбе -зеботарин шаҳр аз шаҳрҳои зеботарини дунё, ҷавонтарин шаҳри ҳама давру замон, сабзтарин шаҳри олам, шаҳри маҷнунбедҳо, шаҳри ошиқон, шаҳре, ки дар он Лоиқи бузург иқомат дошт ва бо эҷоди ашъори дилошуби худ машғул буд, ба вайрона мубаддал гашт. Едоварӣ аз Душанбеи онвақта, имрӯз барои ҷавонҳои он давра ба фикрам то андозае ҳузнангез аст, ки ашкҳои дида беихтиер ҳамчун дарёчаи Душанбеи имрӯза сарозер ҷорӣ хоҳанд шуд. 

Ин гуфтаҳои пурсӯзу гудоз нисбати ватан, муҳаббат ба ватан ва ҳамзамон ёдоварӣ аз он солҳои даҳшатангез фақат ба хотири он аст, ки ҷавонҳои имрӯза бояд ҳимояи ватан ва муҳаббат ба ватанро  аз волотарин хислатҳои инсонӣ бидонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи  ҳар гуна ҳангомаҳо ва ташкилотҳои гуногуни сиёсӣ нашаванд, то ватани биҳиштосои худро дар вартаи ҳалокат нагузоранд. Баръакс, ватанро муқаддас шуморанд ва пайваста дар такопуйи равнақи он бошанд. Бояд зикр кард, ки махсусан дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир ба он ворид гаштааст, зиракии ба маротиб аз пеш зиёдтарро аз аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон тақозо дорад.  Таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ мазмуни нави ҳаётан муҳимро пайдо кардааст. Аз расонаҳои хабарӣ пайваста иттилоъ мегирем, ки  имрўз инсоният бо хатарҳои нав ба нав, мушкилотҳои вазнинтар рў ба рў шуда истодааст, ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ зиёд шуда истодаанд. Инчунин, бархўрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии давлатҳои абарқудратро низ дар ин ҷода набояд нодида гирифт, зеро маҳз ин бархурдҳо   барои давлатҳои нисбатан хурдтар хатарҳои гуногунро ба миён оварда истодаанд. 

Бинобар ин, масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он, ки то кунун ва ҳоло ҳам қисми ҷудонопазири  сиёсати давлатӣ маҳсуб мешуд, минбаъд бояд дар андешаи ҳар яки мо, махсусан ҷавонон ҷуқуртар ва дақиқтар реша давонад.

Акнун – пас аз гузаштани солҳо аз он лаҳзаҳои даҳшат ва ба даст овардани муҳимтарин ва аввалин  комёбиҳои бузург метавонем, чунин хулоса кунем: Давраи давлатсозӣ аллакай паси сар шуд, давраи  давлатдории мустақилона фаро расид, минбаъд бояд ташаккули иқтисодиёти миллиро пеш гирифта, бо густариши муносибатҳои бозоргонӣ  ватани азизи худ Тоҷикистони биҳиштосоро дар қатори давлатҳои муттараққӣ ҷой диҳем.

Ояндаи Ватан. Ман мутмаинам, ки дар ояндаи на чандон дур:

Кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Ватан, ки қисми зиеди масоҳати ватанро ишғол кардаанд, на фақат ҳамчун рамзи сарбаландии миллат боқӣ хоҳанд монд, балки сайёҳҳони тамоми дунеро ба худ ҷалб хоҳанд кард, дар заминаи онҳо бизнес туризм  ривоҷу равнақ ефта, ба авҷи аълои худ хоҳад расид. 

Рӯдҳои шуху пурталотуми кӯҳии Ватан, ки аз ин қӯҳҳо човидона сарозер ҷорианд, на фақат мавриди ташбеҳҳои шоирона дар шеърҳои ошиқона, дар ашъори шоирони  Ватан қарор хоҳанд гирифт, балки бо назардошти тавоноии бепоёни гидропотенсиалии худ ба манбаи бузурги рушноӣ ва гармӣ  табдил хоҳанд ёфт ва аз марҳамати бузурги онҳо кишварҳои дуру наздик равшан гашта, дар фаслҳои сард гарм хоҳанд шуд.

Кулҳо ва чашмаҳои софу беғубор, гарму хунук, табииву сунъӣ, ки дар доманаи ин қӯҳҳо  дар пастиву баландиҳои гуногун мавқеъ гирифтаанд,  на фақат дар асарҳои нависандагони ватан мавриди таҳлилҳои маҷозӣ қарор гирифта, ҳамчун макони иброз кардани  орзуҳои ширини ошиқонаи ошиқу маъшуқ ба қалам дода хоҳанд шуд, балки ба манбаи бузурги обҳои ошомиданӣ табдил хоҳанд  ёфт ва аз ин манбаъҳо на фақат кишварҳои ҳамсоя, балки кищварҳои дур низ истифода хоҳанд кард.

Сангҳои қиматбаҳо, тиллову нуқра ва дигар канданиҳои фоиданок, ки дар каъри дили ин қӯҳҳо ниҳонанд ва бо сабаби аз нигоҳи таърихии қарнҳо, хеле ҷавон будани ин кӯҳҳо пурра омӯхта нашудаанд, на фақат мавриди баҳсҳои ғайрирасмӣ ва ғайрикасбӣ дар тахайулоти миллат боқӣ хоҳанд монд, балки дар заминаи онҳо саноати тавонои кӯҳӣ- металлургии  ватан таъсис ёфта, ривоҷу равнақ хохад ёфт.

