Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири ҷаҳонӣ рӯз ба рӯз вазъи пурраи сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ташкилёбии гурӯҳҳои зиёди терроистиву экстремистӣ ва сиёсатҳои ба ном «диндорону исломҷӯён» ноҳамвор сохта, инчунин вазъияти тамоми оламро муташанниҷ гардонида истодаанд. Албатта ҳамаи ин ҳодисаҳову воқеаҳо парешониву бесарусомониро  дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст. Бояд гуфт, ки ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.

Мо хуб медонем, ки чанде қабл бо фаъолияти ғаразноконаи иддае аз ташкилотҳои террористӣ миллат ба нооромӣ дучор гардида, сару садоҳои гуногуне баланд гардид. Вале пас аз манъи фаъолияти чунин ташкилотҳои ифротӣ, нохалафон дучанд аз диди ноодамии худ кишвари моро зери танқид гирифта истоданд.  Аз фаъолияти иғвоангезандаи наҳзатиҳо худ маълум буд, ягона аҳдофи онҳо вайрон намудани фазои мустақили ва сохти конститутсионии давлат буд. Имрӯз низ онҳо дар канор нестанд, бо дурӯҳу пӯписаҳои бемаъно нисбат ба ободии миллати мо рахна заданианд. Аммо он наҳзатиҳое, ки имрӯз ташкилоти худро «Паймони миллии Тоҷикистон» номгузорӣ намуданд, мехоҳанд ба ин васила дубора ба боварии мардум дароянд. Дар ҳамин радиф ба  ҳамаи мардумон гуфтаниам, ки ин «паймонхоҳон» замоне барои ҳамкори бо давлат аҳду паймон карда буданд, диде оқибат ба чи ҳолат расидем. Пас имрӯз низ барои шикасатани паймонашон инро созмон додаанд. Ба хамин хотир фирефтаи суханони ин «боаҳду паймонҳо» нагардед. Зеро дар мо мақоле ҳаст, ки «бо ҷой иваз кардани зарбашавандаҳо, ҳосили зарб иваз намешавад». Ба маънои дигаре «Хар ҳамон асту бори хар дигар шудааст».

Миллати тоҷик то ба имрӯзи босаодат расидан рӯзҳои басо сахту сангинеро паси сар намудаст. То ба озодиву Истиқлолияти воқеиро соҳиб гаштан ҷони ҳазорон дар ин роҳ сипар гардидаву ҳазорони дигар дилозурда гардидаанд. Ба хмин хотир таъкид менамоям, ки гарчанде сабабгори чандин нооромии вазъи кишвар ин наҳзатиҳо бошанд ҳам, мо набояд он рӯзҳои сахтро фаромӯш кунем ва нисбати он нафароне, ки ба дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии худ, ки мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд, бояд сахт нафрат дошта бошем ва бар зидди онҳо муборизаи беамонро ба роҳ монем.

Хуласи калон моро зарур аст, ки бар хилофи чунин падидаҳои номатлуби ҷаҳолатиу разолати ифротиён ва мухолифони миллат дар ин замони ҷаҳонишавии босуръат ва афзоиши террор муқобилият нишон диҳем. Мо мардумони шарафманди диёр амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ, зиндагии орому осуда ва устувории пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамон вақт пурра таъмин карда метавонем, ки барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ пайваста саъю талош варзем ва кӯшиш намоем, ки ба хотири ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллии диёри азизамон саҳм дошат бошем.

Маҳмудова Ф.М., устоди кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт

 

 

 Аз азал ҳар қавму миллат, дар баробари арзи ҳастӣ намудани худ, дар доираи кишвар қоидаву қонуниятҳои хоси худро дорост. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистони тозаистиқлол низ гарчанде, ки нав ба замони мустақилияту эҳёи сулҳу субот қадам густурда бошад ҳам, барои пойдору безавол ва ҷовидона мондани ин осудагиву амнияти миллӣ талоши беш аз ҳарвақта мекунад. Зеро ин сарзамини биҳиштосо ва соҳибистиқлол бо ҷоннисориву ҷонбозиҳои абармардони ҷасуру бонанги миллат ба даст омадааст ва он ҳеҷ гоҳ аз дасти як қабил нохалафоне, чун фитнакорону иғвоангезон бар гирдбоди заволёби афтад.

Мусаллам аст, ки ҷаҳони кунуниро сиёсатбозиҳои иддае фаро гирифтаву барои пешгириҳои ҳодисаҳои номатлуби терористиву экстремистӣ тамоми олам чораву тадбирҳои заруриро меандешанд. Умуман, дар шароити имрўза кўшишҳои аҳли ҷамъияти умумиҷаҳон ӣ дар доираи муқобилият ба терроризм пеш аз ҳама ба муборизаи зидди созмонҳо ва ҳаракатҳои устувор нигаронида шудаанд.

Ҳадафи асосии тамоми олам дар мубориза бар зидди тероризм дар он аст, ки мардуми сайёра дар тинҷиву амони зиндагии орму осуда дошта бошанд ва ҳуқуқҳои умумибашарӣ пурра ҳимоякарда шавад.

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд,ки ба бақои оламу одам таҳдид мекунад.

Имрӯзҳо хатари терроризм ва ифродгароӣ  дар  авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра,аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бартараф гузошта наметавонад. Боиси таасссуф аст,ки ҷавонон имрӯзҳо аз сабаби дониши мукаммал ва  саводи кофӣ надоштан худро ба коми терроризм ва ифродгароӣ андохта истодаанд. Ин амали онҳо сабабҳои зеринро дорост.

1.Надоштани маълумот оиди ифродгароӣ ва терроризм.

2.Ҳисси молу сарват (пул)

3.Надоштани ҳисси ватандустӣ ва инсондӯстӣ дар ниҳоди худ.

  1. Надоштани ҳисси эҳтиром ва дустдорӣ нисбати оила ва наздикони худ.

 Албатта онҳое,ки мегӯянд, ифродгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд,ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест.Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад,ки якумин амалиёти террористӣ кай,дар куҷо ва бок адом мақсад сар задааст. Дар аҳди қадим,асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд,ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофарини мехестанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд,зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд. Зуҳури ифродгароии сиёсӣ,қавмӣ, мазҳабӣ ва щайра падидаҳои бисёр ҷиддӣ ва дар айни замон нигароникунанда барои давлат ва тамоми ҷомеа мебошад.

  Дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифродгароӣ ва террористӣ бештар характерӣ сиёсӣ гирифтанд,доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид

 Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд,ки аз рӯи иқтидорӣ харобиовариашон ба амалиёти калони ҷанги шабоҳат доранд.

 Имрӯзҳо ин масоили дощи рӯз миёни ҷавонону наврасони шаҳру ноҳияи мо мисли зарпечак байни шаҳрвандон реша давонда истодааст.Рӯз аз рӯз шумораи гумроҳшудагон ва даст ба ҳар гуна корҳои ношоям зада истодани ҷавонону наврасон аҳли ҷомеаро ба ташвиш дода истодааст. Ҷавонон ҳоло меҳнат кардан намехоҳанд,роҳи осони пулёбиро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин рӯ онҳоро гумроҳ кардану ба гурӯҳҳои ифродгарою террористӣ шомил намудан осон аст.

 Ҷавонон набояд фирефтаи суханҳои пучу бемағз ва пулу сарвати «хӯҷаинҳои аҷнабӣ» гарданд.

 Зарур аст,ки аҳли ҷамоатчигӣ аҳли маорифу фарҳанг,  волидон, муассисаҳои таълимию касбӣ бо ҷавонон ҳама вақт дар робита бошанд. Ба онҳо моҳият, сабабҳои авҷгирии терроризм ва ифродгароиро  фаҳмонанд.Онҳоро ба маҳфилҳои касбомӯзӣ ҷалб намоянд. Ҷавонон вақтҳои холигии худро ба варзиш сарф намоянд. Ҳунарҳои гуногунро омӯзанд ва барои пешрафт ва ободии Ватани хеш саҳмгузор бошанд.

Каримов Ибодқул, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 Тоҷикистон кишвари зебову дилнишин ва табиати хело назаррабо дорад. Мардумони фарҳангсолору соҳибмаданияташ бо иродаи қавию масъулиятшиносии беш аз пеш барои пойдору устувор намудани пояи ваҳдати миллӣ ва ягонагии он талош менамоянд. Дар воқеъ дӯст доштани миллату ватан аз назари бархе “исломдонҳо” хушоянд нест. Яъне дар ниқоби ислом хилофату адоватро истифода мебаранд. Аммо ин кӯрдилону носипосон бояд донанд, ки ҳамеша ҳақиқату адолат бар ҷаҳолат ғолиб омадааст. Ва минбаъд низ чунин хоҳад шуд, зеро ин қонунро касе иваз карда натавонистааст.

Мухолифону бадхоҳонро мебояд, ки пеш аз он дар бобати ислому ҳақ сухан мекуннад аввал бояд донанд, ки ислом роҳи дурусти тарбияи инсонист, на роҳи куштору таҳдид. Ислом одоб асту маърифат, на разолату ҷаҳолат.

Ҷавонони гиромӣ, пеш аз он, ки ба як гурӯҳу ташкилоте пайрави кардан мехоҳед, пурра бобати фаъолияти он маълумот пайдо кунед. Вагарна ба мисоли пайравони наҳзатиҳо аз роҳи интихоб кардаи худ пушаймон мешавед. Албатта, ки ояндаи ҳар як шахс ба худи ӯ вобаста аст. Давлату Ҳукумат ҳамеша талош бар меварзад, ки барои мардум зиндагии шоистаро муҳайё намудабошад. Аз ин лиҳоз барои сазоваор будан ба рӯзгори ободу озод дар пайрави Пешвои миллат бошед.

 

Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо зарурияти бисёрҷониба, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешкадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри ХХI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд бебозгашт пеш гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солими ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбари кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол карда истодааст. Ба ин мақсадҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо падидаҳои экстремистӣ чорабиниҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида истодааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмуи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд ва дар байни онҳо мавқеъи марказиро амали Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифродгароӣ) ишғол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амният на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ( байни конфессияҳо), номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмиллалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмиллалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Мусаллам аст, ки гурӯҳҳои мухталифи ифротгарою тундрав, аз қабили ТЭТ ҲНИ солҳои тӯлонӣ дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда, паси парда нақшаҳое таҳия намуда буданд ва барои амали намудани нақшаҳои нопоки худ мехостанд, ки субот ва оромии кишвари маҳбуби моро барҳам зананд. Онҳо мехостанд ба ақидаҳои бегонапарастии худ, ки сарчашма аз хоҷагонашон мегирифтанд субот ва сохти Конститутсионии ҳукумати феълиро сарнагун созанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар давраи Истиқлолияти давлатиамон борҳо барои амалисозии нақшаҳои худ талош намуда, ниҳоят соли 2015 амали анҷомдодаашон чеҳраи воқеии экстремистӣ ва террористии онҳо ба ҳамагон ошкор шуд. Вақт собит намуд, ки ҳизби номбурда қудрат ва саҳмгузори дар рушди иқтисодӣ ва ичтимоии кишварро надошт. Бо ибораи дигар ин ҳизб бо вуҷуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расми натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд.

 

Абдуев Абдуҳамид,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  

 

Имрўз вазифаи ҳар яки мо шаҳрванди соҳибтаҷрибаву сабақдида аз он иборат аст, ки ҷавонон ва насли наврасро дар рўҳияи ҳушёрии сиёсӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносию миллатдўстӣ тарбия намуда, ба онҳо фаҳмонем, ки ҳеҷ неъмату сарват болотар аз ваҳдату сулҳу озодӣ нест. Наслеро тарбия намоем, ки барои фардои дурахшони миллатамон саҳм гузорад. Ҷавоне бошад, ки аз гузаштаи пурғановату аҷдодони боҷасорати худ ифтихор кунад ва ба хотири пос доштани номи онҳо талош варзад. Манфиатҳои давлату Ҳукуматро аз пеш беш ҳифзу ҳимоя намуда барои якпорчагии марзу бум саҳмгузор бошад.

Бар зидди мухолифону хиёнаткорони ватан мубориза бурда, афкороти ифротии эшонро маҳкум намоянд, зеро ҳеҷ гоҳ қавму миллати тоҷик, гузаштагони тоҷик чунин хиёнаткору ифротгар набуданд. Аз ин лиҳоз ин ҷо замини поки муқаддасон буд ва хоҳад монд.

Фирефтаи доми бадхоҳон нагашта, баракс амалҳои зиддиинсонии он нохалафонро бо кирдорҳои шоистаи худ зарбаи ҳалокатбор зананд.

 

Кишвари биҳиштосои мо Тоҷикистони соҳибистиклолу комилҳуқуқ, воқеан ҳам, макони миллати босаводону соҳибназарон буду ҳаст. Зеро бо гузашти ҳазорсолаҳо ин миллати кӯҳанбунёд анъанаҳои неки ниёгон ва асолати хешро гум накард, балки имрӯз он аҳамияти бештари умумиҷаҳониро соҳиб гаштаву поянда  гардидаст.

Имрӯз дар вобастаги ба муаммои ба миён омада, бобати фаъолияти озоди Радиои Озодӣ сухан кунам, ки дар ҳақиқат чанде пеш намояндагони ТЭТ ҲНИ аз минбарҳои худсохтаву амалкарди номатлубашон тарафдорӣ мекунанд, қаблан фикри шахсии хешро баён менамоям, ки замоне мардумфиреби намуда мардумро алайҳи якдигар ба шўр овардед. Охир бас аст акнун ҳамин тавр як нафар мебарояд, ки тарафи шумо низ садо баланд кунад. Нафоридааст, ки озодандешони миллат озод баён кунанд. Пас чи гуна шумо мухолифон дар бораи озодии худатон сухан мекунед. Ҳоло, ки аз равшанфикри ғазабатон омада, зуд нақшаҳоро иваз мекунеду ба решаи ҳақиқатҷӯён теша задани мешавед.

Мояи ифтихор аст, ки барои ҷавонони мо фардои Ватан, сулху вахдат, ободиву осоиштагии мардум бефарк нест, балки пайваста кӯшиш мекунанд, Ватани хешро дӯст медоранд ва дар оянда хам мехоханд, ки нафъи худро ба мардум расонанд.

Ҷавонони кишвар ҳидоятнамоеро, ки роҳбари давлат дар паёми имсолаи хеш изҳор доштаанд, ҳамеша мақсаду мароми ояндаи худ қарор дода, ба иҷрои содиқонаи онҳо чун вазифаҳои муқаддаси кастиву инсонии хеш камари ҳиммат хоҳем баст ва барои гул – гулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

Масъалаи  шомилшавии  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои щайриқонунӣ ва ифротгарою тундрав имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бисёр ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ таъсис ёфтаанд, ки дар ин ё он давлат зуҳур намуда, ҷавонони соддаю ноогоҳро ба доми фиреби худ  мекашанд.  Афсӯс, ки дар байни онҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо ҳам ҳастанд.

 Мо бояд шукронаи ана  ҳамин давру замонро кунем, шукрона гӯем, ки давлати ободу озод дорем ва  ҳар коре, ки анҷом медиҳем, бояд сараввал фикр намоем, амали худро пешакӣ дар тарозуи ақл  баркашем. Таваккал карда ба коре даст задан ба оқибатҳои  нохуш оварда мерасонад. Аз воситаҳои ахбори омма мефаҳмем, ки чандин нафар ҷавонони  тоҷикистонӣ дар давлатҳои хориҷӣ ҷангида  ҳалок шудаанд. Пас вазифаи мо он аст, нагузорем, ки аз рӯи ин бадхоҳон ҷавонони мо ба чунин ҳолат расанд.

Мо бори дигар иброз медорем, ки ҷонибдори сулҳу субот дар ҷаҳон буда, терроризм ва экстремизмро қатъиян маҳкум менамоем.

 

 Тоҷикистон диёри ҳамешабаҳор ва ободу озоди ҳар яки мост. Барои онҳое, ки ба қадри тинҷиву оромии кишвар намерасанд, гуфтаниам, ки хамагӣ 28 сол муқаддам бо айби иддае ба ном «равшанфикрон ва ошкоргӯён» қариб буд, ки ин миллат ва ин Ватан дар гирдбоди фано равад. Аммо ин равшанфикрон аз озодбаёнии Соҷидаи Мирзо комилан тафовут дошт. Он замон ҳазорҳо нафар аз ноилоҷи тарки диёр намуда, иҷборан муҳоҷиратро пеш гирифтанд. Албатта аз рӯи ҳамон ҷоҳилону разилоне, ки пешравии миллатро чашми дидан надоштанд.

Маъмултарин масоиле, ки имрӯз аз ҷониби опозитсион расонаи гаштааст, ин муаммои фаъолияти Радиои Озоди дар кишвар буд, ки гӯё ин сомона бо пули Амрико дар хизмати миллати тоҷик бошад. Бояд зикр кард, ки вазифаи матбуот ин расонидани хабарҳои дақиқу аниқ аст, на бӯҳтонангез. Ба ҳамин маъни гуфтаниам, ки бо воситаи маблағи куҷо фаъолият мекунад ё не ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки бояд рӯзноманигор рисолати худро дар пешрафти кори худ донад. Соҷидаи Мирзо аз зумраи ҳамин рӯзноманигороне буд, ки паи ҳақиқат меравад ва он чи ҳаст аз он мегӯяд, на бо таҳрики мухолифони миллатҳо амал мекард.

        

 

 

 

 

 

Ҷавонон бояд ақидаи солиму созандаи исломи дошта бошанд, то побанди васвасаи душманонумухолифони миллат ва  хоҷагони хориҷӣ нашаванд. Бинобар он мо, мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хурдтарин кӯшиши хиёнату ихтилоф ва бадном кардани дини мубини ислом, ноором ва халалдор сохтани амнияту сулҳу ваҳдати халқи тоҷик ва мардуми Тоҷикистонро сахт маҳкум менамоем. Чунки танҳо Ваҳдати милли наҷоти мост. Аз ин ҷиҳат ҳамаи Шуморо ба ҷиҳоди ҳифзи ваҳдат, ҷиҳоди маънавӣ ва тарбияи шоистаи ҷавонон даъват менамоям. Зеро ягона роҳи мақсуд таъмини ваҳдати дилҳост. Ҳаминро бояд ба хотир дошт, ки ислом тоату ибодат аст, одобу ахлоқ аст, фарҳанги хосса аст. Дар ислом мафҳуми террор вуҷуд надорад. Ислом динест, ки маърифат ва маънавиётро ташаккул ва рушд медиҳад.

Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ буда, наметавонад аз ҳаводису воқеаҳои ҷаҳон дар канор бошад. Солҳои навадуми асри гузашта дар натиҷаи фароҳам омадани шароит, омили динӣ дар ҷомеа якбора рў ба инкишоф ниҳод.. Таърихи начандон дури Ватанамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори «исломиёни бунёдгаро» ва «хоҷагон» - и онҳо андеша намоем. Барои расидан ба мақсадҳои худ гуруҳҳои экстремистӣ аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода мебурданд, то ки амалҳои нопоки худро пиёда намоянд.Лекин дар натиҷаи фаъолияти густурдаи мақомотҳои давлатӣ ба ин гурўҳҳо зарбаҳои нишонрас зада мешавад, ки ин барои суботи ҷомеа дар ҳар кишвар зарур аст.

Дар шароити кунунӣ ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа зарур аст, то ки амнияти миллии кишварро тањти фаъолияти созандаи худ устувор гардонем ва бар зидди  гурўҳҳои ифротгаро муборизаи беамон баранд.

Ин тадбирҳо метавонанд пеши роҳи воридшавии ақидаҳои бегонаву ифротгароро гиранд ва ба фаҳмишу ҷаҳонбинии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон таъсири мусбат расонанд.

