Асри 21 дар баробари рушди илму техника, ҳамчунин барои амнияти ҷомеа хатарҳои зиёде ба бор овард. Зеро барои гурӯҳҳои алоҳида, ки ҳадафашон ноором кардани ҷомеа мебошад, интернет воситаи зуд паҳн намудани  иттилоот гардидааст. Агар дар соли 2004 дар ҷаҳон ҳамагӣ 12 сомонаҳои террористиву эктремистӣ мавҷуд бошанд, пас соли 2011 ин рақам ба 4200 сомона расида, айни ҳол теъдоди ин гуна сомонаҳои манфиатҷӯ ба 10 ҳазор адад расидааст.

Маврид ба зикр аст, ки   оламиён бори аввал қариб 30 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амал дар соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин амалиёт 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар ӯҳда гирифт ва дар амал нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилотҳо ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷиҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал пешсаф ташкилоти «Алқоида» маҳсуб аст. Маҳз террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаи ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

Аз назарсанҷиҳои маркази татқиқотии Ренд бармеояд, ки аз соли 1982 то кунун дар ҷаҳон наздик 1000 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 10000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Агар мо ба хусусияти амалҳои террористӣ назар андозем, мебинем, ки нафарони бо худкушӣ терроркунанда барои коштани тухми тарс дар ҷомеа ба ин кор даст мезананд ва нияташон на ҳамеша нобуд кардани симои мушаххас аст.  Аз ин xост, ки аксаран мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Дар сари аз кадом табақаи ҷомеа будани террористи худкуш коршиносон ба чунин хулоса омадаанд: Агар дар солҳои 1980-1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷарҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилотҳои экстремистиро гирифта бошанд, пас дар ҳазораи сеюм сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро бо зан коркарди ғоявӣ гузаронидан осонтар асту вай камтар ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамояд. Дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз дар ҳамин замина террористони Ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Дар масъалаи чӣ будани терроризм профессори Донишгоҳи Колумбия Ричард Беттс изҳори назар карда, мӯътақид аст, ки терроризм аз аслиҳаи нафарони заиф ва камирода мебошад. Зеро онҳо бо рақибони худ рӯбарӯ бо яроқи оддӣ мубориза бурда наметавонанд. Барои ин иродаву имонашон намерасад.

Яъне, метавон хулоса кард, ки терроризм стратегия ва тактикаи мубориза мебошад. Аз он истифода намудани ташкилотҳои фоҷеаовар ҷой дорад. Барои ҳамин ҳам пеш аз ҳама барои истифода нашудан аз ин тактика чорае бояд андешид. Ин чора муборизаи дастҷамъона алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор ва характери террористидошта мебошад. Дар натиҷаи чунин амалиёти муташаккилона як қатор давлатҳои ҷаҳон имрӯз тавонистанд, ки «майдон»-ро барои гурӯҳҳои ҷангҷӯй танг намоянд. Барои робита ва муттаҳидшавии ин гурӯҳҳо роҳ надиҳанд.

      Миллати мо, ки 1300 сол ин ҷониб пайрави дини мубини ислом ҳастанд, бо меҳри беандоза, дили саршор аз имону имонпарастӣ ба арзиши ин дини инсонпарвар, накӯхисол арҷ мегузоранд. Дар ин ҷода амалҳои созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар, хоссатан иқдомҳои маъавиасоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб шуданд, ки соли 2009 дар  ҷумҳурӣ Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардида, санаи 26 феврали ҳамон сол конфронси ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд доир шуданд. Президент зимни баромади хеш таъкид доштанд, ки «Таърихи фарҳанги тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ - тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ шодоб гардидааст. Сарзамини ниёгони мо ҳанӯз аз оғози тамаддуни давлатдорӣ яке аз марказҳои маънавиёт, меҳвари воқеии фарҳанги асилу пешрафта ва арзишҳои зиндагисоз буда, дар амри пазируфтани арзишҳои неки тамаддунҳои дигари ҷаҳонӣ, аз ҷумла тамаддуни исломӣ бо таҳаввулоти рангине рӯбарӯ шудааст. Дини мубини ислом тадриҷан бо тамаддуни ниёгони мо созгор омада, минбаъд низоми маънавӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҷдоди моро хеле таҳким бахшид ва густурда сохт. Дар ин раванд аввалин шахсе, ки гуфтугӯи фарҳангҳо ва тамаддунҳоро дар дохили уммати исломӣ матраҳ кардааст, Имоми Аъзам буд. Ӯ мазҳаби фиқҳиеро поягузорӣ кард, ки рафъи низои тамаддунҳоро дар чаҳорчӯбаи шаръии тамаддуни исломӣ осон гардонид. Маҳз асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ дар масъалаи гуногуншаклии фарҳангҳо ва тамаддунҳо халқҳои зиёдро дар меҳвари арзишҳои ислом нигоҳ дошта, дар баробари ин тавонист, ки қаламрави нуфузи онро васеъ гардонад.  

Дигар аз иқдомоти наҷибе, ки барои ҳар фарди мусулмон беҳтарин армуғон аст, ин ба ҳуруфоти кириллӣ баргардонидани китоби муқаддаси ислом «Қуръон» аст, ки ҳар касе метавонад аз оятҳои каломи Раббонӣ баҳраи беш бигирад. Мухимтар аз ҳама имрӯз дари масҷидҳо ба рӯи намозгузорон боз аст, адабиётҳои динӣ фаровонанд. Пас барои мусулмони ҳақиқӣ будан барои мо чӣ намерасад. Мутаассифона, бадбинони миллат, онҳое ки аз номи ислом бар зиди ислом кор мебаранд арзиши мусулмонии шаҳрвандонро бо аъзошавӣ ба ҲНИ чен карданд. Фарҳангу ғояҳои бегонапарастиро дар шуури сокинон маҷбуран таҳмил карданд. Агар хиради воло, ташаббускорӣ, ҳушёрии сиёсии Роҳбари давлат намебуд, ин сиёҳкорон кишвари моро дубора ба вартаи ҷанг мебурд. Зеро мақсади онҳо тараннуми ваҳдату дӯстӣ, пешрафти дину хештаншиносӣ нест, ҳадафи онҳо нооромии ҷомеа, бунёди давлати фундаметалистӣ вабо ин васила гарвиш ба терроризму экстремизм мебошад.    

Бадбахтона, солҳои охир бо ҷурми ноогоҳӣ ва гумроҳӣ наздики 300 нафар ҷавонони вилоят ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ворид шуда, ҷони ҷавони худро ба хатар гузоштаанд. Бадбахтиаш он аст, ки аксаран тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд ва бо худ зану шавҳрашонро низ мебаранд. Як амали сабукбор боиси бадбахтии оила, пайвандон ва ниҳоят миллату давлат мегардад. Шумоён зиёд наворҳоеро дидаед, ки ҷавонони мо аз ин роҳи интихобкардаи худ пушаймонанд ва як каф хоки Ватанро беҳтар аз симу зари  ваъдагии хоҷагон донистанд.

Чанд рӯзи охир дар телевизиони вилояти Суғд гузорише аз рӯзгори ду зани истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов рӯи навор омад, ки имтиҳони сахту сангини қисмати талхи онҳо нақл мекунад. Ин нафарон бо даъвати шавҳару дигар наздиконашон, ки онҳо низ ба фиребу дасисаҳои аъзои ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ба чунин роҳ рафтанд, дар давлатҳои Сурияву Афғонистон зиндагонии бадтар аз сагонаро аз сар гузарониданд. Онҳо шоҳиди қатлу куштор ва бедодгарии ҷАнгиёти ДИИШ ва толибонро диданд ва чун бо ҳидояти давлат ва Ҳукумати кишвар ба Ватан баргаштанд, аввалин коре, ки анҷом доданд, хоки ин замини муқаддасро бӯсиданд, ашки шодӣ реҳтанд ва ба Роҳбари давлат арзи сипос намуданд, ки чунин кишвари озод, муҳтити хуби зиндагиро бароямон муҳайё сохтанд. Пас барои мо чӣ намерасад, ки имрӯз дар мулки бегона, ки фарҳангу оини ба мо наздик надорад, худро қурбони ҷаҳолат мекунем.

Ман ба андешаи олими номвари соҳаи дин Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода комилан тарафдорам, ки менигоранд «Агар мо андешаи миллиро пойдор ва муқаддасоти онро устувор нигаҳ дорем, саодати миллат бардавом ва  дар он вақт рӯҳи бузургон аз мо шод, кишвар обод ва миллат сарбаланд мешавад»

Вазифаи мо роҳбарони мактабҳои олӣ ин ба дурустӣ омӯзонидани фанҳои тахассусӣ, ҳушёрии сиёсии ҷавонон, такмили дониш ва дар тинати онҳо бедор кардани эҳсоси худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизу шарифи кишвар мебошад.  

Аз донишҷӯён, ки аксаран огоҳии комили сиёсӣ доранд, даъват ба амал меорем, ки такягоҳи асосии давлату миллат гардида, ҳамсафони худро, ки дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондаанд, аз оқибатҳои нанговари ин амал огоҳ созанд. Баръакс бо баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ бояд мо ташвиқи тарзи ҳаёти солимро пеш барем. Он гоҳ фардои ин миллат дурахшон хоҳад буд.

Аминем, ки дар ояндаи наздик ин гуна ташкилотҳо аз беху бун нест карда хоҳанд шуд ва дурахши офтоби сулҳу амният саросари ҷаҳонро нурпошӣ хоҳад кард.

 

Саидӣ Дилафрӯз Раббизода,

директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд,

номзади илмҳои техникӣ

 

Ба шароити ноороми олам, ки дар он аксаран хонаи мардуми мусулмон месӯзад, назар намуда аз ҳоли ҳузнангези мардуми хонабардӯши Шарқ, дили кас реш мегардад.

 

Дар сомонаи «Паём», «Ахбор ком» зиёд изҳоротҳои “Паймони миллӣ” ба табъ мерасанд, ки  онҳо бо истифода аз ин “минбари роз”-и худ аз он изҳори норозигӣ мекунад, ки гӯё дар Тоҷикистон дар ҳаққи нафарони роҳбарони ҳизби мухолиф ҳукми ноодилона бароварда, қисме аз онҳоро ба ҳабси абад фиристодаанд.

Бояд эътироф намуд, ки дар сафи аъзоёни собиқ ҲНИ “воизон” “сухангустарон”ғи моҳир хеле зиёд буданд ва онҳо абёти машҳури Ҳофизи Шерозӣ

Воизон к-ин ҷилва бар болои меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд-ро

 сармашқи кори худ қарор дода, солҳои сол мабағҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷиашонро сарфи хонаву дар ва маишати худ намуда, халқи бечораро бо азёди чанд пора аз оятҳои “Қуръон”-ӣ тарсонда, ба сафи худ ворид мекарданд. Дар асл ҷавҳари ин нафарон танҳо аз разолату кина пур буд. Ин нафарон мехостанд дар кишварамон табаддулотро барпо намуда, ҳокимияти кунуниро сарнагун созанд. Ягона касб ва ҳунари онҳо гуфтани сухани хуб ва ҳукуматро дар ҳама ҳолат мавриди танқид қарор додан  буд.

Дар сӯҳбатҳои мардуми оддӣ мепурсем, ки барояш чӣ чиз аз ҳама қимматар аст? Онҳо мегӯянд. Хотири ҷамъу дили шод. Магар ҳамин неъматро давлат ва ҳукумат таъмин накард. Магар мо  зиндагии талхи мардуми Афғонро аз ёд фаромӯш кардем. Дар ин кишвар низ мардум ба “суханҳои волои” 4 нафар саладорон ворид шуда, имрӯз зиндагонии вазнинро паси сар намуда истодаанд. Маҳз ҳодисаи моҳи сентябри соли рафта парда аз рӯи мақсад ва ҳадафҳои ҲНИ бардошта шуд. Давлат ва Ҳукумати кишвар 24 сол ба ин ҳизб имконият дод, то бо идеяҳои милливу созандаи худ кишварамонро пеш барад. Аммо ҳамон “устодон” ва “донишмандони илми динӣ” барои пешравии миллат чӣ кор карданд? Мо мегӯем ягон кор. Магар ин нафарон набуданд, ки ба сафи ҳизби худ муллоҳои кӯрсаводро ҷамъ намуда, бо дамсозию дамбозӣ ба иффати занону модарони мо дастдарозӣ намуданд. Магар ин саркардагон набуданд, ки ҷавонони гумроҳи мо ба хотири бунёди давлати исломӣ бо мақсади “шаҳид” шудану ба “ҷаннат” рафтан ҷони ҷавони худро дар майдонҳои давлати Сирия ва Ироқ қурбон намуданд. Магар ҳамин “падарони руҳони”-и мо набуданд, ки масҷидро  ба ҷойи ибодат ба макони таблиғоти зиддиҳукуматӣ табдил доданд. Магар ҳамин “роҳбарони олимақом” набуданд, ки ба мактаб рафтани духтарони беҳиҷобро куфр дониста, ҷои талабагонро дар масҷидҳо дидан мехостанд. Мо агар аз рӯи гуфти ин нафарон кор мекардем ҷомеаи мо аз як мутаассибхона беш намешуд.

Мо бо азмияти том гуфтем ва мегӯем, ки дигар мардум мардуми солҳои навадум нест. Ва сияҳро аз сафед ҷудо карда метавонад. Бале мо бояд иқрор шавем. Дар ҷомеа камбудиҳо ҳастанд, ҳанӯз вазъи иқтисодӣ на ба он сатҳ ҳаст, ки мо мехоҳем. Вале инро танҳо давлат ва ҳукумат бартараф намекунад. Мо бояд дар атрофи Сарвари муаззами худ сарҷамъ оем. Идеяи миллии худро дошта бошем, то тавонем ба сӯи ояндаи дурахшон қадам ниҳем. Ҳукми суди олӣ дар доираи талаботҳои қонун сурат гирифта истодааст. Ва онҳое ки мақсади аз байн бурдани миллати худро доштанд бояд сазовор ҳукм гиранд, то ба дигарон дарси ибрат шавад ва аз мақсадҳои ғаразноки худ даст кашанд. Зиёиёни кишвар, хосса онҳое, ки миллаташонро бо ҷону дил дӯст медоранд, ҳукми Суди Олиро одилона ва воқеъбинона баҳо додаанд ва мо низ ба чунин  ақида розием. Гунаҳкор бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд.   

Наим Рашидов,

устоди кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология

 

 

 Тавре аз расонаҳои хабариву иттлоотӣ бармеояд, раиси собиқ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ то ҳол кӯшиш карда истодааст, ки худ ва аъзоёни ифротгарашро бо баҳонаҳои гуногун сафед намуда, амалҳои характери терористи доштаашро ба гардани худи давлати мо партояд. Яке аз чунин амали зишти ў гумроҳ намудани ҷавонони мост.

Аз гуфтугӯи рубарӯии роҳбарияти ТЭТ ҲНИ бармеояд, ин наҳзатиҳо аз худ он қадар озозандешу истиқлолхоҳ тарошидаанд, ки Кабирӣ қувваи худро ҳамчун нерӯи истиқлолхоҳ маррифӣ кардааст. Ин қадар суханони “босамимият”, ки барои ба даст овардани Истиқлолият ҳизб ташкил кардааст. Албатта, ки суол вақте атрофи ташкили созмони нави наҳзатиҳо “Паймони миллии Тоҷикистон” рафт, ҷаноби Кабирӣ афзуд, ки фаъолияти ин ва ташкили ин паймон солҳост, ки тарҳрезӣ шудааст. Бале, мо хуб медонем, ки ҳама кори Шумо паси парда аст ва имрӯз ҳатто чеҳраҳои манқурти наҳзатӣ низ паси пардагӣ шудааст. Ҳама вақт нақшаи А ва Б наҳзатиҳо омода аст, ҳамон нақшае, ки ифротию ғаразнок. Вагарна чаро барои худ шабакаҳои иҷтимоии махсус кушода, хабарҳои дурӯғу бӯҳтонангезро расонаӣ мекунанд. Агар ростгӯву ростқавл бошанд, ҷасоратмандона назди халқу миллат сарбаланд карда сухан мекунанд.    На ин, ки паси пардаҳои пинҳонӣ. Гургназаронаву авомфиребона.     

Фаъолияти ғайрисозанда, иғвоангезанда ва ғаразҳои таҳрибкорона ва экстремистии  бархе аз мардуме, ба қавли ношукурбандаҳо аз ҷониби тамоми ҷавонон маҳкум карда мешавад ва тарафдори ҷиддии қатъ карда шудани фаъолияти барҳам додани чунин ашхосоне ба монанди хиёнаткоронанд. 

Аъзоёни ин азҳоб тараферо интихоб кардаанд, пешаеро интихоб кардаанд, ки ҷазои нобахшиданӣ дорад. Бо ин амали зишткоронаи худ аз ҷониби мардум тавқи лаънатеро ба сар гирифтаанд. Ин бадмазҳабони бадкешони наҳзатианд. Ин паймони сулҳу милли инҳо танҳо найранг асту бас.

Қайд меанмоям, ки ин нобакорон намаки хоки ватан хӯрда , ба маъное ба намакдон пуф карданд, зеро онҳо ношукру носипос ва мухолифони миллатанд. Ба ҷои он ки ташаббусҳои созанда аз ҷониби  он ҷавонмардоне, ки имрӯз миллат ба эшон ниёз дорад ба нафъи миллату давлат амалӣ гарданд, амалҳои ноҷавонмардона ва ношоистаи аъзоёну пайравони хоҷагони беруна дар дохили кишвар, даъвоҳои беасоси онҳо на танҳо дастгирӣ ва пайравӣ наёфтанд, балки боиси маҳкумӣ аз ҷониби ҷомеаи имрўзи кишвар ва берун аз он гардиданд.

Амиртемур Ваҳҳобов, декани факултети муҳандисӣ – технологии ДПДТТ  

        

 Дар сомонаи «Паём», «Ахбор ком» зиёд изҳоротҳои “Паймони миллӣ” ба табъ мерасанд, ки  онҳо бо истифода аз ин “минбари роз”-и худ аз он изҳори норозигӣ мекунад, ки гӯё дар Тоҷикистон дар ҳаққи нафарони роҳбарони ҳизби мухолиф ҳукми ноодилона бароварда, қисме аз онҳоро ба ҳабси абад фиристодаанд.

Бояд эътироф намуд, ки дар сафи аъзоёни собиқ ҲНИ “воизон” “сухангустарон”ғи моҳир хеле зиёд буданд ва онҳо абёти машҳури Ҳофизи Шерозӣ

Воизон к-ин ҷилва бар болои меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд-ро

 сармашқи кори худ қарор дода, солҳои сол мабағҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷиашонро сарфи хонаву дар ва маишати худ намуда, халқи бечораро бо азёди чанд пора аз оятҳои “Қуръон”-ӣ тарсонда, ба сафи худ ворид мекарданд. Дар асл ҷавҳари ин нафарон танҳо аз разолату кина пур буд. Ин нафарон мехостанд дар кишварамон табаддулотро барпо намуда, ҳокимияти кунуниро сарнагун созанд. Ягона касб ва ҳунари онҳо гуфтани сухани хуб ва ҳукуматро дар ҳама ҳолат мавриди танқид қарор додан  буд.

Дар сӯҳбатҳои мардуми оддӣ мепурсем, ки барояш чӣ чиз аз ҳама қимматар аст? Онҳо мегӯянд. Хотири ҷамъу дили шод. Магар ҳамин неъматро давлат ва ҳукумат таъмин накард. Магар мо  зиндагии талхи мардуми Афғонро аз ёд фаромӯш кардем. Дар ин кишвар низ мардум ба “суханҳои волои” 4 нафар саладорон ворид шуда, имрӯз зиндагонии вазнинро паси сар намуда истодаанд. Маҳз ҳодисаи моҳи сентябри соли рафта парда аз рӯи мақсад ва ҳадафҳои ҲНИ бардошта шуд. Давлат ва Ҳукумати кишвар 24 сол ба ин ҳизб имконият дод, то бо идеяҳои милливу созандаи худ кишварамонро пеш барад. Аммо ҳамон “устодон” ва “донишмандони илми динӣ” барои пешравии миллат чӣ кор карданд? Мо мегӯем ягон кор. Магар ин нафарон набуданд, ки ба сафи ҳизби худ муллоҳои кӯрсаводро ҷамъ намуда, бо дамсозию дамбозӣ ба иффати занону модарони мо дастдарозӣ намуданд. Магар ин саркардагон набуданд, ки ҷавонони гумроҳи мо ба хотири бунёди давлати исломӣ бо мақсади “шаҳид” шудану ба “ҷаннат” рафтан ҷони ҷавони худро дар майдонҳои давлати Сирия ва Ироқ қурбон намуданд. Магар ҳамин “падарони руҳони”-и мо набуданд, ки масҷидро  ба ҷойи ибодат ба макони таблиғоти зиддиҳукуматӣ табдил доданд. Магар ҳамин “роҳбарони олимақом” набуданд, ки ба мактаб рафтани духтарони беҳиҷобро куфр дониста, ҷои талабагонро дар масҷидҳо дидан мехостанд. Мо агар аз рӯи гуфти ин нафарон кор мекардем ҷомеаи мо аз як мутаассибхона беш намешуд.

Мо бо азмияти том гуфтем ва мегӯем, ки дигар мардум мардуми солҳои навадум нест. Ва сияҳро аз сафед ҷудо карда метавонад. Бале мо бояд иқрор шавем. Дар ҷомеа камбудиҳо ҳастанд, ҳанӯз вазъи иқтисодӣ на ба он сатҳ ҳаст, ки мо мехоҳем. Вале инро танҳо давлат ва ҳукумат бартараф намекунад. Мо бояд дар атрофи Сарвари муаззами худ сарҷамъ оем. Идеяи миллии худро дошта бошем, то тавонем ба сӯи ояндаи дурахшон қадам ниҳем. Ҳукми суди олӣ дар доираи талаботҳои қонун сурат гирифта истодааст. Ва онҳое ки мақсади аз байн бурдани миллати худро доштанд бояд сазовор ҳукм гиранд, то ба дигарон дарси ибрат шавад ва аз мақсадҳои ғаразноки худ даст кашанд. Зиёиёни кишвар, хосса онҳое, ки миллаташонро бо ҷону дил дӯст медоранд, ҳукми Суди Олиро одилона ва воқеъбинона баҳо додаанд ва мо низ ба чунин  ақида розием. Гунаҳкор бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд.   

Наим Рашидов,

устоди кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология

 

Муаммои  мубрами  рӯз  падидаи номатлуб, афзоиши ташкилотҳои терористиву экстремистӣ, ки таи солҳои охир  ҳамаи ҷаҳониёнро  ба  ташвиш оварда, аксар  кашварҳоро  муташанниҷ  карда истодааст. Соле чанд бо фаъолияти таҳрибкорона ва иғвогаронаи ТТЭ ҲНИ дар кишвари мо низ амалҳои ваҳшиёнаи чунин гурўҳҳои ифроти ба вуқўъ пайваст. Имрўзҳо ҳар гуна амалҳои террористиву  экстремистиро  тариқи расонаҳои хабарӣ  мешунавем, ки  ин тамоми  мардумро  ба ваҳм меоварад, тарсу  ваҳшониятро дар  ниҳоди мардум  ҳукмрон намуда, вазъи руҳонии эшонро табоҳ  намуда  истодаанд. Мушкилӣ  дар он аст, ки ба ин ҷанги  иттилоотии бемаънои  нотавонбинон ҷавонони  кишвари мо низ  ҳамроҳ шуда, ҳаёти  ҷавони худро  беамният  мегузаронд, ҳол он ки дар даврони  ҷавониашон эшон  бояд  илм омӯзанду  дар пешрафт ва  тараққиёти ин  сарзамин  саҳми  босазои хешро гузоранд.

Дар ҳақиқат имрӯз барои мухолифони миллат, гурӯҳҳои тундгаро мӯд гаштааст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна ақидаҳои ғаразноки худро расонаӣ созанд. Чанде пеш низ гуфтугӯи онлайниии роҳбарияти Паймони миллии Тоҷикистонро ба таври хаттӣ хондам. Гуфтанӣ ҳастам, ки ишораи Кабирӣ аз он, ки: “Касе Тоҷикистон ватани худро дӯст медорад?” дар чист. Албатта баробари шундани ин савол кас ҷавоб мегӯяд, ки ин наҳзатиҳо носипос ва ношукр буд, ки қадри дӯстдорӣ ва оғӯшгириҳои ватанро нодида гирифт. Ба арзишҳои он зарба задани шуд ва имрӯз онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ лоиқ ба самимияти онҳо нахоҳанд гардид. Зеро хиёнаткорро Ватан намебахшад.

Масъалаи бӯҳтонангезии наҳзатиҳо боз як тарафи муаммо, ки Кабирӣ боз ба ин даст задааст. Аслан ба Кабирӣ савол дорам, ки ҳамин айбдоркуниву найрангбозӣ ба дилатон назааст? Охир то кай дурӯғ мебофед? Боре қазоват кардаед, ки умратон беҳуда сарф шуда истодааст. Зеро ҳаёт танҳо ин нест, ки ҳамеша дунболгири коре бошӣ, ки дар асл он вуҷуд надорад. Кабирӣ барои мо ин қадар машварату “меҳрубониҳо” ятон лозим нест. Дар урфият мегӯянд, ки:”Муште, ки баъди ҷанг ба ёдат расид ба сари худат зан”. Бо дарки ҳамин маъни бояд ҳар яки Шумо аз аввал меандешидед, ки Истиқлолияти давлатии мо ба осонӣ бадаст наомадааст. Ҳамин машваратҳои “дилсӯзона”и худро агар тавонед, худатон ба кор баред. Ҳоло, ки ҷавонони моро гумроҳ, дили модаронро доғдор ва фарзандони зиёдеро аз наздикон маҳрум сохтед, нав ба ёдатон расид, ки бояд кишвару миллатро эмин дорем. Ин “самимият” и худро, акнун ба аъзоёни паймонатон нисор созед. Дигар касе ҳавсалаи онро надорад, ки шуморо гӯш диҳад. Дурӯғу тӯҳматҳои мухолифонро шунавад. Шарофиддин Гадоев низ шояд аз ин дурӯғу найрангҳои Кабирӣ роҳ сӯи Ватан пеш гирифтааст. Масъалаи рабудани ӯ ин як тӯҳмати наҳзатиҳо алайҳи Ҳукумати кишвар мебошад. Кабирӣ бо ин қадар инсонҳо кор кардаӣ ва раиси ҳизб ҳам будӣ, маълум, ки дар шинохти инсон таҷриба надоштаӣ. Вагарна боре андеша кун, ки як нафар сарсупурда ба ҳеҷ ваҷҳ ва ҳатто бо маҷбуркунии мақомот низ кореро намекунад, ки барои ҳизбаш хиёнат шавад. Пас бидон, ки агар Шарофиддин Гадоев аз фурудгоҳ роҳ сӯи мақомот пеш гирифта бошад ҳатман, ки аз ин иштибоҳоташ пушаймон аст ва авфи худро мехоҳад, зеро дигар нияти пайвастан ба гурӯҳҳои ифротиро надорад.

 Моро мебояд, ки ба қадри озодӣ дар зиндагӣ, ҳаёти ширин дар бари ёру фарзанд, хоби осуда, табассум дар лабони кӯдакони маъсум ва қабл аз ҳама хонаи ободу тани саломати хеш бирасем. Шукронаи ин давлату миллати боамн кунем, дар ҳар нафаси худ бояд шукрона кунем, то ин ки дар нафасҳои минбаъда низ Худованд хайри моро бидиҳаду давлат ва ҷомеаро боз ҳам оромтару тинҷтар гардонад. 

         Башиков И.Т. сармуаллими кафедра А ва ИН

Масъалаи  шомилшавии  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротгарою тундрав имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бисёр ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ таъсис ёфтаанд, ки дар ин ё он давлат зуҳур намуда, ҷавонони соддаю ноогоҳро ба доми фиреби худ  мекашанд.  Афсӯс, ки дар байни онҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо ҳам ҳастанд. Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки  чаро онҳо ба доми «хоҷагон»-и хориҷӣ меафтанд?

 Ба назари ман, як сабабаш фирефтаи пулу мол шудан ва ба ваъдаҳои беохири онҳо бовар карданашон бошад, сабаби дигар ноогоҳӣ ва дур будани онҳо аз ислом аст.

Ба ҳамаи ҷавонони арҷманд ва азизи миллати тоҷик муроҷиат намуда иброз медорам, ки имрӯзҳо хадамоти  ҷосусии ғарб бо сарварии ИМА, Англия, Франсия, Германия ва дастгирии шайхони араб бо мақсади аз ҷавонон бо истифода бурдани дини мубораки ислом мехоҳанд манқуртҳоеро ба вуҷуд оранд, ки онҳо ба ғайр аз хӯҷаи худ на падар, на модар, на бародару на хоҳар, на миллат ва на давлати худро мешиносанд.  Тасаввур кунед, ҷавоне, ки нав мактаби  миёнаро хатм кард ва ба хориҷа (асосан ба Русия) ба кор рафт, вале дар он ҷо барои худ  шуғли муносибе наёфт, дарҳол ба доми фиреби гумоштагони хориҷии соҳибтаҷриба меафтад. Зеро барои вай пул лозим аст, дар хона зану фарзандон ё волидонаш интизори маблағи ӯянд. Чӣ бояд кард, аз куҷо кор ва маблағ ёфт? Дар чунин лаҳзаи ҳассос гумоштагони таҷрибаманди давлатҳои хориҷӣ ба «ёрдами» ин ҷавонон меоянд.  Бо суханҳои пурдабдабаи «ба дини ислом хизмат кардан савоб аст, бояд душманони  дини ҳақро аз рӯи замин нест кард, агар дар ин ҷода ҳалок шавӣ, шаҳид мегардӣ ва ҷоят ҷаннат мешавад» ва монанд ба ҳамин  сари чунин ҷавононро гаранг кардан кори саҳл аст. Аз тарафи дигар, ваъдаи маблағҳои калон ва як қисми онро пешпардохт кардан ҷавононро водор месозад, ки дарҳол ба шарту шароити ин «хоҷагон» бовар кунанд. Чунки мақсади инҳо  аз муҳоҷират маблағ пайдо кардан буд. Вақте  ки дар Русия барои худ кори муносиб  пайдо накарданд, хоҳу нохоҳ  ба ин таклифҳо розӣ мешаванд. 

Пас аз қарори қатъи фаъолияти ТЭТ ҲНИ намояндагонаш бо даъвоҳои беасос ва номаҳои бӯҳтонангез тарафи миллати мо садо баланд карда истодаанд. Аммо ин се чаҳор сол ва боз чанд соли дигар дасисабозӣ мекунанд? Охир мақоле ҳаст, ки “Давидани ҳар гӯсола то коҳдон” гуфтаанд. Мо ҳама хело хуб медонем, ки ҳизбро ташкил кардан маънои даъвои курсӣ кардан аст.  Як бор ҷавонони арҷманд  андеша намоянд ва бинанд, ки аввал ТЭТ ҲНИ-ро номнавис карда, фаъолият бурда имрӯз симои террорист ва экстремист будани худро нишон дода дар дохили кишвари ободу озоди мо  ба чӣ гуна амалҳои ноҷавонмардона даст задаанд, ки дар натиҷа боз модари точик бефарзанд монд,  боз фарзандони бегуноҳи тоҷик ятим монд, боз зани тоҷиқ  бешавҳар монд, ин аст амали ба ном “дӯстдорони ислом”. Аз ҳамин лиҳоз ба наҳзатиҳои “исломдӯст” гуфтанӣ ҳастам, ки агар дӯстдории наҳзатиҳо ҳамин бошад, нафрату мардуму ғазаби Худоро гирифтор мешаванд ва аллакай инҳо лаънатзадаи мардум гаштаанд ва ҳамаи моро Яздони пок назорат мебарад, ки бандагонаш дар чӣ амаланд.

Машарипова М.Э.,

устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Дар ҳошияи муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат

Шукри меҳан, шукри сулҳу шукри ваҳдат мекунам,

Умри сабз, ҳам ҷону номамро фидоят мекунам.

Кишвари фархундаву фирўзу хушиқболи ман,

Рамзи миллат, зарраи хокат, ҳимоят мекунам.

Кишвари тоҷик, ки имрӯз бо мақоми хоса дар байни мамоликҳои тамоми олам шинохта гардидааст, имрӯз оғоз аз Пешвои миллат то мардумони ватанпарсту нобиғагони тарбиятгараш, барои боз ҳам пешрафт намулани кишвар ҳаматарафа саҳм гирифтаанд. Хушбахтии ҳар як қавму миллат дар он аст, ки мардумонаш мутаҳҳид бошанду тифоқро пеша кунанд.  Пайрави давлату миллат ва сарвари давлат бошанд. Мусаллам аст, ки Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол нав ба синни 28 даромадаву мустақилияти давлатиашро ба даст гирифтааст. Ҳамин буд, ки баробари дигар давлатҳои мутараққии олам ба пеш, ба роҳи ободиву озодӣ мунтазам қадам мезанад, ки ин ифтихори тамоми мардуми хештаншиноси миллати кӯҳантамаддуни тоҷик бояд бошад.

Мутаассифона, имрӯз боз як қабил афродон ҳамаи ин озодиву ободӣ ва ин мустақилияти давлати  комилҳуқуқамонро нодида гирифта, фирефтаи ду танга пули ночиз ва ё ҳар гуна суханҳои бардурӯғу ифротгароёнаи атрофиён мегарданду роҳи худро дар чаҳорсӯи зиндагӣ гум мекунанд. Дар ҳақиқат боиси таассуф аст, ки алалхусус ҷавонони мо ба фиребу найранги бардурӯғи хоҷагони беруна бовар намуда, имрӯз ба хотири ҳеҷ як чизи нодаркор худро дар майдони бесару сомони дигар мамоликҳои дунё мебинанд. Афроди комилақл наметавонад ин корро кунад, зеро ҳар як сухану ваъдаҳое, ки гурӯҳҳои мухолифин мегӯяд ба зиндагии орому осоиштаи мо зарар меорад, на нафъ. 

Барои ҳар кадоми шаҳрванди баору номуси миллат, озодӣ ва арзишҳои милливу фарҳангӣ қадрқ қиммати хосе бояд дошта бошад. Маҳз он нафароне, ки оташи ҷангӣ хонумонсӯзӣ солҳои 90 –умро дидаву маззаи онро чашидаанд, хело хуб медонанд ва талқин менамоянд, ки имрӯз бояд арзиши ин фазоро донем ва онро ҳифзу ҳимоя намоем. Вагарна ҳамон “исломгароён” дар ниқоби ислом имрӯз низ барои вайрон кардани ин фазо саҳм гирифтанианд. Якпорчагии ин марзу бум барои ҳар кадоми мо муҳим аст, ба хотире ки баҳри ба даст овардани он неъматҳо хазорҳо нафар дар роҳи адолату хақиқат ҷоннисориҳо кардаанд. Дуруст аст, ки барои  ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо ҷони худро фидои ин сарзамини муқаддас намудаву сад афсӯс, ки дар ҳамон замон  ҳам як қабил нафароне хони миллатро  пушти по задаанд. То кунун ҳастанд нафароне, ки  намехоҳанд кишвари замоне ҷангзадаву имрӯз дарои истиқлолият шуда пеш раваду дар ҳоли рушд бошад. Ба ҳамин  маънӣ чанд сухани дигереро ҳам мехоҳам замима кунам, зеро ҷоизи қайд аст, ки як гурӯҳи  махсуси  террористон  дар ҳамаи  манотиқи олам  маскан гирифтаву  кори тарғиботиву  ташфиқотии  хешро идома дода истододаанд ва   сабаби гумроҳ намудаи ҷавонони мо дар он аст, ки дар  ниҳоди  онҳо  илми дини  мубини  Исломро ғалат  мефаҳмонанд, гуё  агар  фирефтагон  ба суханони бадхоҳон  амал кунанд  дунёро аз ҳамаи  нопокиву олудагиҳо  софу тоза  мегардонанд.

Ҳифзу ҳимояи кишвар имрӯз дар дасти мо ҷавонон аст. Дини мубини ислом, динест, ки моро ба роҳи рости зиндагӣ ба ҳаёти арзанда талқин мекунад ва фазилати неки инсониро дар мо тарбия мекунад, на ин ки ба куштору қатл ва ғорат водор месозад. Ин таблиғоти ғалату бӯҳтоангез танҳо макри терористону ифротгарон аст. Мо мардуми саодатманди диёр ин амалҳо ва фаҳмишҳои ғалати мухолифонро маҳкум менамоем ва бар зидди ин фасодкороне, ки барои барҳам задани дини мубини Ислом талош мекунанд, мубориза хоҳем бурд.

Қаҳҳор Бӯриев,

номзади илмҳои физика ва математика,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ташкили хатар ба ҷамъият аз ҷониби ашхоси алоҳида тариқи зӯроварӣ, истифодаи қувва, ба амал овардани тарсу ваҳм, вазъияти нотинҷу ногувор, муҳити хатаровар терроризм ном дорад. Мақсади асосии терроризм амали зӯроварӣ барои соҳиб шудани аҳдофи сиёсӣ ва иқтисодии ашхоси алоҳида, гурӯҳҳое мебошад, ки худро бо исмҳои мухталиф ба ҷомеа муаррифӣ мекунанд. Террористон аз номи дини мубини Ислом баромад намуда, номи ин дини муқаддасро доғдор мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки “Дини мубини Ислом инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯровариро маҳкум месозад”. Бисёр ҷавонон аз бефаҳмию бедонишӣ, надонистани моҳияти амалҳои номатлуб ба гурӯҳҳои экстремистӣ ҳамроҳ гашта, зиндагии худ ва аҳли ҷомеаро табоҳ месозанд. Барои аз байн бурдани ин гуна таассубгароиҳо фикри озоду солим зарур аст.

Тоҷикистони соҳибистиқлол  терроризм ва экстремизмро маҳкум менамояд. Имрӯз бояд нисбат ба ҳаракатҳои терорристӣ оштинопазир бошем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар Паёми навбатиашон ба парлумони кишвар таъкид намуданд: “Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

Имрӯз омӯзгоронро зарур аст, ки баҳри тарбияи солими насли наврас, ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсту ватанпарвар тамоми донишу маҳорат ва малакаи касбии хешро истифода намоянд, баҳри пешгирии шомил шудани ҷавонон ба сафи террористон софдилона муборизона баранд. Тарбияи насли наврас бояд аз оилаву кӯдакистонҳо шурӯъ гашта, дар муассисаҳои таълимӣ дар руҳияи ватандӯстӣ ба роҳ монда шавад. Аз ҷумла, равандҳои баланд бардоштани ҷаҳонбинии ахлоқӣ, сиёсӣ, илмӣ, маърифатӣ, ташвиқи ғояҳои ватанпарварӣ ҳамчунин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат доир ба тарбияи ҷавонон бояд ҳар зиёи кишвар, падару модар дониста шавад.

(Дар ҳошияи муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат )

Ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ва ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии кишварамон саҳми сазовореро гузоранд.Суханони ҳикматрези сарвари давлатро бояд сармашқи фаъолияти ҳамарўзаи худ қарор диҳанд.

Имрӯз баъди ҳазорон  солҳо мардуме, ки  дар арафаи таназзулёбии миллаташ қарор дошт, хушбахтона  ӯ имрӯз, боз ба озодиҳои навин, бо шарофати сарвари давлат  боз соҳиби хонаву давлати соҳибистиқлол гардид. Гузашта аз ин оташеро, ки ҳанӯз дар таҳи хокистар буд, дубора равшанаш намуда, василаи он  барои башарият ба пошидани нуру зиё оғоз кард.

Мо мардумони тоҷик дар чунин як шароите, умр ба сар мебарем, ки давлат соҳиби истиқлолият асту ба ягон эътиқодоти мардум монеа дучор намекунад, ин ҳам дар ҳоле, ки ҳатто замони шӯрави ҳолат чунин набуд. Тамоми кӯшиши ҳукумати шӯрави бар он равона шуда буд, ки мардумро аз дину имон ва муқаддасоти миллиашон дур кунанд. Вале сарфи назар аз ин арзишҳои милиӣ ва фарҳанги бою ғании миллати тоҷик, ба гуфтаи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода нохалафоне дар шахситяҳои шиапарстон кӯрнамаки карданд. Албатта, дар кишваре, ки фазои орому истиқлолияташро ҳазорон орзу менамоянд барояшон нафоридаву дигар роҳи таъсиррасониро наёфта, зӯрашон танҳо ба силоҳу аслиҳа расидааст. Гарчанде, ки гурӯҳҳои терористиву экстремисти то имрӯз ҳар гуна амалҳои ношоистаро ба анҷом расонида бошанд, ҳам то ҳол инсонҳое ҳастанд, ки мафкураи нопоки онҳоро маҳкум намуда барои сулҳи ватан мекӯшанд ва бо якзабони эътироф менамоянд, ки «Ифротгароиву мазҳабфурӯшӣ ҳеҷ гоҳ оини дини ислом набуд ва минбаъд низ нахоҳад шуд».

Қайд менамоям ва аз тамоми ходимону диншиносон хоҳиш дорам, ки динро ҳамчун воситаи ахлоқи инсонӣ ва одамигарӣ истифода намоянд. Гуфтан ҷоиз аст, ки байни мардум таассуб мавқеи бениҳоят ҳам мустаҳкамро касб намудаасту тақлид ба урфу одатҳои дигар миллатҳо намуда, оқибат дар як гирдбоди гароне бармехӯранд, ки аз он дигар роҳи баргашт нест.

Имрўз вазифаи ҳар яки мо устодону волидон аз он иборат аст, ки ҷавонон ва насли наврасро дар рўҳияи ҳушёрии сиёсӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносию миллатдўстӣ тарбия намуда, ба онҳо фаҳмонем, ки ҳеҷ неъмату сарват болотар аз ваҳдату сулҳу озодӣ нест.

      Бадтинатони ифротгар, наҳзатиҳои динфурӯш аз рӯи бевиҷдониву беимониашон ба мардумони миллат чунин як кореро, ки ба ақли инсони дорои маърифати исломи дошта ҳеҷ рост намеояд, яъне иғворо байни мардум барангехта оромии як кишвари озоду ободро хостанд, ки халалдор намоянд ва то ҳол ин бадхӯии худро идома дода истодаанд. Тавре, ки мо медонем, „бори каҷ ба манзил намерасад“ ин ҳадафи нопокашонро дар нақша доштанд, ки вазъияти тинҷи ҳамаи манотиқи Тоҷикистонро дар ҳолати пурталотуми ҷангу ҷидоли бемаънӣ табдил намоянд. Аммо исломи пок ин ҷангу ҷидолро пурра маҳкум менамояд, зеро дини ислом дини ҷангҷӯ нест, дини нифоқу надомат нест. Дини ислом, дини иттифоқу дини ахлоқ аст. Хушбахтона ҳамаи ин мақсадҳои мухолифон сари вақт ошкор ва пешгирӣ мегардад. Ин ҳама барои амнияти миллии мардумони кишвар роҳандозӣ мешавад, ки сарсупурдагони роҳи ҳаҷу ватандӯст, ҳамеша барои ҳифзи мардум ва манфиатҳои милливумаънавии кишвар саҳм мегиранд.

 

Бобоев Мирзоҳаёт, мудири кафедраи молия ва қарзи ДПДТТ

 

 

 Дар Тоҷикистони азизи мо низ нерӯҳое мавҷуд буданду ҳастанд, ки метавонанд боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд. Ниҳодҳои диниву мазҳабии тундрав ТЭТ ҲНИ аз қабили онҳо мебошад. Ин ҳизб баъди қатъи фаъолияти худ ва паноҳ бурдан ба хориҷаву пайвастан бо гурӯҳҳои ифротии муыими хориҷа, дар андешаи ноором кардани вазъи ҷомеаи кишвар аст.Барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбаронаш аз ягон роҳу восита истиҳола намекунанд ва бо роҳи тасарруфкунӣ дар ҷомеа ба амалҳои террористиву экстромистӣ даст мезананд. Гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ ба сафи худ он ҷавонони зудбовар ва дорои усулҳои заифи ахлоқӣ ва ақидавӣ дошта, хоҳиши қавии худзоҳиркунӣ ё худнишондиҳӣ доранд, аз нигоҳи иҷтимоӣ камол наёфта, онҳое, ки ба таври содда идеалогияро ыабул мекунанд, тамоюл (ба ақидаи онҳо) ба бунёди тартиботи ҷаҳонии “воқеан боадолат” бар асоси дин доранд, ашхоси тамоюлдошта ба содир намудани ҷиноят бештар ҷалб менамоянд. Дар ниҳоят ҷавонони ноогоҳу аз оқибатҳои падидаҳои номатлуб бехабар ояндаи амали худро фикр накарда, даст ба ҷиноят мезананд. Ҳамин аст, ки дар натиҷаи мубориза ва муҳорибаи беадолатона аксар мардуми оддӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ зарар мебинанд.

Алоқамандии аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ дар ҷараёни тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ тасдиқи худро ёфтаанд. Мисоли ин гуфтаҳо, таҳти роҳбарии яке аз аъзоёни фаъоли дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштаи ТЭТ ҲНИ Убайдов Носирхӯҷа Аҳтамович, дар таърихи 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара аз ҷониби роҳбари гурӯҳи муташаккил Ҳусейн Абдусамадов бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон амали аблаҳона-қатли сайёҳони хориҷӣ содир шудааст. Ин ҳодисаи нангин ҳеҷ як шахси солимфикрро бетараф гузошта наметавонад. Дар иртибот ба ин қайд кардан зарур аст, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосии рақами яки ҷаҳон ин терроризму эктремизми байналхалқӣ мебошад, ки ташвишҳои зиёдро ба миён овардааст ва ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем.

    Дар такя бо таклифу пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар суханронӣ ва пешниҳодҳои қобили таваҷҷуҳ менамоянд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат кунем. Зеро дар баробари Пешвои миллат мардуми тоҷик низ ҷиҳати нигоҳдошти сулҳу субот нақши бориз дошта метавонанд. Бунёд ва ҳифзи оилаи солим, таълиму тарбияи дурусти кӯдакон, масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан - марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳам гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Муаттара Раҳматова, номзади илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