Ҳар яке аз гуфтаҳои боло  худ як манбаи бузурги даромад буда, ҳар яке аз онҳо метавонад Тоҷикистони азизро, ки на зиёда аз 8 млн аҳолӣ дорад, дар қатори бойтарин давлатҳои дунё ҷой диҳад.  

Таҳияи Муҳаррама Темурова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

          Шукри даврони истиқлолият аст, ки мардумони миллати мо соҳиби фарҳанги бойи адабиёту санъат ва дигар арзишҳои миллӣ ҳастанд ва бисёр мехоҳам қайд намоям, ки нафарони зиёде ба хотири муқаддас доштани ин мамлакат корҳои хотирмонеро паси сар намудаанд ва як анъаноти некеро ба имрӯзиён ҳадя сохтаанд, ки дар роҳи ба озоди баровардани ватани маҳбубамон заҳмату меҳнатро на барои шӯҳрату номи воло доштан ба хотире, ҷоннисори намоянд, ки ояндагон аз он баҳра баранд ва боиси ибрати онон гардад, ки ватандӯстиву ватанхоҳӣ мароми мост. Ҷоизи қайд аст, ки мо аз ҳамон фитнаҷӯю ифротгарон дар чи мутафовит ҳастем, сухан дар сари он аст, ки мардуми тоҷик тамоман дар тинат фарқият дорад. Вақте сафҳаҳои таърихи гузаштаамонро варақгардон менамоем он гоҳ ошно хоҳем гашт, ки то ба кадом андоза миллати ориёитабори мо баҳри Истиқлолияти давлати талошҳо варзидаанд. Дар амали намудани орзуҳои чандинасраи миллатамон, ки ба мустақилияту озоди баровардани халқ буд, бахусус саҳми мардону занони шуҷову меҳанпараст басо назаррас аст. Ин буд, ки баъди ба даст овардани ин неъмати гаронарзиш тамоми халқ хешро сарбаланду комгор шуморида паи зиндагии осудаву шоистаро мегирем, то саодатмандтарин мардуми рӯи олам бошему зиндагии боиззат дошта барои наслҳои оянда низ фардоро дурахшон тақдим намоем.

Худоё Тоҷикистонро нигоҳ  дор,

Ту ин боғи гулафшонро нигоҳ  дор.

Барои ман , барои миллати ман,

Ҳамеша Тоҷикистонро нигоҳ  дор.

                                                                                                                                                                                                                Дадахон Ҷӯраев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Артиши миллӣ барои устувории давлат ва эмин будани он аз хавфу хатарҳои дохиливу беруна нақши мондагор дорад. Сафҳои он имрӯз аз ҷавонони ғаюру шуҷоъ пур гардида, ҳар яке бо ифтихори баланди миллӣ, масъулияти ҷавонмардӣ барои ҳифзу нигаҳдошти марзу буми кишварамон саъю ҷадал меварзанд.

Маҳз хизмати софдилонаи ана ҳамингуна ҷавонони ба ору ба номуси ватан мебошад, ки имруз мову шумо дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурдаистодаему касе ҳуқуқҳои моро поймол намесозаду моро дар зери азобу шиканҷа қарор намедиҳад ва модарону хоҳарони мо бе ягон тарсу ҳарос ва бе таҳлука озодона дар кучаву хиёбонҳо гашту гузор намуда, шукри ваҳдату истиқлолият ва шукронаи Пешвои муаззами миллат ва шукронаи родмардони ба ору ба номуси ватан мекунанд, ки ҷони худро барои муҳофизати ватани азизамон дареғ намедоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки  адои хизмат дар сафҳои артиши милли натанҳо қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дустиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Мо ҷавонон ба гуфтаҳои ин Роҳбари давлатамон такя намуда, пайваста барои гулгулшукуфоии милати худ саҳми босазои худро расонем.

    Ба хизмат меравӣ озода фарзанд,

   Дуоят мекунам шоду фараҳманд.

Ба ҳарҷое равӣ, ҷонат ба ҷонам,

    Ману ту як дарахти решапайванд.

                                Бирав амри диёратро адо кун,

 Маро бо хизмати аъло ризо кун.

 

 Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллии кишвар рӯ ба рушд ниҳода, имрӯз шароити хуби таълимиву машқу тамрин дар сафҳои қувваҳои муссалаҳи кишвар барои аскарону афсарон ба таври замонави муҳайё гардидааст. Агар солҳои пешин ҷавононро иҷборан тариқи “облава” мебурданд, ҳоло ин гуна “амалиётҳо”-и кормандони комиссариати шаҳру навоҳӣ аз байн рафта истодааст. Махсусан, иқдоми роҳандозӣ шудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар мавриди хушу хотирмон, дар фазои тантанавӣ гусел намудани ихтиёриён, сафи хизматмекардагонро зиёд намуда, истодааст. Мо, ҷавонони саодатманди ватан бояд ин тадбири созандаро тақвият бахшида, баъди хатми мактаби миёна ва ё донишкада ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дохил шуда, хизмати модар Ватанро бо сари баланд адо намоем, то дар ҳама ҳолат барои муҳофизати Модару ватани хеш омода бошем.

                       Бародарон ба модару ватан вафо кунем,

     Агар, ки сра талаб кунанд ба вай фидо кунем.

*******

 

                      Мо ватан доорему онро посбонӣ мекунем,

 Мо ба хурсандию шодӣ зиндагони мекунем.

Ҷамшед Масаидов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд