Барои онҳое, ки ба қадри тинҷиву оромии кишвар намерасанд, гуфтаниам, ки хамагӣ 27 сол муқаддам бо айби иддае ба ном «равшанфикрон ва ошкоргӯён» қариб буд, ки ин миллат ва ин Ватан дар гирдбоди фано равад. Ҳазорҳо нафар тарки диёр намуда, иҷборан муҳоҷиратро пеш гирифтанд.

Имрӯз дар вобастаги ба муаммои ба миён омада, ки намояндагони ТЭТ ҲНИ аз минбарҳои худсохтаву амалкарди номатлубашон тарафдорӣ мекунанд, қаблан фикри шахсии хешро баён менамоям, ки замоне мардумфиребӣ намуда мардумро алайҳи якдигар ба шўр овардед. Миллате, ки нону намакашро мехўрдед, ноором ва вазъи озодиро халалдор намуда, заҳмату хизматҳои мардумро пушти по задед. Имрўз бошад бо якравию мутаҳамӣ садо баланд карда, дастовардҳои миллату давлатро нодида мегиред, ин нобиноӣ ва ношукрии “ҷаноби Кабириро” мехоҳам бо як маҳфум ифода намоям, «ин айби чашби туст, ки зебоиро намебинад, мо мардумони сарбаланди ин диёр бошем шукронаи даврони мустакилияту озодӣ намуда, ба ояндаи дурахшони миллат такя ба  Худованд ва Пешвои миллатамон дорем”.

 Кишвари биҳиштосои мо Тоҷикистони соҳибистиклолу комилҳуқуқ, воқеан ҳам, макони миллати босаводону соҳибназарон буду ҳаст. Зеро бо гузашти ҳазорсолаҳо ин миллати кӯҳанбунёд анъанаҳои неки ниёгон ва асолати хешро гум накард, балки имрӯз он аҳамияти бештари умумиҷаҳониро соҳиб гаштаву поянда  гардидаст.

Имрўз нафарони нохалафе ба мисоли М.Кабирӣ ҳамаи ин неъматҳои даврони истиқлол ва дастовардҳои бузурги моро нодида гирифта, хостанд чунин арзишҳои олимақоми давлатиамонро аз байн баранд. Лекин бояд М.Кабирӣ ва зердастонаш, ки имрўз ноҷавонмардона паси пардаҳо нопадид гашта аз як тарафи олам ба мардумони тоҷик гапу кор меомўзонанд бояд донанд, ки ин сарзамин аз худ соҳиб дорад ва соҳибони аслии он танҳо оромиву осоиштагӣ мехоҳанд. Маҳз барои ҳамин баъди ифшо ва  маълум гардидани ТЭТ ҲНИ барои қатъи фаъолияти он дар кишварамон мардум низ ҳукми мамнўъ доданд. Зеро онҳо низ медонанд, ки фаъолияти он барои осудаҳолии аҳолӣ набуда, балки худхоҳӣ ва мансабталошист ва оқибати кор онҳо ба ҳар гуна падидаҳои номатлуб оварда мерасонад.

Албатта, дар тӯли таърих кам набуданд ходисаву воқеаҳое, ки   ин сарзамин мавриди забти душманон нагардида бошад,  бо кўмаки Худованд таҳти хизмату заҳматҳои шабонарузӣ ва корнамоиҳои бевоситаи  Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон  сулҳу ваҳдат ва якдилӣ дар ин миллат барои ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Мояи ифтихор аст, ки барои ҷавонони мо фардои Ватан, сулҳу ваҳдат, ободиву осоиштагии мардум бефарқ нест, балки пайваста кӯшиш мекунанд, Ватани хешро дӯст медоранд ва дар оянда ҳам мехоҳанд, ки нафъи худро ба мардум расонанд. Бояд зикр кард, эшонро худшиносии миллӣ мебояд, то ки фирефтаи ҳар гуна тарғиботу ташвиқоти бегона нагарданд ва ҳисси бегонапарастию тақлидҳои ба худ ва миллат зарароварро аз шуури худ дур намоянд.

Маърифат Мавлонова, котиби масъули нашрияи

“Меҳвари дониш”-и ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Чун анъана ҳамасола дар Варшава конфронси сатҳи умумиҷаҳонӣ САҲА дар доираи васеи иштироки давлатҳои аъзо сурат мегирад. Ва дар он конфронс асосан масъалаҳои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мавриди муҳокимаи иштирокдорон қарор мегирад. Чун солиёни пешин таъсисдиҳандагони конфронс ба ин ҳамоиши бузург  ТЭТ ҲНИ-ро чун як ҳизби сиёсӣ даъват намуданд.  Маврид ба зикр аст, ки аз рӯи бандҳои ҳуқуқии фаъолияти САҲА онҳо бояд бар зидди ташкилотҳое, ки террористиву экстремистӣ мубориза намуда, чунин ташкилотҳоро решакан намоянд, на ин, ки тарафдори эшон бошанд. Таи чанд соли охир, тавре аз фаъолияти кории ин созмон бармеояд, иштирок дар конфронси САҲА ба як шаҳри бедарвоза мубаддал гашта, минбари он минбари розу ниёз ва тарғибгару ташфиқгари намояндагони ТЭТ ҲНИ шудааст.

Имрӯз барои муқовимат  бар зидди тероризму экстремизми динӣ на танҳо чора ва тадбирҳои андешидашудаи низоми давлатӣ, инчунин беҳтар мебуд, ки чунин тадбирро барои амнияти аҳолии тамоми курраи замин, ҳамаи он ташкилотҳое, ки барои муборизаи беамон бар зидди ТЭТ фаъолият мебаранд, мақсаднок кор карда, нафъи худро дар пойдор намудани сулҳу якдилӣ расонанд. На барои он, ки аз роҳбарону намояндагоне, ки ташкилоти онҳо ҳамчун ТЭТ эътироф карда шудааст, ҳамкорӣ кунанд.

Замоне, барои бо ташкилкунандагони чунин чорабиниҳо, ки дар сатҳи баланд ташкил  мегардид ва он дар доираи САҲА мегузашт, дар тамос шудан ва ҳамчунин иштирок намудан барои баромад дар минбари баландпояи он хоҳишмандон номнавис гардида, як қатор расмиётҳоро мегузаштанд, баъд иҷозати иштирок дар конфронсро соҳиб мешуданд. Аммо вазъи шароит имрӯз чунин нест. Ташкилкунандагон тавре, кик асе иштирок мекунад, парвое надоранд. Назарашон танҳо ба онҳое, ки асосан манфиати ташкилотро бо манбаҳои моддӣ рӯпуш мекунанд.

Аз фаъолият ва корбарии ташкилкунандагони ин конфронс, маълум гардид, ки вазъ дар САҲА, куллан дигар шудаст. Инро ҳатто иштироки намояндагони ТЭТ ҲНИ соли 2016 баъди ноором намудани кишварамон дар ин конфронс ширкат кард собит месозад, ки САҲА ташкилоте нест, ки бар зидди тероризм муқовимат намояд, балки он аз корномаҳои ин ташкилот дифоъ намуду ба онҳо онҳо дар конфронс дар боз кард. Агар САҲА барои нафъи халқу миллатҳои ваҳдатхоҳ ва аз рӯи қонуниятҳои фаъолияти худ кор мекард, дар конфронси худ ба он нафароне, ки ширкаташон чун ташкилоти ТЭТ ҲНИ эътироф карда шудааст, имконияти иштирок ва ҳатто суханронӣ карданро аз ин минбари баланди байналмилалӣ иҷозат намедод. Ба дилхоҳ хоҳишманде, ки имрӯз байни омма обрӯю эътибор надошта, дар қонуншиканӣ ва даст доштан дар амалҳои террористӣ инчунин ҷинояткор дар кофтукови якчанд ширкатҳо (Феҳристи ягонаи кофтукови СМЗТ СҲШ) қарор дошта  ҳуқуқи ба даст овардани ин имкониятро намедод. Дар асл бароям як чиз аҷиб аст, ки қариб тамоми олам медонанд, ки роҳбари ТЭТ ҲНИ М. Кабирӣ аз зумраи он се ҳазор нафар терористон маҳсуб ёфта номи ӯ низ дар Феҳристи ягонаи кофтукови СМЗТ СҲШ шомил гардидааст, вале ӯ дар пеши чашми онҳо баромад мекунаду касе ӯро нигоҳ дошта наметавонад, ин чи тарзи кофтуков аст, ки дар пеши чашмашон, суро-аи аниқ дидаву дониста ӯро дастгир намекунанд.

Мақсади аввалине, ки Тоҷикистон ба ин созмон ҳамкорӣ менамояд, пеш аз ҳама таҳким бахшидан ба сулҳу субот ва амнияти миллист, на ин ки бо душманону хиёнаткорони ватан дар як саф нишаста сӯҳбат намудан. Зеро ба мо маълум буд, ки яке аз бандҳои фаъолияти САҲА ин мубориза (на ҳамкорӣ!) бар зидди терроризми байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо оид ба масоили мубориза бар зидди чунин таҳдидҳо мебошад. Ҳоло бошад маълум гардид, ки он дигар ташкилоти мустақили байналмилалӣ нест, балки ба як созмоне табдил ёфт. Ва барои ҷонибдории фаъолияти ТЭТ кор карда истодааст, ки баргузории ин конфронсҳо бошад барои тарщиби ТЭ мебошад.

