Ҳодисаи нангини ҳамлаи як гурўҳи мусаллаҳи ҷинояткорон ба сайёҳони хориҷӣ, қатли бераҳмони 4 нафар ва захмдор гардидани 3 нафари онҳо бар асари ҳуҷуми ин ашхоси бадкирдор дар санаи  29-уми июли соли равон дар ноҳияи Данғара нигаронӣ ва вокуниши амиқи кулли ҷомеаи Тоҷикистонро ба бор овард. Мо - тайи ин рӯзҳо гумон кардем, ки қатлу куштор аз ҷониби ҷангиёни ДИИШ доир шудааст. Аммо пас аз тамошои филми «Гирдоб» фаҳмидем, ки гунаҳкори асосии ин амали ваҳшатангез ҲНИ будааст.

Чунонки аз пурсиши дастгиршуда Ҳусейн Абдусамадов муайян шудааст, ў роҳбари ин гурўҳи муташаккили ҷиноятӣ буда, дар шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон таълими идеологӣ, ҳарбӣ-диверсионӣ гирифтааст ва бо роҳи додани байъат ба Ҳизби экстремистӣ - террористии наҳзати ислом шомил гардидааст.

Аз ин далелҳои ошкоршуда бармеояд, ки ҷинояти мазкур кори дасти як гурўҳи хурд набуда, нақшаи махсус тарҳрезишудаи ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом мебошад.

Ҳизбе, ки соли 1992 хуни садҳо ҳазор мардуми бегуноҳро рехта, қасдан шахсони барўманди миллатро нобуд карда буд. Ҳизбе, ки  соли 2015 бори дигар кўшиши табаддулоти давлатӣ намуд, акнун амалеро содир кард, ки ҳадафи душманонааш дар сатҳи ҷаҳон ба обрўи Тоҷикистон зарба задан мебошад.

Айни ҳол роҳбарону пайравони ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом бо ҳар баҳонае мехоҳанд масъулияти ин амали мудҳишро ба зиммаи гурӯҳ ё ашхоси дигаре вогузор кунанд.

Мо итминони комил дорем, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъиятро дуруст баҳо хоҳанд дод ва қилро аз хамир ҷудо хоҳанд кард.

Моро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фарзандонро дар рўҳияи ватандўстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намоем, то ин ки дар оянда такрори чунин амалҳои нангин пешгирӣ шавад ва душман дигар натавонад сулҳу субот, оромиву амнияти ватани азизамонро халалдор созад.

Танҳо ваҳдату ягонагӣ, иттиҳоду сарҷамъии миллат омили пешрафту тараққиёти кишвар ва муаррифии шоистаи он дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

 

Имрӯзҳо ҳодисаи дар қаламрави ноҳияи Данғара рухдода мағзҳои бедори миллатро ором намегузорад. Тоҷикистони орому босуботро дар ин рӯзҳо як боди ноамнӣ қариб буд ба гирдоб печад. Қотиле чанд, ки акнун мансубият ва ҳуввияташон маълум шудааст, бо кор гирифтан аз амалҳои тарҳрезишудаи террористӣ ҳамла ба ҷони сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои Амрикову Аврупо карданд, то обрӯи байналмилалии кишвари маҳбуби моро резанд, талошҳои сулҳпарваронаи Пешвои миллатро пеши чашми ҷаҳониён хира созанд. Бехабар аз он ки Тоҷикистон мардони бедору нерӯи басиҷ ва пуртаҷриба дорад, ки дар замони кӯтоҳ ҳар гуна талоши бенизом кардани ҷомеро хунсо ва омилонашро боздошт мекунанд.

Ба ақли инсонӣ рост намеояд, ки чанд тани аз дину оин бехабар дар рӯзи равшан даст ба қатли афроде мезананд, ки ба орзуи тамошои  Тоҷикистон офтобманзар омадаанд, то аз табиати нотакрори он ва мардумони меҳмоннавозаш бо худ хотироти хуш баранд. Дар соле, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Соли рушди сайёҳӣ эълон шудааст, роҳандозӣ кардани чунин амалиётҳои хасмона душмание ба миллат ва кишвари маҳбуб беш нест.

Ҳоло ки ин сатрҳоро менависем, мебинем, ки ҳуввияти ин террористон маълум шудааст. Мо акнун медонем, ки ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ боз ба як амали ҷинояткоронаи нобахшиданӣ даст задааст ва ин амали ноҷавонмардона аллакай ҷони ҷанд нафарро гирифт. Агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сари вақт даст ба амалиёт намезаданд, кӣ медонад ин хуношомон боз даст ба кадом кирдорҳо намезаданд.

Дар аввал гумони ҳама бар ин буд, ки дар ҳақиқат ин кори ДОИШ аст, чун расман эълон кард, ки сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистоонро маҳз бо дастури ин созмони террористӣ куштаанд. Вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мӯйро аз хамир ҷудо карданд ва маълум шуд, ки кори дасти ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки сарварону фаъолонаш ҳоло дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд. Гузашта аз ин афроди даст дошта дар ин амали террористӣ таҳсилкардагони Эрон буда, дар он кишвар омӯзиш ҳам дида буданд. Инро роҳбари ин гурӯҳ Ҷинояткор Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович дар филми «Гирдоб» тасдиқ кардааст, ки ӯ роҳбари дастаи террористӣ буда, амали террористиро бо супориши узви фаъоли Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Қорӣ-Носир иҷро карда шудааст. Онҳо пас аз содир намудани ҷиноят мақсад доштанд, ки ба воситаи ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, бо гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд.

Фармоишгари ҷиноят Қорӣ-Носир Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович мебошад, ки аз соли 1992  узви фаъоли ТТЭ ҳизби наҳзати ислом буда, аз соли 2015 дар кофтукови расмӣ қарор дорад. Ӯ бошад, дастури шахсии Муҳиддин Кабириро гирифтааст. Тавре ҳамсари Носирхӯҷа Убайдов тасдиқ кард, шавҳари ӯ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зиндагӣ карда, онҳоро дар чорраҳаи зиндагӣ танҳо гузошт ва бо ашки шашқатор ба чунин «Худотарс» лаънат хонд.

   Аз филм маълум гардид, ки мақсади террористон дар тамоми нуқоти олам тарс додану ба итоат даровардани мардум аст, вале сокинони ваҳдатшиори Тоҷикистон аз чунин кирдори зишти нохалафон тарс нахоҳанд дошт, минбаъд беш аз пеш ҳушёриву зиракии сиёсӣ нишон хоҳанд дод ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, дар роҳи амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бештари Тоҷикистони азиз ва боз ҳам беҳтар сохтани сатҳи зиндагии мардум ҷаҳду ҷадал ба кор мебаранд.

 

Маҳинбону Неъматуллоева,

омӯзгори калони кафедраи химия ва технологияи хӯрока

Ҳар як падару модар бо  умеди он, ки ниҳоли умрашон бебор намонаду ҳаёташон бемақсад нагузарад, бо ҳазорон орзуву ормонҳои нек фарзанд ба дунё меоранд, ки номи онҳоро зинда нигоҳ дорад. Дар дами пирӣ асои дасташон бошаду бо ватанпарастиву башардўстӣ ба номи онҳо раҳмат биёварад. Барои пойдории авлодашон бо ному нишони нек насл ба дунё орад, хулоса номбардору аламбардори модару Ватан бошанд.

Сад афсўс, ки имрўз дар байни ҷавонони мо пайдо мегарданд, нафароне, ки ба рўи падару модаронашон, ба рўи мардумони халқ ва якпорчаи муқаддаси Ватани азизашон хок пошида, он орзуву ормонҳои парваридаи волидонро пушти по мезананд. Рўзи гузашта тариқи оинаи нилгун филми омода намудаи ВКД тамошо намудам, ки дар он дастгиршудагони қотилони саёҳони хориҷӣ нивор гирифта шуда буд. Кош гуфтам ба Худо, ки ҳеҷ гоҳ ин воқеа сар намезаду ҳоло мардум низ чунин манзараи мудҳишеро тамошо намекарданд. Кош ин фарзандони кўрнамаки хиёнаткор модарро дар чунин вазъияти ногувор гирифтор намекард. Кош, ки ин ҷавонон раҳгумзада, ба доми фиреби роҳбарони ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ Корӣ Носирӣ Худозада намеафтоданд. Ва сад таасуф, ки даст ба чунин ҷинояти махсусан вазнин, яъне қатли инсон намекарданду имрўз паси панҷараи ҳабс намеафтоданд. Вале боз аз ин нохалафон, ки худ бо хоҳиши худ ба чунин гўрўҳҳои иртиҷоӣ шомил гаштанд, нафратам меояд. Ҳангоми тамошои ин барнома лаҳзаи аз ҳама таъсирбахштарин дар он буд, ки дар дили модари бародароне, ки ба куштори саёҳони хориҷӣ саҳм доштанд, оташи пурсўзе аланга дошт. Ва он оташи аз оҳи зори ин модари аламдор баромада рўзе мешавад, ки аз гармии худ решаи чунин гурўҳҳои ифротгароро сўзонида ба хокистар мубаддал мегардонад. Суханони бо дарду алам гуфтаи модар, ки: «охир ман фарзанди терорист таваллуд накарда будам, ман фарзанди одамкушро ба дунё наоварда будам» то ҳанўз дар гўшам салавот дода, чашмони аз оби  дида пур гаштааш: «лаънат ба ин Кабирӣ ва он қорӣ Носири бадбахт, худо кунад, ки дар оташи дили ман сўзию хокистар гардӣ» аз пеши назарам, ҳеҷ дур нарафта истодааст. Барояш албатта мушкил аст,  фарзанде , ки замоне худ нахўрдаву напўшида ўро ба мисоли гавҳараки чашм нигоҳубин кард, имрўз терорист, қотил ва маҳбус гаштааст.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороти намояндагони ТТЭ ҲНИ бо унвони «мавҷи шиканҷа барои маҳбусони сиёсӣ»-ро ба риштаи муҳокима кашида будам. Дар он ҷо ин нохалафони ватанфурўш идао намудаанд, ки гўё барои дастгиршудагони намояндагони ТТЭ ҲНИ мавҷи шиканҷа барои маҷбуран эътироф намудани гуноҳҳо ва бардурўғ додани баёнот дар пайравии нафароне, ки ба гуноҳашон иқрор гардида, ҳамаи сирҳои ҲНИ –ро фош намуданд. Акнун худ қоил хоҳанд, гашт, ки то чи андоза иғвою дасисаҳои онҳо бемавриду бемаъност. Баробари дидани ин барнома воқиф гардидам, ки дастгиршуда, худ бо «забони тоҷикӣ» иброз намуд, ки таҳти фармони роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ин амалиёт сурат гирифт ва барои рўпўш намудани гуноҳи Кабирӣ давлати исломии Эрон, яъне қори Носир гуноҳро ба гардан гирифт. Ҳоло маълум гашт, ки принсипи кори шум очи тавр ҷараён дорад, амадҳои даҳшатоварро содир намуда, гуноҳро ба гардани дигарон бор мекунед. Куҷост оини мардигарии Шумо «ҷаноби Кабирӣ» ? дидем, ки то чи андоза «сиёсати боқувват доштаед».

Хушбахтона мо имрўз давлати соҳибистиқлол ва Пешвои муаззами миллатро дорем, ки ҳамеша барои амнияти кишвар камари ҳиммат бастааст. Кормандони давлатиро дорем, ки бо таҷрибаи бою кордонии хеш чунин нафарони ба мардум зиёноварро дастгир намуда, осудаҳолиро таъмин менамоянд.

 Ҳар суханронӣ, ҳар мулоқот, ҳар амали Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хоҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ, хоҳ дар хориҷи он намунаҳои дурахшон, воло ва ибратбахши ватандорӣ, ифтихори миллӣ, башардўстӣ ва сулҳҷўӣ мебошанд. Дуруст аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати тозабунёд мебошад ва он дар ислоҳоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аввалин қадамҳои худро мегузорад, вале ҷолиби таваҷҷўҳ он аст, ки ин ҳама навсозиҳо бо дили пур ва камоли бовари Президенти кишвар сурат мегиранд. Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик мебошад ва бунёдгузори рушди он, бешубҳа, пешвои миллат аст.  Моро зарур аст, ки  ба қадри ҳар як пораи хоки ин сарзамин бирасем ва онро ҳифз намоем. Нагузорем, ки ба ин хок чунин нафарои хиёнаткор реша давонанд ва  дарахтеро, ки онҳо ба ин хок шинонидани мешавад, бо якдиливу якдастӣ теша ба решааш занем.

Маърифат Мавлонова,

котиби масъули  нашрияи «Меҳвари дониш»-и ДПДТТ

дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

 Ҳимоятгари ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдастии мардуми сарсабзу сарфарози тоҷик, пойдории сулҳу салоҳи миллат ва рушду тараққиёти давлат ва зиндагии шоистаи халқ моем, мардуми ин сарзамин, сарзамине, ки ҳар як порчаи он Ватан ном дораду як каф хоки он бароямон арзиши воло дошта, муқаддастарин неъмати рӯи дунёст.

Аммо таассуфовар он аст, ки бархе аз нафарони нотавонбин  ин кадар арзишу муқаддасоти миллиро, ки барои ба даст оварданаш ҳазорҳо нафарони ҷони худро дар роҳи ба озодиву демократия баровардани миллати тоҷик фидои сарзамини биҳиштосо намуда, имрӯзи босаодати моро хостанд, пушти по зада, ҳамаи ин арзишҳои миллиро нодида мегиранд ва то қадаре, ки метавонанд ба осоиштагии халқи мо халал ворид менамоянд.

Ин кофӣ нест, ки боз вақтҳои охир ба мисоли канаҳо ба ҷавонони бетаҷрибаи мо часпидаанд, то ин ки онхоро низ муртакиби ҳар гуна амали зишту ғайриинсонӣ менамоянд. Гирифтори коре, ки ҳеҷ ба ақли инсон рост намеояд аз бетаҷрибагии ҷавонон сӯиистифода намуда, эшонро ба куштору тарконидан ва ба маънои ҷиҳод дигар амалҳои хислати терористиву экстремистӣ дошта мубтало месозанд. Ҷавонон, ки ҳоло аз мавзӯъи садаи сипаришудаи миллати мо чизеро намедонанд, ба суханони хар марду номарди кӯрнамаке, ки дар ҳамин сарзамин зиндагонӣ намудаву аз ҳавои он  нафас мегирад, фармонбардору мутаккои хоҷагони беруна гашта, имрӯз аз  ободии кишварамон сарфи назар менамоянд гӯш медиҳанд ва дар фикри он ҳастанд, ки онҳо сари ҳар ваъдаи додаашон истодагарӣ мекунанду давлати моро аз имрӯзааш карда вазъияташро беҳ месозанд, яъне мехоҳанд, ки давлати моро исломӣ созанд.

Қаблан дар ҳамин ҷо як нуқтаро мехоҳам баррасӣ намоям, ки эй мардуми бошарафу бовиҷдон куллатон медонед ва бисёр хуб дарк менамоед, ки дар ягон холат шахси бегона омада давлати моро обод нахоҳад кард, ин қадар эътимоди комил нисбати як нафаре, ки чандон ношинос аст, барои чист ба манн нофаҳмост, моро мебояд, ки хаймаи хешро худи мо бо меҳнату заҳмат бунёд намоем, дуруст ба амсоли гузаштагони окилу хирадмандонамон!.

Ҳанӯз фоҷиаи даҳшатбори асри гузаштаро фаромӯш насохтаем, ки имрӯз ин падидаҳои бегона дар ҷомеа бо ном гурӯҳҳои тундрави террору ифротӣ ба зиндагии орому тинҷи мо таъсироти манфии худро расонида бо ҷангу ваҳшонияти ташкилоташон мардумро ба таҳлука оваранду вазъияти осоиштаи мамолики моро муташанниҷ соханд.

То ҳол гурӯҳҳои зиёди халки тоҷик аз таъсири он ҳодиса, ҳодисае, ки бар асари он миллати мо қариб бист-сӣ сол аз ҳоли рушду тараққиёт бозмонд аз ин ҳам бадтар он, ки модарони муштипару дуогӯйи мо ҳанӯзам дар ғами ҷигарбандонашон месӯзанду оҳ мекашанд, ашки кӯдакони бегуноҳи  ятиму бепадар монда ҳоло хам хушк нашудаву аз меҳру муҳаббати падар маҳрум мондаанд, дигар касе намехоҳад, ки чунин ҳолат ҳамвора дар кишвар рух диҳаду боз авзои миллати моро хароб созад, то ба дараҷае ин сарзамин бесоҳиб ҳам нест, ки кассе хоҳад ба миллати мо зарба занад, гузашта аз ин мардуми имрӯза ба мисли мардумони солҳои наваддум онқадар соддаву зудбовар ҳам нест. Онҳоро то имрӯз сабаки давлату давлатдорӣ додаанд, дигар эшон мутаккои ҳар гунна суханҳои ғайри қобили эътимод бовари надоранду дасисаҳои беасоси шахсони иғвогарони беҳадафро маҳкум менамоянд.

Мардум то ба имрӯз аз он нафароне, ки ба миллати мо чунин як зарбаи шадидеро интиҷор сохтанд, басо нафрат доранд ва пеши худ мақсад гузошта буданд, ки қувваи мухолифини давлатамонро бо фарҳанги бойи миллат ва иттиҳодии мардуми якдилу якзабони тоҷикон шикаст медиҳанд.

Муҳиддин Кабирии “гиромӣ” худро чандон овораю сарсон нокарда, ба тақдири худ тан диҳед, ки аллакай намояндагону аъзоёни ташкилотатон ҳамаи розу ниёзи шуморо як як ба рўи об бароварда истодааст, паси парда пинҳони амал намудан, хоси мардонагӣ нест. Аз ҳамин лиҳоз бас кунед, чунин рафторрову баста шудани фаъолияти ҳизбатонро қабл намоед, чунки асоси фаъолияти шумо ба ҳама маълум гардиду сабабаш ба худатон низ айён аст. Ба он беҳудагўие, ки аз минбарҳои созмонҳои гуногун бо пуштибонӣ аз хоҷагони фармондеҳатон мекунед, хотима бахшед. 

Шукри даврони истиқлолият аст, ки мардумони миллати мо соҳиби фарҳанги бойи адабиёту санъат ва дигар арзишҳои миллӣ ҳастанд ва бисёр мехоҳам қайд намоям, ки нафарони зиёде ба хотири муқаддас доштани ин мамлакат корҳои хотирмонеро паси сар намудаанд ва як анъаноти некеро ба имрӯзиён ҳадя сохтаанд, ки дар роҳи ба озоди баровардани ватани маҳбубамон заҳмату меҳнатро на барои шӯҳрату номи воло доштан ба хотире, ҷоннисори намоянд, ки ояндагон аз он баҳра баранд ва боиси ибрати онон гардад, ки ватандӯстиву ватанхоҳӣ мароми мост.

    

Муҳаррам Темирова,

мудири шуъбаи тарбияи  ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Прочитав статью Юрия Макеева «Таджикистан. Мировое сообщество признало ПИВ террористической организацией. Однако…...», я погрузился в глубокие раздумья. Я подумал и ужаснулся: куда мы идём. Если мировое сообщество долгие годы доверяло международным организациям, например ОБСЕ, – беспристрастной защитницей прав человека и сторонницей развития демократии, то сейчас эта влиятельная организация   почему-то стала изменять своим принципам и своему предназначению. Так, прекрасно зная, что ряд международных авторитетных организаций признал ТЭО ПИВ террористически-экстремистской организацией, Организация по безопасности и сотрудничеству в Европе приглашает её представителей на планируемую в Варшаве ежегодную конференцию «О выполнении мер в области человеческого измерения».

Парадоксальность состоит в том, что свою миссию ОБСЕ видит в повышении ценности человека в обществе и в объективной оценке всех членов сообщества. Однако их сотрудники, не принимая во внимание те террористические акты, которые совершили члены    ТЭО ПИВ в течение последних лет, приглашают их на свою авторитетную конференцию, чтобы их представитель произнёс речь о «развитии демократии и нарушении прав человека». Помнится, как в прошлом году Мухиддин Кабири, председатель ТЭО ПИВ, не только принял участие на этой конференции, но и произнёс речь. Содержание выступления этого изменника родины всем известно. На конференции он говорил о «пытках в отношении к политзаключённых в застенках страны», в то время как предъявляемые им обвинения не имели под собой   реальной почвы.

Здесь напрашивается вопрос: почему ОБСЕ во время приглашения участников конференции не могла принять во внимание точку зрения Правительства Республики Таджикистан по данной проблеме?  Почему ответственные лица в ОБСЕ, которые долгие годы имели свои рабочие кабинеты в различных регионах страны, не смогли проанализировать ситуацию? Почему не провели анкетирование среди населения, в котором могли бы выявить, доверяет ли население страны партии, в действительности признанной террористической и экстремистской?

Государства-члены ШОС, вместе занимающие территорию в 4,4 млн. км2, населённую более 3,3 млрд. человек, признали ТЭО ПИВ экстремистской и террористической организацией. А на одной из международных конференций Министр иностранных дел Республики Индия (член ШОС) Мубашар Джовид Акбар в своём докладе на тему «Противодействие терроризму и грубому экстремизму», объявив экстремистско-террористическую организацию ПИВТ наряду с другими мировыми организациями угрозой человечеству, призвал мировое сообщество вести совместную борьбу с этим негативным явлением общества.

Недавно В Каире состоялась конференция на тему «Египет и Таджикистан в борьбе против террористических организаций. Подробный анализ деятельности «Ихвон-ул-муслимин» и ТЭО ПИВТ». Участники конференции отметили, что пройдённый путь ПИВ и «Ихвон-ул-муслимин» во многом идентичен, что эти партии имеют общие цели: совершение государственного переворота и установление религиозного фундаменталистского государства.

Почему Таджикистан и другие авторитетные организации, такие как РАТС ШОС, АТЦ СНГ, ОДКБ, Интерпол признали ПИВ экстремистской и террористической организацией, а её руководитель объявлен в розыск в Интерпол?

ПИВ, как и другие легитимные партии страны, на протяжении вот уже более 20-и лет осуществляла свою деятельность на территории Таджикистана.  Она организовывала ячейки, «претворяла» в жизнь свои программные цели.

Сайты и издания партии вали эффективно, имели большое количество приверженцев за счёт «дилетантов-фанатов исламистов». «Высшее партийное руководство» не допускало, чтобы другие активисты партии занимали места в парламенте страны. М.Кабири был постоянным представителем этой партии в парламенте. 

Высшее руководство партии постоянно в своих выступлениях объявляло, что количество членов партии превысило 50 тысяч и что в скором времени они займут большинство мест в парламенте и займутся «благоустройством» страны.

Однако на протяжении этих лет руководство партии, найдя общий язык со своими иранскими хозяевами, замыслили изменить конституционный строй путём переворота.

Ещё в 90-е годы прошлого века они составили план и вместе со своими иранскими наёмниками попытались возбудить национальную, клановую, местническую вражду.

Историки доказали, что лишь митинги и инцидент с армянами позволили вывести на площадь «Шахидон» большое количество обманутых людей.  

После вспыхнувшего пламени войны и клановой вражды, члены ПИВ приступили к убийству известных людей республики, которые были в основном из северного региона республики. Они таким образом хотели втянуть мирный регион в пламя войны и, используя «благоприятную» для них ситуацию, добиться своей цели. Обстановка в стране ухудшилась до такой степени, что горные области республики до 1997 года находились в состоянии войны с новым правительством национального согласия. И только 1997-ой год положил конец этой бессмысленной войне.  И они просчитались. Как говорится, потерпели фиаско.  Но начиная с 1997 года и до наших дней они тайно вынашивали план добиться реализации своих «высших» целей. Трагический случай убийства молодых бойцов в Тавильдаре, вооружённое восстание в городе Вахдате под руководством мятежного генерала Ходжахалима Назарова, вербовка сотен подобных манкуртам обманутых молодых людей в Сирию и Ирак, террористическая деятельность против иностранных туристов, намерение взорвать 201-ую дивизию РФ, расквартированную на территории Таджикистана – всё это плоды «круглосуточных усердий» членов ПИВ.   Так за какие заслуги признавать ПИВ как законную партию!? За то, что целью данной партии является обман народа, внесение религиозного раздора, вбивание клина между мусульманами, убийство и террор!? 

Мы, профессорско-преподавательский состав Худжандского политехнического института Технического университета Таджикистана имени академика М.С.Осими очень хотели бы попросить ОБСЕ, влиятельную международную организацию, воздержаться от приглашения ТЭО ПИВ к участию на конференцию в Варшаве, поскольку ее представители не имеют ни политического, ни морального права участвовать в этой конференции, тем более выступать на ней.

 Каждый житель нашей страны осуждает предательские действия запрещённой в республике ПИВ. Мир и согласие - величайшие ценности для нашего народа. Существование этой террористической организации – постоянная угроза для нашей нации.   

Солиев Зохир Тохирович,

кандидат филологический наук,

дотсент, преподаватель ПИТТУ в городе Худжанде 

     

 

Тӯҳматҳое, ки ТЭТ ҲНИ нисбати давлат  карда  истодаанд ҳама ботил асту маъное надорад, лекин онҳо ба ҷуз бӯҳтону иғвоандози кадом роҳи наҷоти худро наёфта истодаанд. Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Ҳангоми ба хотир овурдани амалҳои терористии пайравони собиқ ҲНИ суоле атрофии андешаамро иҳота менамояд, ки «Оё аъзоёни ҲНИ ҳуқуқ доранд, ки мазҳаби ғайр ва бегонаро зўран ба зўран дар байни мардум мусулмони Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намояд ва мафкураи аҳолиро заиф созад». Асло, мардуми бомаърифати тоҷик наву тоза ба мустақилият баромадаву анакнун меваи истиқлолиятро мечашад ва ба кассе иҷозати онро намедиҳад, ки ба оромии мардуми халқ халал ворид намояд. Итминонам комил аст, ки баъди  «корнамои»-иҳои бевоситаи  М.Кабирӣ эътимоди кули мардум имрӯз аллакай шикастааст, агар не барои аз байн бурдани ин ҳизб кайҳо мардум эътирози хешро иброз менамуданд.

Барои чӣ ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ доири ин ҷинояти нангини ҳамҳизбҳояш  ягон  даҳан сухан нагуфтааст. Баръакс ин ҳама амали номатлубе, ки ягон инсон ҳатто фикр намекард анҷом додаву имрӯз онро ба мақомотҳои давлати ҳавола менамояд, муттаҳамии ин сон ҳам ҳадди худро дорад, ки касе ҳақ надорад, бардурӯғ алайҳи ин миллати биҳиштосо ҳар кореро, ки хоҳад ба итмом мерасонад. Ин давлат бекасу бесарпаноҳ нест, ки иҷозати онро намедиҳад, ки изи пои нохалаферо  дар ин сарзамин бинад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Бо ифтихори баланду сарфарозии беш аз пеш ва бо шукронаи ободиву озодии меҳанам нафас мегирам. Зеро фазои оромие, ки дар кишвари мо ҳукмрон аст, зиндагии моро зебову ҳаётамонро рангоранг ва пурмазмун месозад.

Дар зиндаги барои баъзе касу баъзе чизҳо дар ҳайрат мемонам, ки чаро аз ақли солими хеш истифода бурда наметавонанд, модоме, ки эшон чунин рафтор мекунанд, ба маъное ақли онҳоро бо ҳар гуна дасисиаҳо медузданд. Мақсуд аз ин гуфтаҳо он аст, ки ислом гуфта ба суханони дурӯғу бемантиқ бовари ҳосил менамоянд, гӯё бар он ақидаҳое, ки вақте ислом аст, албатта ҳақиқат доранд, бале чунин афкор дар гузаштагонамон буд, аммо як дафъа худ қазоват намоед, ки имрӯзиён, ба ҷои ин ки номбардори аҷдодонамон бошанд, баръакси ҳолат ислом гуфта бо ниқоби иблиси хеш қариб тамоми мардуми ҷаҳонро ба по хезонида истодаанд. Дар оғози соҳибистиқлолии кишвар бо иғвову дасисаи баъзе аз душманони Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандцӣ кашида шуд ва оқибатҳои ин ҷанги нангинро мо то ба ҳанӯз эҳсос менамоем. Хушбахтона, мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бояд зикр намоям, ки як қатра хуни бегуноҳ рехтаи мардум ягон мақсадро асоснок карда  наметавонад, ки имрўз М.Кабирӣ мардумро ба ин роҳ барад. Роҳе, ки оқибаташ марги бешарафона асту бас. Коре, ки на аз рўи одоби инсон асту на аз рўи қонунияти ислому қуръон.

Дар асл ба шумо М. Кабирӣ, мегўям, ки ин ҳама изҳроти шумо ва зердастону ҳамсафонатон чи маънои томе дорад ё надорад, бемантиқ аст, зеро ин аз рўӣ мардигари нест, ки зўру тавони хешро дар паси хоҷагони беруна бинед. Бояд инро донед, ки чи тавре намояндагонатон оҳиста оҳиста хатогии хешро фаҳмида истодаанд, фардо шумо танҳо мемонед.  Инро донед, ки шумо ва аъзоёнатон барои кадом ваъдаҳои бардурўғи он хоҷагонатон бовар намуда, вазъи миллати моро нотинҷ карданӣ ҳастед. Барои қатъ шудани фаъолияти ҳизбиатон худатон гунаҳкореду ақлу ҳуши пулпарастиатон, ки якбора фаъолияти хешро дигар намуда аз паи хоҷагони эронии худ шудед. Ташкилотеро созмон додед, ки терористону ифротгароёнро ба ҳам мутаҳҳид сохт ва инро албатта медонем, ки ин бо хоҳиши фармондеҳони шумо оғоз гардид. Чӣ магар ба қувваю заковати худ боварӣ надоред, ки фармонбардору мутакои хоҷагони давлатҳои ҷангзада гаштед. Акнун кирдори ноадолатонаи худатон бас нест, ки мардуми моро ба ташкилоти терористиву экстремистиатон ташвиқу тарғиб намуда истодаед. Боз даъвои онро доред, ки қоидаҳои дохили мамлакатро маҳкум мекунед. Ҳоло ин салоҳиятро касе ба шумо надодааст.

Мутмаинам, дур нест он рӯзе, ки дар дилҳои мардуми рӯи олам танҳо шодиву сурур танинандоз гардида, қабл аз ҳама ҷавонони имрӯза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрӯзаро барои ояндагон чун меросхӯри воқеъӣ, чун арҷгузорӣ ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамонони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон Тоҷикистон ба наслҳои ояндаи солим месупоранду бо дасти хеш ояндаи кишвари азизамонро мисоли чаман мегардонанд.

Ба Шумо ҷавонони босаодат гуфтаниам, ки ба он гапҳои бардурӯғ,  ки тариқи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ  байни мардум паҳн мешаванд бовар накунед. Ҳар як фард танҳо дар ватани худ метавонад пурра хушбахт бошад. Дар он ҷое, ки  куштори одам ба ҳукми қонун дароварда шудааст, хеҷ гоҳ ободӣ намешавад. Тоҷикистонро дӯст доред ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунед, зеро он ҷаннати рўи замин аст. 

Ҷамшед Мирсаидов, мудири бахши кор бо ҷавонони ДПДТТ

дар шаҳри Хуҷанд,

докторанти донишкада

 

 

 

 

 Мо бо баромадҳои собиқ раиси ҳизби аз байн рафта, ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ шинос шудем. Ҳангоми баромади худ дар назди сиёсатмадорон ва дипломатҳои баландпояи Аврупо соли 2016 дар конфронси Варшава ва аз ин ҳодисаҳои охири кишвар, ваъзи аъзо ва тарафдорони собиқ ҲНИ инчунин оқибатҳои мамнӯъгаштани фаъолияти ҳизб аз тарафи мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ман намефаҳмам, ки чи тавр  Ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ то чи андоза қудрат доштани ин миллатро фаромўш кардааст, ки хост дар байни мардум иғво ангехтаи онро ба арсаи нестӣ бубарад, борҳо таъкид намудан ҷоиз аст, ки аҳолии мардуми Тоҷикистон ҳангомаву дасисаҳои бемаънии гузаштаро такрор намудан намехоҳад ва ҳатто намегузорад, ки ягон нафар дуюмбора ин хатогии марговарро такрор намояд, маҳз ба туфайли бадхоҳону мухолифони ин ватан , ки оғозбахшандаву саркардаи ҷанги бародаркушу таҳлилии Тоҷикистон ҳамон исломгароённа буданд, давлатамонро қариб буд, ки сад сол аз ҳоли рушд боз дорад, ин амал кам буд, ки маротибаи дуюм такрор ёбад, чи тавре дар урфият мегӯянд, «Бори каҷ ба манзил намерасад» амалҳои ваҳшиёнаи аъзоёни  фаъоли собиқ ҲНИ бо аз байн бурдани ҳаёти чанд нафар сайёҳони хориҷӣ дар қаламрави кишварамон  бори дигар собит сохт, ки онҳо фармонбардору муттакои хоҷагони берунаанд, вале дар дохили давлати Тоҷикистон зиндагӣ менамуданд. Ин кору рафторе, ки дар ниҳоди М.Кабирӣ аст ва онро дар амал татбиқ намуда, ҳама ҷо бидуни афкор байни мардум паҳн менамоянд ин ба мисли ҳамон гуфторест, ки «Намакро хӯрда ба намакдон пуф кардан» аст.

Баста шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом танҳо ба иродаи сохторҳои ҳокимияти давлатӣ набуда, балки ирода ва мавқеи аксарияти аҳолии кишварро ифода мекунад. Мақсадам он аст, ки ин баромаду суханҳои тӯҳматангез дигар фоида надорад.

 

         

 

Мо, ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ бо хушҳоливу сарфарозӣ аз ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ  ва сулҳу субот ба нафароне чун хиётнаткори ватан ба мисли М.Кабирӣ  гуфтанием, ки миллати мо миллати тоҷдор ва мардумонаш босаводу комилақланд. Аз ҳамин лиҳоз барои сулҳу ваҳдат мекӯшанд, зеро асос ҳамин ваҳдат аст. Аз азал миллати  тоҷикро маҳз ҳамин хиради воло ба худшиносию таҳаммулпазирӣ  ба хушбахтию саодати беназир овардааст. Ва ин хушбахтиро дигар ба касе иҷозат намедиҳем, ки барбод диҳад.

Шумо, хиёнаткорони ватан бояд донед, ки дигар мардуми асри нав ба мисоли фиребхӯрдагони соли 90-ум нестанд, ки дасисаҳои бемантиқатонро гӯш диҳанду ба маъное «баромади бомавридатонро аз минбари баланди умумиҷаҳонии конфронси САҲА», ҷонибдори намуда, манфиати халқу миллати худро ба по зананд.

Ҳамвора дар изороти хеш баён менамоем, ки дигар САҲА ташкилоти нафъовари миллатҳои аъзо нест, балки он минбари маърӯзаи намояндагони ТЭТ гаштааст, ки дар ин конфронс бо ёрмандии ташкилкунандагонаш боз роҳбари ТЭТ ҲНИ имконияти ширкат варзиданро пайдо сохтаст. Иштироки намояндагони ташкилотҳои ТЭТ аз шаҳодат медиҳад, ки пеш аз ҳама САҲА фаъолияти худ ва мақоми худро дар миёни созмонҳо коста гардонид, зеро замоне, ки ба фаъолият оғоз намуда, давлатҳоро ба аъзогӣ даъват сохт дар кори онҳо танҳо мубориза бар зидди тероризм дида мешуд, на ҳамкорӣ намудан бо ТЭТ ҲНИ.

Мутмаинем, ки дар муддати начандон дур сафи чунин хиёнаткорон кам гардида, кишварамон бо такя ба нерӯи солими ҷавонон рушду тараққӣ  хоҳад кард.

Раёсати ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 Ҳамаи мардуми равшанфикри дунё хуб дарк намудаанд, ки экстремизм ва терроризм чӣ гуна барои вуҷудияти башарият хатар дорад. Сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳури бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ифротгароёнро мегиранд. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза доранд, ин ғояҳои вайронкорона ҳоло дар ибтидои сабзиш решакан мешаванд. Диёри тозабунёди мо, макони сулҳу оромӣ, меҳнати софдилона ва хизмати беминнат намудан нисбат ба халқу ватан мебошад.

Барои нафароне, хиёнаткору ватанфурўшанд, чун М.Кабирӣ, қорӣ Носир ва умуман намояндагони ТТЭ ҲНИ , ки барои вайрон сохтани фазои сулҳу суботи Тоҷикистон ба по хестаанд, таъкид менамоям. То кадом дараҷа бадбину бадкина буданатонро бо амалиёте, ки алайҳи сайёҳони хориҷиён анҷом додед, маълум сохтед. Бори дигар чеҳраи аслии М.Кабирӣ бо ин рафтори кардааш “машҳури оламиён” гардид.

 Таърих гувоҳ, ки кадом давлат  роҳи демократӣ ва дунявиро пеш гирифтааст ин давлат равнақ ёфта тараққи карда истодааст. Он давлатҳое, ки бо қонунҳои хурофотӣ-динӣ амал мекунанд оянда надоранд. Ин далелро бисёр шахсоне, ки дар ин гуна давлатҳо буданд, тасдиқ мекунанд. Ман боварӣ дорам, ки намояндагони ТЭТ ҲНИ бо сарварии М.Кабирӣ гарчанде, ки то имрўз мардумро алайҳи якдигар барангехта истодаанд, мешавад рўзе, ки аз ин кирдори худ пушаймон хоҳанд шуд.

Имрузҳо мушоҳида мекунам, ки тамоми мардуми диёрамон нисбати чунин бешарафон, ки аз баҳри Ватан, ҷои хуби кор, волидону зану кўдакони маъсум мегузаранду ба вазъияти оромиро муташанниҷ мегардонанд, нафрати бепоён доранд.

 Ҷоизи қайд аст, ки ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва озоди мо аз чунин ашхосони нопок безоранд. 

Гурезагону хиёнаткорон ба монанди намояндагони ТЭТ ҲНИ Ватан надоранд, онҳо Худозада ва нафратзадаи халқанд.

Ҳоло, барои меҳнати ҳалолу осуда зиндагӣ кардан,  дар Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошанд. Танҳо азми қавиву саъйи комил барои ин зарур аст.  Ман боварӣ дорам, ки бо шукрона аз тинҷиву оромӣ  зиндагии мардум  боз хам беҳтару хубтар хохад щуд.