Тавре, ки аз баромаду паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат ба ин қишри ҷомеа беш аз пеш буда, ояндаи миллатро пурра ба ҷавонон нисбат медиҳанд. Маҳз дар ҷавоби ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат ҳар як фарди баору номусро мебояд, ки ҳамеша ватандӯсту меҳанпарвар ва худшиносу худогоҳ бошанд. Мо бояд ба нафъи халќу Ватан ва ояндаи нек пурмањсул мењнат намуда, њамагонро ба тањкими сулњу вањдат, истиќлолият ва давлатдории миллї даъват намоем. Моро зарур аст, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар сањмгузор бошем ва бањри њифзи якпорчагии Ватани азиз сина сипар созем.

Амон Акбарович Раҳимов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Мо насли ҷавони даврон, миллати худро дар фазои ободу озод ва шукуфон дидаем ва вазифадорем, ки онро дар шароити аз ин ҳам беҳтар ба наслҳои оянда мерос гузорем. Зеро Истиқлолият барои ҳар як фарди солимақлу равшанзамир, рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати бебаҳо, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона ва расидан ба ҳадафҳои асосии давлату миллат буда, он меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин кардааст.

Озодӣ дар фазои Истиқлолият буд, ки мо афкори озод ва муҳимтар аз ҳама зиндагии тинҷу осоиштаро паси сар менамоем. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Имрӯз дар кишвари мо соҳаи матбуот хело рушд карда, вазифаи худро беш аз пештара самараноктар ба анҷом расонида истодааст. Албатта иттилоот ва ахборот яке аз самтҳои асосӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, он василаи паҳнкуннадаи ҳама гуна ахборотҳои ҷаддид миёни мардум аст. Аммо мутаасифона, бархе аз ин расонаҳо бино бар зиёдаравии беш аз «минбар»-и худ сӯиистифода карда, дар он ҳар гуна маводҳои таблищотии характери ифротгароиро расонаи мекунанд. Ва ба ин воситаи дар тафаакури ҷомеа ҳар гуна ақидаҳои ифротиро ҷо месозанд. Бояд зикр намуд, ки ин сомонаҳое, ки махсус фаъолият мебаранд, имрӯз бозичаи дасти «мансабдорон» - у наҳзатиён гаштааст. Зеро таҳти фишори онҳо ва бо «қувва»- и молии онҳо чунин як сомонаҳои ищвоангез фаъолият мекунанд. Албатта замоне Радиои «Озодӣ» низ ба минбари розу ниёзи ифротгарон мубаддал гашта буд. Вале имрӯз нафаре масъулиятшинос ва озодандешу равшанфикр Соҷида ва Ҷавод, ки барои нашру хабари бардурӯғи наҳзатиён муқобилият нишон медиҳанд. Ин корро пештар бояд роҳандозӣ мекард. Вале барои ҳаминаш ҳам бояд шукр кард, ки пайдо гашт диле, ки барои ҳақиқати ҳол месӯзад. Ва хабарҳои бардурӯщи наҳзатиҳо ва дигар мухолифони миллатро инкор мекунад. Манфиатҳои худхоҳонро пешпо зада, паи ҳақиқат меравад.

Ман ҳамчун як хонандаи Радиои Озодӣ иброз менамоям, ки вақтҳои охир расонаи мазкур хабарҳоеро пайгири менамояд, ки чеҳраи аслӣ ва ҳақиқати кишварро инъикос менамояд. Гарчанде, ки бархе манфиатҷӯён барои нафъи худ амал мекунанд бояд донанд, ки «Давидани гӯсола то коҳдон» гуфтаанд. Албатта рӯзе мерасад, ки ҳамин гуна банди гардани манфиатҷӯёнро сахттар мекашанд. Ҳамон вақт ҳақ ба ҳақдор мерасаду олам тинҷу ором мешавад.

Ба ин худхоҳону мансабдорони хориҷӣ гуфтаниам, к ибо буридани шохаи як ё ду равшанфикр решаи он хшк нахоҳад шуд. Зеро ҳамеша ҳақиқат бар ҷаҳолат щолиб меояд ва айнан ба мисоли ҳамин равшанфикрон аз решашон боқуваттар гардида, бар зидди афкороти пучи шумо зарба хоҳанд зад.

Маҳмудова Ф.М., устоди кафедраи нақлиёт ва идоракунии автомобилҳо