  Робитаи устувор ва рушди ҳамкорие, ки Тоҷикистон бо САҲА дорад ба ҳадафҳо ва принсипҳои сиёсати хориҷии пешгирифтаи Тоҷикистон мутобиқ ва ба манфиати таҳкими соҳибихтиёрӣ, давлатдорӣ ва амнияти миллии он ҷавобгӯ буд. Албатта то он замоне, ки моҳи сентябри соли 2016 дар Варшава дар форуми САҲА аъзо ва тарафдорони ТТЭ ҲНИ футболкаҳои бо аксҳои роҳбаронашонро ба бар карда, ба ҷонибдории онҳо аксия ташкил карданд, ки ташкилкунандагони созмон низҳ дар ин кор ҳамкории зич доштанд ва онҳоро тарафдори менамуданд. Аз ҳамон вақт маълум гашт, ки нияти асосии ин созмон, ки меъёрҳои қонунгузории мавҷуда ва созишномаҳои дар самти таъмини амният дар минтақа батавофуқрасидаро дағалона поймол карда, бар хилофи конвенсияҳо ва қарорҳои умумиэътироф амал мекунад, ошкор шуданд. Ин амали онҳо дар ҳоле ба миён омад, ки вазифаҳои зиддитеррористии ҶТ ва САҲА мувофиқа карда шуда, бояд дар ҳамкории зич бар асоси машварат бо мақомоти Тоҷикистон ҳангоми риояи пурраи қонунҳо ва қоидаҳои ин кишвар ҳал карда шаванд.

Дар умум метавон мисолҳои зиёдеро таи солхҳои охир аз фаъолияти тахрибкоронаи САҲА ёдовар гардид, ки дар давлатҳои алоҳидаи пасошӯравӣ ва  манотиқи даргир маълуманд. Бинобар фаъолияти берун аз қонунии САҲА, чанде пеш намояндагиҳои онро дар қаламрави ҷумҳуриҳои ИДМ ва дар Руссия, Озобойҷон тамоман бастаанд, зеро ҳукуматдорони ин давлатҳо зарурати фаъолияти САҲА-ро дар кишвари худ намебинанд ва намехоҳанд, ки аз намояндагони худхоҳ дар давлати худ пуштибонӣ кунанд.

Баъди он ки ташкилкунандагони конфронси САҲА ба маҷлиси худ дар Варшава ҷоннибдорони ТТЭ ҲНИ-ро роҳ дод, дигар бо ин созмон ҳамкорӣ намудани Тоҷикистон бемаъност, зеро бо чунин амали худ онҳо ваколатҳои барномаи тасдиқшударо паст намуданд ва бо ин рафтор канда шудани риштаи ҳамкори низ қариб ба миён омадааст. Ҳамин тариқ, фаъолияти ин ташкилоти байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд гардида, идораҳое, ки дар шаҳрҳои Рашту Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Шаҳритус фаъолият мебурданд, баста шуданд.

Итминони комил дорам, ки канда кардани риштаи ҳамкори бо ин созмон дар оянда нуфузи Тоҷикистонро баландтар мегардонад, зеро аз соли 2016 инҷониб намондагӣ дар САҲА бемаъност. Чунки ин созмон Қарори Судии Олии Ҷумҳуриамонро поймол намуда, дар конфронс барои намояндагони ҲНИ, ки ҳамчун ТЭТ эътироф гардидаст роҳ дода, барои баромади эшон дар минбари он ҷой ҷудо кард.  Бо созмоне, ки душманону хиётнаткорони ватанамонро пайравӣ мекунанд, набояд ҳамкорӣ кард, зеро ҳамкории аз ин беш ба пешравии миллати мо халал ворид хоҳад кард.

Фаррух Аминов,

муовини директор оид ба тарбияи ДПДТТ

дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ

 

 

 

 Бисту ҳафт сол аст, ки аз обу ҳавои Истиқлолият нафас мегирему ифтихорманд аз он ҳастем, ки  кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад. Мардуми ваҳдатшиори кишвар бо шукргузорӣ аз ин мулки озоду обод паи меҳнати созанда ҳастанд. Аммо миёни гул хор ҳам гуфтагӣ барин солҳои охир ба ин ободиву озодӣ, нашъунамои кишвари афсонавии мо хатари ҷаҳонӣ таҳдид менамояд. Терроризм, экстремизм бегонапарастӣ,  ифротгароӣ, гурӯҳҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷудоиандозӣ, гумроҳшавӣ амалҳое ҳастанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро ба таҳлука овардааст. Аз нав зуҳур кардани «Ҷанги сард» миёни абрқудратон  боиси нигаронӣ аст. Ин ноамниҳоро истифода бурда, қувваҳои иртиҷои мекӯшанд, фазоро истифода баранд.

Аҳли башар бояд сайёраи Заминро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо танҳо як Замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем. Яке аз омилҳои асосие ки кафолати бехатарии шахсии одамон ҳуқуқу озодиҳоии онҳо,  тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти давлатро халалдор месозад афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷумла ҷиноятҳои терроризми байналхалқӣ ва эстремизм мебошад. Аслан сарчашмаи терроризм ифротгароӣ аст. Эстремистон, яъне моҷароҷӯён бо ягон кас муросо кардан намехоҳанд, ақидаи дигарро таҳаммул намекунанд ва барои ба мақсад расидан терроро кор мебаранд.

Мо, устодон аз ҳарвақта дида масъулу ҳушёр ва зирак бояд бошем, то ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гирем, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоем. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмонидани хатогиҳои онҳо истифода барем. Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгори имрӯза доимо зери назорат нигоҳ доштани шогирдони хеш мебошад. Бояд бо ҳаёти ҳар шогирди худ муносибати ҷиддӣ дошта бошад.

    Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд нисбати ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, мунтазам дар муассиса оиди ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбатҳо гузаронида, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, тарбия менамоянд. Ҳамаи моро дозим аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ин «вабои аср» мубориза барем ва нагузорем, то даст нопоки бадхоҳон ба кишвари биҳиштосои мо низ дароз шавад, зеро бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.

Алиев Шамшод Сангинович, номзади илмҳои техникӣ, Фатҳиддинов Бойпочо Раҳимович Номзади илмҳои техникӣ, Башиков Ином Турсунович,сармуаллим

 

 

 

 

 

Пас аз мутоилаи маводи Юрий Макеев таҳти унвони «Тоҷикистон. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст. Аммо…» андешаҳои гуногун маро фаро гирифт. Гумон кардам ва андаке ваҳшатзада ҳам шудам, ки мо ба куҷо равонаем. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ солҳои тӯлонӣ ба созмонҳои байналмилалӣ амсоли Созмони амнияти ҳамкории Аврупо чун ҳомии ҳуқуқи инсон, рушди демократия  эътимоду боварӣ мекард, пас ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ низ пойбанди ин ё он қувва гардидааст. Агар не, дидаву дониста, бо он ки ТЭТ ҲНИ-ро якчанд ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф кардаанд, ба конфронси солонаи худ, ки «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» унвон дорад, даъват намекард.

 Парадоксро бубинед,  рисолати САҲА баланд  бардоштани қадри инсон дар ҷомеа ва нигоҳи баробар ба аҳли башар аст. Аммо дастандаркорони онҳо бо вуҷуди он амалҳои террористие, ки аъзои ТЭТ ҲНИ дар як соли охир нисбати сокинон кардаанд,  ин ҳамаро нодида гирифта ба конфронси бонуфузи худ даъват мекунад, то намояндаи он сухан аз «Рушди демократияву нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон гӯяд». Ва дар назар аст, ки чун соли пешин Муҳиддин Кабирӣ, раиси ТЭТ ҲНИ дар ин конфронс иштирок ва ҳатто баромад кунад. Муҳтавои маърӯзаи ин хиёнаткори миллат ба ҳама маълум. Ӯ дар ин конфронс аз  «азобу шиканҷа дар маҳкамаҳои кишвар нисбати маҳбусони сиёсӣ» сухан мекунад. Ҳол он ки ба ин тӯҳмату ғиреви ӯ асоси воқеӣ нест.

 Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки  чаро САҲА зимни даъвати иштирокдорони конфронс нуктаи назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин бобат нагирифт? Чаро масъулини САҲА, ки солҳои сол дар минтақаҳои гуногуни кишвар дафтари кории худро дошт, вазъро таҳлил накарданд? Миёни мардум пурсишномае нагузаронданд, ки оё сокинонии кишвар ба ин ҳизбе, ки воқеан ҳам террористиву экстремистӣ эътироф шудааст, бовар доранд ё не. Давлатҳои шомил ба Созмони ҳамкории Шанхай ва нозирони ӯ, ки ҳудуди 4,2 миллиард аҳолии сайёраро дар бар мегиранд, эътироф кардаанд, ки ТЭТ ҲНИ ташкилоти экстремистиву террористӣ аст.   Инчунин дар як ҳамоиши бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон (узви СҲШ) Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ-ро дар қатори дигар ташкилотҳои ҷаҳонӣ хатар ба ҷомеа эълон дошта, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки муборизаи дастҷамъона ба ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа бибаранд.  Ҳамакнун дар шаҳри Қоҳираи Миср таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ. Таҳқиқи муфассали фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ» як конфронс доир шуда, иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки роҳи тайкардаи ҲНИ бо фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» монандии беш дошта, ҳар ду як мақсад доранд, табаддулоти давлатӣ ва бунёди кишвари фундаменталии динӣ. 

Чаро Тоҷикистон ва дигар созмонҳои бонуфуз амсоли СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ, СААД, Интерпол ҲНИ-ро  ташкилоти экстремистиву террористӣ эътироф кардаву роҳбари ӯ дар ҷустуҷӯи интерпол қарор дорад? ҲНИ чун дигар ҳизбҳои қонунии кишвар ҳудудуди беш аз 20 – сол дар Тоҷикистон фаъолият бурда, бо ташкили ячейка, ташкилотҳои худ дар қаламрави кишвар дар пиёда кардани ҳадафҳои оинномавию барномавии хеш «саъй мекард». Сомонаву нашрияи он фаъолияти бомаром ва аз ҳисоби «фанатони исломпарасти зоҳирбин» муштариёни зиёд дошт. «Роҳбарияти олии ҳизбӣ» намегузоштанд, ки дигар фаъолони ҳизб дар курсии парлумони кишвар нишинанд. Кабирӣ ҷойгузини он буд.  

 Роҳбарияти олии ҳизб пайваста дар маърӯзаҳои худ эълон медоштанд, ки шумораи аъзоён аз сарҳади 50 ҳазор гузаштаасту онҳо дар ояндаи наздик курсиҳои парлумониро бештар гирифта, барои «ободии кишвар» саъй меварзанд. Аммо дар тӯли ин солҳо роҳбарияти ҳизб ба таври махфиёна бо охундҳои эронии худ забон як карда, андешаи таҳаввулотро дар сохтори конститутсионии кишвар мекарданд. Онҳо ҳанӯз солҳои навдуми асри гузашта чунин як нақшаи бобарори худро кашида, бо зархаридони эронии худ барои ангеза ёфтани низои миллӣ, қавмӣ ва маҳаллӣ кӯшиш варзиданд. Коршиносони таърихӣ исбот кардаанд, ки маҳз майдоннишиниҳо ва қазияи арманиҳоро онҳоро оғоз бахшида, мардуми зиёдро гумроҳ намуда ба майдони «Шаҳидон» кашиданд. Баъд аз аланга гирифтани оташи ҷанг ва низои қавмӣ, онҳо нақшаи аз байн бурдани шахсиятҳои маъруфи кишвар оғоз карданд, ки аксаран зода ва парвардагони минтақаи шимоли кишвар ҳастанд. Онҳо бо ин роҳ мехостанд, ин минтақаи оромро низ ба гирдоби ҷанг кашанд. Ва ҳамин тавр аз вазъи мусоид хостаҳои худро бароварда кунанд. Аммо тирашон хок хӯрд. Афсурдагӣ то ба дараҷае расид, ки то соли 1997 дар минтақаҳои кӯҳӣ бо ҳукумати нави муросои миллӣ дар ҷанг шаванд. Ниҳоят соли 1997 ба ҷанги бемаънӣ нукта гузошт. Ба қавле «тарбуз аз бағалашон афтид». Аммо аз соли 1997 то ин ҷониби онҳо ба таври пинҳонкорона ҳамон мақсадҳои «оли»-и худро барои пиёда кардан кӯшиш варзиданд. Ҳодисаи куштори наваскарон дар минтақаи Тавилдара, шӯриши мусаллаҳона дар шаҳри Ваҳдат бо сарварии генерали ошӯбгар Ҳоҷиҳалим Назаров,  ба Сурияву Ироқ кашидани садҳо ҷавонони манқуртшудаи гумроҳ, амали террористӣ бар зидди сайҳони хориҷӣ, нияти тарконидани  дивизияи 201-уми Федератсияи Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият дорад, ин аст ҳосили «заҳматҳои шабонарӯзӣ»-и наҳзатиён.

Пас барои кадомин хизматҳои ҲНИ ин ҳизбро чун ҳизби қонунӣ эътироф кунад. Дар ҳоле, ки мақсади наҳзатиён фиреб додани халқ, мазҳабгароӣ, тафриқаандозӣ байни мусулмонон, қатлу куштор аст.

Мо, устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бисёр мехостем, ки ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ дар иштироки ТЭТ ҲНИ-ро дар конфронси Варшава бозбинӣ кунанд. Зеро онҳо ҳаққи иштирок ва баромад карданро надоранд. Ҳар як сокини кишвар амалҳои хиёнаткоронаи онҳоро маҳкум кардаанд. Барои миллати азизи мо беҳтарин неъмат ин сулҳу салоҳ аст. Будани ин ташкилоти террористӣ ҳамон гунае, ки гуфтам хатарест барои миллати мо.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  

 

 

 

 

     

 

ҲНИ ҳизбест, ки хусуматҳои зиёди сиёсӣ, динӣ буда, мухолифи оромию суботи ҷомеа мебошад. Ин ҳолатро воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нишон дод. Новобаста аз он, ки бо Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷиноятҳои вазнини аъзоёни он бахшида шуданд, аммо онҳо хулосаи зарурӣ набароварда, то ҳол мухолиф ба ҳукумату давлат ва сулҳи байни тоҷикион боқӣ мондаанд. Далели ин гуфтаҳо баёнияи навбатии Шӯрои сиёсии ҲНИ мебошад, ки чун ҳарвақта пур аз фитнаву бадбиниҳо нисбати ҳукумат ва давлат рӯи  қоғаз оварда шудааст. Дар баёния қайд карда шудааст «гӯё мақомоти давлатӣ ҳадафи ғайриқонунӣ заиф ва аз саҳнаберун кардани ҳамаи неруҳо, аз ҷумла ҲНИ мебошад», ки ин туҳмати соф нисбат ба давлат мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз ҲНИ  боз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва якчанд иттиҳодияҳои ҷамъияти озодона амал менамоянд ва ягонтои онҳо мисли раёсат ва баъзе аз аъзоёни  ҲНИ кӯрнамакӣ ва бе шармуҳаёӣ накардаанд. Бояд таъкид намуд, ки раёсат ва шӯрои ин ҳизб аз дасткашии оммавии аъзоёнаш ба қаҳр омада, алами худро намедонанд аз ки бигиранд ва бо ин амалҳои номатлуби худ ҳамаи ҳадду ҳудуди меъёрҳои қонунгузориро гузаштанд.

Ба мазмуни баёния назар афканед, баралло ҳис мекунед, ки аз он бӯи ифрот ва ифротгароӣ меояд. Онҳо таҳдиди рӯирост ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, суботу оромии давлату ҷамъият ва даъвати оммавӣ барои бетартибиҳо карда истодаанд, ки бояд дар назди қонун ҷавоби зарурӣ диҳанд.

Муаллифони баёния фикр мекунанд, ки оромию суботи ҷомеа дар дасти гурӯҳи кӯчаки аъзои ҲНИ мебошад ва хабар надоранд, ки бархе аъзони пешинаи он дигар пайравӣ ба онҳо надоранд.

Интихоботи соли 2015 ғалберро аз об бардошт ва баъд ба раёсати олии он аён гардид, ки тарафдоронашон кам мондааст ва бад ба навиштани баёния ва эътирозҳои ғайриқонунӣ пардоха истодааст.

Боварӣ дорем, ин дасисабозиҳои раёсати ҲНИ –ро дигар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон минбаъд дастгирӣ намекунад

 

Хуршед Худойбердиев,

Одилхӯҷа Солиев,

Парвиз Мақсудов,

устодони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ

 Аҳли кормандони корхонаи таълимӣ – истеҳсолии «Нобиноён» - и шаҳри Исфара ба унвони директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ва дар шахсияти он кас ба тамоми кормандони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осисмӣ бо хушнудии беандоза барои дастгирии ҳамешагӣ ва кўмаки башардўстонаашон изҳори миннатдорӣ менамуда, иброз карданд: «Муаллимаи азиз, то чи андоза башардўсту хайрхоҳ будани Шумо ва кулли кормандонатонро ҳамагӣ медонанд ва Шуморо чун зани дастгиру савобҷўй эътироф менамоянд. Зеро Шумо маротибаҳои зиёд ба коргоҳи мо дасти мадад дароз намуда, барои пешрафти корхонаи мо саҳми назаррас гузоштед. З-ин сабаб ба Шумо ва ҷомеаи кормандонатон арзи сипос менамоем».

Бо эҳтиром Ҳакимов Ҳ, директори КТИ «Нобиноён»-и шаҳри Исфара                                                                                       

        

 

 

 

 

 

 

 

Солҳои охир дар дунё ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии сайёраро ноором карда ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Мо кунун қатлу куштор, амалҳои ваҳшиёнарон тавассути телевизон аз гӯшаву канори олам медидем ва бовар намекардем, ки насли одамӣ ба чунин кирдорҳои ваҳшиёна қодир аст. Ангезаи ин ҳаводис имрӯз дар Тоҷикистон низ падидор шуда, бо даъвати ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ ва ДИИШ чанде аз ҷавонони гумроҳ ва манқурти мо даст ба амале заданд, ки миллат дар таърихи худ ёд надорад. Ин ҳодиса давоми мантиқии ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 буда, наҳзатиён дидаву дониста, ба хотири халал ворид намудан ба сулҳу суботи кишвар ба чунин кирдори ваҳшиёна даст заданд. Ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини кишварро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ бетараф набошад.

Ҷавонони моро мебояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории дӯстиву тифоқӣ, ваҳдату ҳамдилӣ саъй варзанд.

 

Бойпоччо Фатҳиддинов, номзади илмҳои техникӣ,

Акрамов Абдуқодир, номзади илмҳои техникӣ,

Алиев Шамшод, номзади илмҳои техникӣ,

Холиқов Мазбут, унвонҷӯй

Чун ҳамасола таҷлили Рӯзи дониш дар литсейи политехникии ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ  хеле хотирмон гузашт. Дар ибтидои чорабинӣ директори литсей Аминова Зебо ҳамаи хонандагон ва устодонро бо оғози соли нави таҳсил табрик намуда, оиди дастовардҳои литсей дар соли сипаришуда суханронӣ намуд ва барои ҷамъомадагон дар пешравии кору хониш бурдбориву камёбиҳо таманно кард. Аз ҷумла қайд гардид, ки муаллими литсей Бобоҷонов Ҷӯрабой ғолиби озмуни муаллими беҳтарини сол гардида бо тӯҳфаи хотиравии Раиси вилоят сарфарозонида шуд. Инчунин толибилмони мактаб дар олимпиадаҳои фаннӣ дар шаҳр , вилоят ва ҷумҳурӣ  ба сазовори мақомҳои  назаррас гардиданд. Литсей боша,д бо заҳмату талошҳои бевоситаи роҳбарият ва кормандон сол аз сол ободу зебо гардида истодааст.  Ҷоизи қайд аст, ки соли равон 17 нафар хатмкунандагони литсей тавассути ММТ ба ДПДТТ дохил шуда, сазовори номи пуршрафи донишҷӯ гардиданд.

Дар вазъияти тантанавӣ хонандагони синфи як ба сафи мактаббачагон қабул гардиданд ва хонандагони синфҳои болои  ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ дода барои идомаи хониши хубу аъло ҳидоят намуданд.

 

 

Зуҳури дини ислом, ки пасон сабаби ташкили давлати муттаҳидаи арабҳо, - Хилофати Араб (622-1258) гардид, дар такдиру сарнавишти бисёр халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон накши муҳим бозид. Ислом, ки ба маънӣ-итоат, тавозӯъ, фармонбардорӣ аст, яке аз динҳои яктопарастии ҷаҳонӣ буда, дар асри VII дар нимҷазираи Арабистон дар муҳити қабилаҳои араб пайдо шудааст. Асосгузори он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (570-632), яъне Муҳаммад пайгамбар шуморида мешавад. Азбаски дар исломи ибтидой гояҳои иҷтимоии бародарӣ, баробарӣ, накӯкорӣ, адолатпарварӣ, шафқату эҳтиром ба якдигар таргибу талқин шуда, зулму тааддӣ, риёкорӣ, дурӯғгӯӣ, ришвахӯрӣ зери тозиёнаи танкид афтида буд, мардуми нимҷазираи Арабистон ва баъдтар қавмҳои эронй хам онро писандида қабул карданд. Манбаъҳои гоявии ислом, қабл аз ҳама дини яҳудй, масеҳй, динҳои қадимаи қабилаҳои араб, зардуштия ва монавия мебошад. Асоси таълимоти дини исломро китоби «Қуръон» ташкил медиҳад. «Қуръон» аз 114 сура (боб) иборат буда, барои мусулмонон китоби муқаддас маҳсуб шуда, пояи асосии дини ислом аст.

     Имрузхо дар зери ниқоби дини ислом хар гуна харакат ва равияхои ифротгаро ва хатто бо ном «давлати исломӣ» пайдо гардида истодааст, ки агар хубтар назар намоем, бо манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ наздикӣ надоранд.

     Чунончи пайдоиши «Давлати исломии Ирок ва Лубнон» дар ибтидои асри ХХI ва аз моҳҳои июн ва июли соли 2013 аз чониби аксарият давлатҳои ҷаҳон маҳкум карда шуд. Забткориҳои босуръати ҳудудҳои Ироқ ва Сурия аз ҷониби давлати бо ном исломӣ, дар нимаи аввали соли 2014, ки он бо ваҳшоният ва вайрон кардани ҳама гуна ҳуқуқҳои башарии инсон гузаронида шуд, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ маҳкум карда шуд.

     Мо низ, халқи тоҷик, ки таърихи қадим ва ибратомӯз дорем, бояд нагузорем, ки ин гуна ҳаракатҳои террористӣ дар олам паҳн шуда, сабаби сар задани ҷанги нави ҷаҳонӣ шавад.

Дилрабо Комилова, мудири кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология,  номзади илмҳои техникӣ,

Анвариддин Муҳиддинов, доктори илмҳои биологӣ, профессор

Раҳимова Алия Раҳимовна, номзади илмҳои химия, дотсент

                                                                                                               

 

 

 

 

Шурӯъ аз санаи 29.08 2018 то 1.09.2018 дар вилояти Суғд дар доираи нақша чорабиниҳои  Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар  Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои СҲШ ва ИДМ таҳти унвони “Тоҷикистон ва роҳи абрешим: таърих ва замони муосир” доир гардид. Дар фестивале, ки дар лагери “Шоҳин” –и шаҳри Гулистон таҳти унвони  “Инноватсия ва иҷтимоиёт” баргузор гардид,  ҷавонон аз ҳафт давлатҳои узви ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) ширкат варзиданд.

Донишкадаи  политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  дар ин фестивал, хаймаи пурмазмуне аз дастовардҳои амалии инноватсионии олимони ҷавони донишкада  оростанд, ки диққати тамошобинонро бештар ҷалб намуд ва иштирокчиёни фестивал ба корҳои инноватсионии олимони ҷавони донишкада баҳои баландро сазовор донистанд. Барои иштирокчиён хоссатан корҳои инноватсионии кафедраҳои дизайн ва меъморӣ, маҳсулоти хӯрока ва агротехнология, сохтмон, низомҳои иттилоотӣ ва барномарезӣ писанд гардид.

Дар конференсияе, ки дар толори истироҳатгоҳи Бонки миллӣ бо иштироки чавонони эҷодкори вилоят ва меҳмонон доир гашт, қайд карда шуд, ки минбаъд ҳамкори байни ҷавонони эҷодкор вусъат ёфта шавад. Шоми 31.08.2018 дар боғи фароғати истироҳатии  К.Хуҷандӣ барномаи фарҳангии рангоранги Шоми ҷавонӣ баргузор гардид.

Бо ҳамин фестивал ба кори худ хотима бахшид.

Аминов Амирхон,

донишҷӯйи курси 4,

 ихтисоси 700201тв

 

 

 Пас аз тамошои филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” парда аз рӯи авомфиребӣ ва дасисакориҳои ҲНИ бардошта шуд. Яке аз фаъолони ҳизб, роҳбари ҲНИ Аёмиддин Сатторов эътироф намуд, ки роҳи интихобкардаи ӯ ва ҳазорҳо нафар аъзо ва пайравони ҳизби ифротиву террористии ҳизби наҳзат хато буд. Зеро тавре аз навор бармеояд, маҳз Аёмиддин Сатторов бо ҳамроҳии “роҳбарияти олии ҳизб” аз ҷумла Саид Абдуллои Нурӣ ва Муҳиддин Кабирӣ халқро алайҳи давлат шӯронида, сабабгори асосии ҷангу хунрезиҳо дар кишвар гардидаанд. Ӯ аз нақшаҳои тарҳрезинамудаи Кабирӣ ва ёронаш ёдовар шуда, баён дошт, ки Кабирӣ пас аз шикаст дар интихоботи соли 2015 барои интиқомҷӯи робитаро бо генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назаров мустаҳкам намуда, барои табадуллоти давлатӣ саъй намуданд. Роҳбари ҲНИ Кабирӣ шахсияти манфиатхоҳ аст ва солҳои сол дар Парлумони кишвар танҳо ғами худу хешовандонашро мехӯрад, агар ҳамин тавр намебуд, ӯ пас аз интихобот хулосаи даркорӣ бароварда, барои пурқувват намудани ҳизби худ мекӯшид, на ин ки барои дубора аланга додани ҷанги шаҳрвандӣ мекӯшид.

 Аёмиддин Саттров эътироф кард,  ки аксарони фаъолони ҳизб парвардагони дасти хоҷагони Эронӣ аст ва ҲНИ як шохаи “Ҳизубллоҳ”-и Эрон аст. Ҳадафи ин ду ҳизб, ки аз як реша об мехӯранд, бунёди ҷомеаи хилофат ва тарғиби шиапарастӣ дар ҷомеа мебошад. Аммо тирашон хок хӯрд. Аз вазъгирии аъзоёни ҲНИ дар ин чанд соли охир ҳаминро хулоса баровардан мумкин, ки онҳо оддитарин мушкилоти ҷомеаро баҳона карда халқро ба кӯи навмедӣ мебаранд ва хатари аз нав оғоз намудани ҷанги бародаркушро ташкил карданианд. Аммо мафкураи имрӯзаи халқ  мисли мафкураи солҳои навадуми асри гузашта нест. Халқ  сиёҳро аз сафед фарқ  мекардагӣ шудааст. Ин мардуми таҳаммулпазир ваҳдату ягонагӣ, сулҳу ормиро беҳтар аз ҳама неъматҳои мавҷудот медонад.

Медонанд, ки саркардагони нобасомониҳое ки дар Ироқ , Сурия, Афғонистон доир шуда истодааст, маҳз намояндагони «қувваҳои исломӣ» ҳастанд. Ин гуна шахсон аз номи Ислом бар зидди Ислом кор бурда истодаанд. Мусулмони ҳақиқӣ ҷамъи мусулмононро ваҳшиёна ба қатл расонда дар як ҷо гӯр намекунанд. Инсони комил, оне, ки ҳатто як сураи оятҳои каломи раббониро аз худ намудааст ва ҳикмати дини мубини исломро, ки покиву адолатпарастриро талқ ин мекунад, ҳаргиз ба ин кор даст намезанад.

Хушбахтона, мардуми покниҳоди кишвари мо, ки дар дарозои таърих тавре дар боло ишора кардем ҳамеша фарҳангро болотар аз ҳама чиз медонисту бар зидди душманон на ба силоҳ, балки бо китоб мебаромад, ин бор низ исбот кард, ки ҷангу хунрезӣ, дасисаву ноадолатиҳоро қабул надорад. Президенти халқпарвар Эмомалӣ Раҳмонро чун такягоҳ ва роҳнамои миллат  қабул кардааст. Зеро кишвари ҷангзадаи мо дар ҳама марҳилаҳо танҳо мурувату осоишро болотар аз ҳама медонанд.

Зафар Раҳмонов,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд